Идомаи суҳбати созандаи сатҳи олӣ зимни музокироти расмӣ бо иштироки ҳайатҳои расмии ду ҷониб ҷараён гирифт.
Дар мулоқоту музокироти сатҳи олӣ маҷмӯи васеи масоили вобаста ба густариши робитаҳои сиёсӣ, иқтисодию тиҷоратӣ, илмию маърифатӣ ва фарҳангӣ баррасӣ шуда, тавофуқоти зиёд ҳосил гардид.
Ду кишвари дӯст тасмим доранд, ки ҳамгироии худро дар масоили таъмини амнияту суботи минтақавӣ, экология ва ҳифзи муҳити зист, истифодаи босамари захираҳои обию энергетикӣ ва пешгирӣ аз тағйирёбии иқлим густариш диҳанд.
Густариши ҳамкорӣ дар соҳаҳои энергетика ва нақлиёт аз самтҳои стратегии ҳамкории иқтисодию тиҷоратӣ номида шуд.
Ду ҷониб ба мувофиқа расиданд, ки фаъолияти комиссисяи байниҳукуматӣ доир ба ҳамкории иқтисодию тиҷоратӣ ва илмию техникӣ ва Шӯрои соҳибкории ду кишвар ҷоннок карда шавад.
Тибқи масъалагузориҳои Президенти Тоҷикистон, ки аз ҷониби Президенти Туркманистон пазируфта шуд, ояндаи наздик миёни Душанбею Ашхобод бояд хатсайри мустақими ҳавоӣ боз гардад, шумораи квотаҳои президентии ду кишвар барои таҳсили донишҷӯён дар муассисаҳои таҳсилоти олии ҳамдигар афзун гардад. Минбаъд донишҷӯёни тоҷик дар Донишгоҳи байналмилалии нафту гази Туркманистон ҳам таҳсил хоҳанд кард. Масъалаи рафтуомади бераводиди дорандагони шиносномаҳои хизматӣ низ ҳалли худро меёбад. Робитаҳо дар соҳаи тандурустӣ ва саноати тиббӣ низ густариш хоҳанд ёфт.
Гурбонгулӣ Бердимуҳаммадов аз Эмомалӣ Раҳмон даъват намуд, ки моҳи декабри соли равон ба Ашхобод барои иштирок дар тантанаҳои 20-солагии эълони “Бетарафии доимии Туркманистон” ташриф биёрад.
Эмомалӣ Раҳмон дар навбати худ аз Гурбонгулӣ Бердимущаммадов даъват намуд, ки ба Тоҷикистон бо сафари расмӣ ташриф биёрад. Ҳарду даъват бо хушнудӣ пазируфта шуд.
Аз рӯи натиҷаҳои мулоқоти музокирот 5 санади нави ҳамкорӣ ба имзо расид:
Сипас сарони ду давлат Эмомалӣ Раҳмон ва Гурбонгулӣ Бердимуҳаммадов бо изҳороти матбуотӣ ба хабарнигорони дохилию хориҷӣ муроҷиат карда, ба натиҷаҳои мулоқоту музокироти сатҳи олӣ баҳои баланд доданд. Аз ҷумла тазаккур дода шуд, ки кунун муносиботи ду кишварро беш аз 75 санади ҳамкорӣ танзим хоҳанд кард.