Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Паёми табрикӣ ба муносибати сеюмин солгарди ба имзо расидани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ

26.06.2000 18:00, шаҳри Душанбе

Ҳамватанони азиз!

Дар таърихномаи ҳар миллат саҳифаҳои сабақомӯз ва пурарзише ҳастанд, ки аз икдоми нек ва хирадмандона ба нафъи халқу Ватан башорат медиҳанд ва барои наслҳои минбаъда ҳамчун чароғи ҳидоят хизмат мекунанд. Чунин саҳифаи заррин барои миллати тоҷик рӯзи ба имзо расидани Созишномаи умумӣ дар бораи барқарор кардани сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон низ мебошад, ки пагоҳ сеюмин солгарди он дар саросари кишвар ҷашн гирифта мешавад.

Ин санади таърихӣ, ки 27 июни соли 1997 дар Маскав ба имзо расид, маҳз пайғоми ҷонбахше аз фарорасии сулҳи деринтизор буд. Дар он ормони халқи мо бо каломи ширини Сулҳ ва Ваҳдат таҷассум ёфта, дар як муддати кӯтоҳ ҷомаи амал пӯшидани ин орзу гувоҳи тинати поку сулҳпарвар, фарҳанги сиёсӣ ва заковати баланди мардуми тоҷик аст.

Халқи Тоҷикистон санаи тавлиди ин ҳуҷҷати воқеан сарнавиштсозро ҳамчун сарчашмаи якдилӣ, ҳамдигарфаҳмӣ ва дӯстию рафоқат пазируфт ва он рӯзи муборак дар асоси фармони Президенти ҷумҳурӣ бо номи "Рӯзи ваҳдат" маъмул гардид.

Ба ин рӯзу ба ин санад ихлос кардану меҳр бастани мардуми мо бесабаб нест. Зеро халқе, ки бар асари найрангу фитнаангезин душманони дохилию хориҷӣ гирифтори ҷанги хонумонсӯз гардид, фарзандонашро талаф дод, ранҷ кашид, азоби раҳдурии Ватанро чашид, ба қадри сулҳу салоҳ мерасад.

Сулҳу субот ва ризоияти миллӣ ба халқи тоҷик ба осонӣ муяссар нашудааст. Барои расидан ба ин рӯзи фирӯз моро лозим омад, ки роҳи тӯлонии ноҳамворро тай намоем, мамониатҳои сангинро аз миён бардорем ва мушкилоти гаронро паси сар кунем.

Имрӯз мехоҳам як хақиқати воқеиро, ки қаблан ҳам гуфта будам, бори дигар таъкид намоям. Ҳақиқат ин аст: омили асосии расидан ба сулҳ дар Тоҷикистон аз ниҳод ва замири халқи тоҷик бархоста, ба тафаккури созандаву иродаи шикастнопазир, фитрати баланду дӯстнавозии азалии ин мардум вобаста аст.

Аз оғоз то анҷоми даргириҳо ҳар як фарди миллатдӯсту бедордили тоҷик дар қалби хеш фақат як орзу мепарварид: сулҳу салоҳ ва бо ин васила ба ҳам овардани миллату раҳоии давлати миллӣ аз парокандагӣ ва шикасти ногузир.

Ин аст, ки мо бо ифтихор ва сарфарозӣ мегӯем: ҳарчанд ки душманони миллат оташи ҷангро дар кишвари мо барангехтанд, халқи баору номус, ватандӯст ва сулҳпарвари тоҷик тавонист, ки дар муддати кӯтоҳ забонаҳои оташи ҷангро хомӯш кунад, Ватанро аз вартаи ҳалокат наҷот бахшад, гурезаҳои сарсонро баргардонад ва ба ободонии мамлакат камар бандад.

Баъд аз муқовимати шадид ба даст овардани боварию эътимоди тарафайн ва ҳосил шудани созишу якдигарфаҳмӣ, ба хотири ояндаи давлату миллат, далели қобилияти суннатии тоҷикон дар роҳи миллатсозию ватандорӣ мебошад.

Чунин таҷрибаи дар як фосилаи кӯтоҳ ва бо роҳи мусолиҳатомез ҳал намудани ҷанги гражданӣ дар ягон кишвари дунё то ҳол ба назар нарасида буд.

Мо аз ин беандоза фахр мекунем, ба халқи хеш таҳният мегӯем, вале дар айни замон бояд як чизро ҳаргиз фаромӯш накунем: сулҳ неъмати бебаҳотарин аст ва ҳифзу пойдории он вазифаи ҳаётан муҳим ва қарзи муқаддаси ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон мебошад.

Барқарор шудани сулҳу субот ва ризоияти миллӣ дар сарзамини мо истиқлолияти Тоҷикистонро боз ҳам устувор гардонд, нури умед ба дили мардум роҳ ёфт, Ҳукумати ҷумҳурӣ имконият пайдо кард, ки татбиқи Барномаи иқтисодиро густариш диҳад.

Дастовардҳои соҳаи иқтисодӣ ба ҳамагон маълуманд ва ҳоҷат ба такрор нест. Аммо зикри баъзе иншоотҳо, ки дар шароити кунунӣ омили муҳими пешрафти Тоҷикистон мебошанд, зарур аст. Инҳо бунёди шоҳроҳи Кӯлоб — Қалъаи Хумб — Қулма — Қароқурум, роҳи оҳани Қӯрғонтеппа — Кӯлоб, сохтмони идомаёфтаистодаи нерӯгоҳи барқии Сангтӯда, туннели Анзоб ва ғайра мебошанд. Муваффақиятҳои ба дастомада гувоҳи онанд, ки агар мо саъю кӯшиши худро дареғ надорем, ба комёбиҳои бештар ноил шуда метавонем.

Ҳосил шудани созиш ва эътимоди тарафайн, барқарор гардидани сулҳу субот барои дар муддати нисбатан кӯтоҳ гузаронидани як қатор чорабиниҳои муҳими сиёсӣ, аз ҷумла раъйпурсӣ доир ба ворид намудани тағйироту иловаҳо ба Конститутсия, интихоботи Президент, барӯйхатгирии аҳолӣ, интихоботи Маҷлиси Олӣ дар асоси бисёрҳизбӣ ва ғайра шароити мусоид фароҳам оварданд.

Ба имзо расидани Созишномаи умумӣ дар бораи барқарор кардани сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон аҳамияти бузурги байналхалқӣ низ дорад.

Аз ҳама муҳимаш, ҷомеаи ҷаҳонӣ ба Тоҷикистон чун ба давлате, ки бо роҳи демократӣ пеш меравад, эътимоди ҷиддӣ баст, ташкилоту созмонҳои бонуфузи байналхалқӣ, аз ҷумла Бонки умумиҷаҳонӣ, Фонди байналмилалии асъор, Бонки Осиё, Бонки исломии таракқиёт ва ғайра ҳамкориро бо мо ривоҷ дода истодаанд.

Чанде пеш дар шаҳри Душанбе баргузор шудани вохӯрии роҳбарони кишварҳое, ки ба Ҷомеаи иқтисодии осиёимиёнагӣ шомиланд, далели равшани боло рафтани обрӯ ва нуфузи байналмилалии Тоҷикистони соҳибистикдол мебошад.

Ҳамин тариқ, метавон гуфт, ки Созишномаи умумӣ аз лиҳози аҳамияти фавқулоддаи худ бо Эъломияи истиқлолияти Ҷумхурии Тоҷикистон дар як радиф меистад. Агар Эъломия ба Тоҷикистон ба таври расмӣ истиқлол ва соҳибихтиёрӣ ато карда бошад, пас Созишнома сулҳу суботро дар сарзамини мо таъмин сохт.

Бояд тазаккур дод, ки дар ин марҳила нерӯҳои гуногуни сиёсӣ дар Тоҷикистон пурра дарк намуданд, ки сулҳ ва истиклолият бузургтарин дастовардҳои миллат ҳастанд ва дар баробари ин ду неъмати бебаҳо манфиатҳои маҳдуди ҳизбӣ, гурӯҳӣ ва ғайра мақоми дуввумдараҷа доранд.

Осоиши халқ, рушди давлат, таҳкими пояҳои истиқлолият ва ваҳдати миллӣ, обрӯйи байналхалқии мо, пеш аз ҳама ба таъмини волоияти қонун дар саросари мамлакат вобаста мебошад. Фаъолияти тамоми ташкилотҳои давлатию ғайридавлатӣ, ҳизбҳои сиёсӣ ва созмонҳои ҷамъиятӣ, муассисаҳои динӣ, умуман ҳар як шаҳрванд бояд фақат дар чорчӯбаи Конститутсия сурат гирад. Танҳо дар ҳамин ҳолат, мо метавонем ҷомеаи воқеан демократию мутамаддин бунёд намоем ва сазовори чунин ҷомеа бошем.

Аз ин рӯ, мо бояд ба қавитар шудани сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ ва таъмини волоияти қонун дар сар то сари кишвар муваффақ гардем.

Танҳо дар ҳамин сурат аҳли ҷомеаи ҷаҳон ба мамлакати мо дигар на ҳамчун ба манбаи талошҳои сиёсӣ, балки ҳамчун ба манбаи густариши афкори демократӣ метавонанд нигоҳ кунанд.

Дар остонаи асри XXI аз нав ба ҳам омадану ба сулҳу оштӣ рӯй овардани тоҷикон худ як падидаи нек аст.

Мардуми тоҷик пас аз он ки фоҷиаи сахти миллиро паси сар кард, ҳоло ба шинохти ҳастии хеш оғоз намуда, зарурати вахдати миллӣ ва ҳифзи якпорчагии давлати миллиро беш аз пеш дарк намудааст.

Ин сарчашмаи асосӣ ва омили муҳимтарини пешрафти босуръати ҳар як миллат мебошад.

Аз ин рӯ, мо ин тамоюли некро идома дода, аз он пуштибонӣ мекунем, то дастовардҳои истиқлолият боз ҳам мустаҳкам шаванд ва моро ба қуллаи мурод расонанд.

Ҳар касе, ки ниҳолеро сабзонда бошад, медонад: дарахт соле як бор ҳосил медиҳад. Аммо ниҳоле низ ҳаст, ки ҳамеша меваи ширин ба бор меорад. Ин ниҳол ниҳоли дӯстӣ ва ваҳдат аст. Мо меваи ширини ин ниҳоли сабзондаамонро чашидем, ҷомеаи мо аз он баҳравар гардид ва мо ҳаргиз роҳ намедиҳем, ки дигар теша бар решаи он расад.

Бузургтарин масъалае, ки имрӯз дар назди аҳли башар меистад, ҳифзи сулҳ ва пешгирии ҷангҳои офатбор дар саросари ҷаҳон мебошад. Беҳуда нест, ки бо ташаббуси Созмони Милали Муттаҳид соли 2000-ум Соли фарҳанги сулҳ эълон шудааст.

Вобаста ба ин мехоҳам оид ба масъалае, ки то ҳанӯз боиси ташвишу изтироби мо мебошад, яъне қазияи Афғонистон изҳори ақида намоям. Зиёда аз 20 сол мешавад, ки қаламрави кишвари мазкур дар оташи ҷанги дохилӣ месӯзад.

Бо истифода аз фурсат бори дигар таваҷҷӯҳи кишварҳои минтақа ва умуман ҷомеаи ҷаҳониро ба ин масъала ҷалб месозам.

Афғонистонро бо фоҷиаи худаш танҳо гузоштан мумкин нест. Баръакс, аз тамоми имкониятҳо истифода бурда, коре бояд кард, ки оташи ҷанг дар ин сарзамин хомӯш гардад. Ба ибораи дигар, ба масъалаи Афғонистон ҳамчун масъалаи сулҳу суботи минтақа ва ҷаҳон муносибат бояд кард.

Мо дар оғози марҳилаи бузургтарини таърихи инсоният қарор дорем ва вақти он расидааст, ки бани одам идораи хирадмандонаи сайёраро омӯзад. Умеди мо бар он аст, ки асри нав давраи бунёдкориву созандагӣ, корнамоиҳои беназири меҳнатӣ, кашфиётҳои беамсоли илмӣ ва тараққиёти босуръати инсоният мегардад.

Хушбахтона, мо дар кишвари худ барои сулҳи пойдор ва ҳаёти осоиштаи ҷомеа заминаи боэътимод гузошта тавонистем, вале агар мо хоҳем, ки мамлакати мо ҳамвора тараққӣ карда, ба сафи давлатҳои пешқадами дунё ворид гардад, наслҳои ояндаамон зиндагии сазовор дошта бошанд ва аз падарону модарони худ ба некӣ ёд кунанд, бояд ҳаргиз ба халалдор шудани сулҳу субот роҳ надиҳем ва бақову пойдории давлати миллиро пайваста таъмин намоем.

Ин, пеш аз ҳама, аз дилу нияти пок, азму талоши гарм ва меҳнати фидокоронаи тамоми шаҳрвандони Тоҷикистони азизамон вобаста аст.

Рӯзи сулҳу вахдатро, ки иди умумимиллии мост, ба ҳамаатон табрик мегӯям, дӯстони азиз!

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520