Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқот бо Дабири кулли Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ (СААД) Николай Бордюжа

18.08.2015 18:46, шаҳри Душанбе

Имрӯз Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон Дабири кулли Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ (СААД) Николай Бордюжаро ба ҳузур пазируфт.

Дар мулоқот масоили вобаста ба раёсати Тоҷикистон дар Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ, омодагӣ ба ҳамоиши навбатии сарони давлатҳои аъзои ин созмон, ки моҳи сентябри соли равон дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад ва дигар мавзӯъҳои мавриди таваҷҷуҳ баррасӣ шуд.

Николай Бордюжа ба муҳтаво ва ҷараёни раёсати Тоҷикистон дар СААД баҳои баланд дода, аз ҷумла изҳори бовар намуд, ки ҳамоиши навбатии сарони давлатҳои аъзои ин созмон дар шаҳри Душанбе натиҷаҳои умедбахш хоҳад овард.

Гуфтугӯйи судманд доир ба рафти иҷрои қарори сарони давлатҳои аъзои СААД аз 23 сентябри соли 2013 доир ба расондани кумаки фаврӣ ба Тоҷикистон барои пурзӯр намудани ҳифзи сарҳади давлатӣ бо Афғонистон сурат гирифт.

Ҳамчунин доир ба авзои кунунӣ ва ояндаи Афғонистон ва дигар минтақаҳои доғи ҷаҳон, тақвияти муборизаи муштарак бо густариши терроризму ифротгароӣ ва дигар таҳдиду хатарҳои минтақавию ҷаҳонӣ табодули назар карда шуд.

Изҳори бовар карда шуд, ки тадбирҳои тарҳрезишудаи муштараки кишварҳои аъзои Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ барои нигоҳ доштани фазои эътидолу субот дар минтақа нақши муассиру судбахш хоҳад гузошт.

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520