Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Таъиноти кадрӣ дар Сарраёсати Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ

14.08.2015 11:22, шаҳри Душанбе

Имрӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон як катор кадрҳоеро, ки дар Сарраёсати Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вазифаҳои пурмасъулият таъин гардиданд, ба ҳузур пазируфт.

Абдураҳмон Азимов - бо сабаби ба нафақа баромаданаш аз вазифаи Сардори Омӯзишгоҳи олии сарҳадии Сарраёсати Қӯшунҳои сарҳадӣ озод гардид.

Назиров Сафаралӣ аз вазифаи муовини Сардори Сарраёсати Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон озод гардида, ба вазифаи Сардори Омӯзишгоҳи олии сарҳадии Сарраёсати Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардид.

Ҷаъфарзода Муҳаммад Ҳайдар аз вазифаи муовини Сардори Сарраёсати Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба корҳои тарбиявӣ-сардори раёсати корҳои тарбиявӣ озод гардида, Сардори раёсати Қӯшунҳои сарҳадии Сарраёсати Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд таъин гардид.

Ҳамчунин Сардорони раёсатҳои қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва вилояти Хатлон таъин гардиданд.

Ба вазифаҳои сардорони отрядҳои як қатор гузаргоҳҳои сарҳадӣ ва нуқтаҳои дидбонгоҳҳои Сарраёсати қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияҳои Мастчоҳ, Ғончӣ, Ашт ва Истаравшани вилояти Суғд афсарони соҳибтаҷрибаву корозмуда таъин карда шуданд.

Бо мақсади тақвияти мубориза бар зидди ҳамагуна зуҳуроти номатлуби имрӯзаи ҷомеаи ҷаҳониро фарогирифта Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз роҳбарони дидбонгоҳҳои сарҳадии Ишкошим, Шӯрообод, Панҷ, ки тоза ба вазифаҳои пурмасъулият таъин гардиданд, талаб намуд, ки дар ҳифзи марзу буми Ватан ҳушёру зирак бошанд ва ҳар як ваҷаб хоки диёрро аз рӯи садоқат ба давлату миллат ҳифз намоянд.

Роҳбарони марказҳои таълимии “Ҳалқаёр” ва “Лангар” низ аз ҳисоби афсарони ҷавону корозмуда таъин гардиданд.

Қобили зикр аст, ки ҳамаи кадрҳое, ки имрӯз ба вазифаҳои роҳбарӣ дар Сарраёсати Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардиданд, баъди хатми донишгоҳҳои мамлакат ду маълумоти олиро дар донишгоҳу донишкадаҳои соҳавиро дар хориҷи кишвар, аз ҷумла Федератсияи Россия ва Қазоқистон бо дарёфти дараҷаи баланди тахассусӣ хатм намудаанд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз авзои номӯътадили давлати ҳамсояи Афғонистон, задухурду муқовимати гурӯҳҳои ифротгаро ва террористӣ бо сохторҳои қудратии ин давлат Афғонистон дар наздикиҳои сарҳади Тоҷикистон ёдовар шуда, аз ҳар як роҳбари ниҳод бо қотеъият назорати шабонарӯзӣ, таъмини амният ва осоиши мардумро талаб намуд.

Дар баробари вазъи хуби таъминоти моддию техникӣ ва таҷҳизоти муосири нигоҳубини сарҳад Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуд, ки дар баробари ташкили хуби таъминоти моддию техникии ва таҷҳизоти муосири нигоҳубини сарҳад ба ташкили хоҷагиҳои ёрирасон, истифодаи мақсадноки заминҳои ҳудуди қисмҳои низомӣ ва корҳои ободонию ниҳолшинонӣ диққати махсус дода шавад.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520