Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Суханронӣ дар маросими бошукӯҳи таҷлили ҷашни 2700-солагии шаҳри Кӯлоб

10.09.2006 19:00, шаҳри Кӯлоб

Ҳамватанони азиз!
Ҳозирини мӯҳтарам!
Меҳмонони арҷманд!

Бо ифтихору шукргузорӣ аз соҳибдавлативу давлатдории миллати куҳанбунёдамон, ки ба шарофати он мо имрӯз ба бузургдошти таъриху фарҳанги оламшумули худ имконияти густурда пайдо кардаем, ба ҳамаи шумо ва тамоми мардуми шарифу сарбаланди кишварамон Рӯзи истиқлолияти давлатӣ, Соли бузургдошти тамаддуни ориёӣ ва ҷашни 2700-солагии шаҳри бостонии Кӯлобро муборакбод мегӯям.

Воқеан, аз баракати истиқлолият мо имрӯз барои бузургдошту пос доштани таърих ва фарҳанги пурғановатамон имкон пайдо намудаем. Дар остонаи иди бузурги миллиамон, яъне Рӯзи истиқлолияти давлатӣ таҷлил гардидани ҷашни Кӯлоби бостонӣ нишони хештаншиносиву худогоҳии мардуми мост.

Маҳз дар натиҷаи шинохти асли худ ва аз арзишҳои милливу умумибашарӣ бархурдор гардидани мо ҳисси ватандӯстиву ватанпарастӣ ва ифтихору ҳуввияти миллиамон боло гирифта, моро беш аз пеш ба таҳкими ваҳдату иттиҳод, созандагиву бунёдкорӣ ва ободсозии Ватани азизи худ ҳидоят мекунанд.

Ҷашни 2700-солагии шаҳри Кӯлоб иди таъриху фарҳанг аст. Тавре борҳо таъкид намудаем, аҷдодони мо, ки ориёитаборанд, маҳз ба шарофати истеъдоди тамаддунсозиву шаҳрдорӣ, сарфи назар аз гирудору тохтутозҳои ҳазорсолаи аҷнабиёни истилогар ҳастии миллати худро бо фарҳангу забони шевои тоҷикӣ ва бунёди шаҳрҳо эмин нигоҳ доштаанд.

Ва аз умқи ҳазорсолаҳо ба мо аз худ осори сершумору гаронбаҳои адабиёту фарҳанг ва ёдгориҳои зиёди меъмории таърихиро ба мерос гузоштаанд, ки ин ҳама аз қобилияти баланди фарҳангофариву шаҳрсозии миллатамон шаҳодат медиҳанд.

Манбаъҳои таърихӣ собит менамоянд, ки тоҷикон аз ҷумлаи халқҳои қадимтарини дунё буда, бо шаҳрсозиву шаҳрдории худ дар инкишофи тамаддуни башарӣ саҳми арзанда доранд. Дар қатори даҳҳо шаҳрҳои бостонии Осиёи Марказӣ, ки бо маҳорат ва завқи баланди шаҳрсозии ниёгони мо бунёд шудаанд, шаҳрҳои куҳани қаламрави Бохтару Хатлони қадим маҳсули заҳмату ҳунар ва санъати волои меъмории онҳо буда, дар таърихи миллати мо нақши муҳимро касб кардаанд.

Аз тадқиқотҳои бостоншиносон бармеояд, ки сарзамини аҷдодии мо - Ария вейҷаҳи авастоӣ дар замони қадим ду соҳили Амударёро дар бар мегирифтааст. Ҳамзамон ёдгориҳои таърихӣ ва шаҳрҳои қадимае, ки дар ду соҳили он кашф гардидаанд, ба ин гувоҳӣ медиҳанд.

Қаламрави кунунии минтақаи Кӯлоб ва водии Вахш дар соҳили Амударё ҷой гирифта, ҳанӯз аз даврони шаклгирии ҷомеаи ибтидоӣ бошишгоҳи одамон буд. Бозёфтҳо ва як қатор ёдгориҳои бостонии мансуб ба давраҳои неолит, асри биринҷӣ ва қарнҳои VII-VI пеш аз мелод, ки дар ҳудуди шаҳри имрӯзаи Кӯлоб ва ноҳияҳои Вахшу Қубодиён, аз ҷумла Аҷинатеппаву Тахти сангин пайдо карда шудаанд, бозгӯи таърихи ниҳоят куҳани онҳо мебошанд.

Дар маълумоти ҷуғрофии асрҳои IX-XII дар қатори 12 шаҳри Хатлон номи Искандара, ки ба замони Юнону Бохтар мансуб аст, зикр шудааст. Шаҳри Искандара яке аз номҳои қадимии Кӯлоб мебошад ва дар асрҳои III-I пеш аз мелод ва I-VII мелод ҳамчун шаҳр дорои масоҳати калон буд.

Дар ҷараёни ҷустуҷӯйҳои археологӣ, омӯзишу тадқиқотҳо, ки солҳои охир сурат гирифтанд, шаҳри қадима ва маҳсули тамаддуни давлати Каёниён будани Кӯлоб низ муайян ва собит гардид.

Дар марҳилаҳои гуногуни таърихӣ Кӯлоб ҳамчун як қисми таркибии Хатлонзамин дар равандҳои сиёсиву иҷтимоӣ ва фарҳангии Хуросону Мовароуннаҳр нуфузу эътибори амиқ дошт.

Дар асрҳои IX-X Хатлон, ки ҳудудаш аз қаламрави вилояти имрӯза хеле васеъ буд, яке аз вилоятҳои калонтарин ва дорои шаҳрҳои зиёди Хуросони бузург ба шумор мерафт. Аз ҷумла, танҳо дар ҳудуди минтақаи Кӯлоби имрӯза бо номҳои Искандара, Ҳулбук, Тамлиёт, Мунк, Маранд, Андичароғ, Форғар, Рустоқбек, Корбанг, Борсориғ як қатор шаҳрҳои ободу зебо вуҷуд доштанд, ки ҳоло аз онҳо дар ноҳияҳои кунунии Кӯлоб, Восеъ, Данғара, Ховалинг, Ҳамадонӣ, Фархор ва Балҷувон нишонаҳо ва ёдгориҳои беназири бостонӣ боқӣ мондаанд. Аз тадқиқоти бостоншиносон бармеояд, ки ин ёдгориҳои таърихӣ ба ҳамаи давраҳои гузаштаи инкишофи инсоният тааллуқ доранд.

Дар миёни ҳамаи шаҳрҳои қадимии ин сарзамин дар гузашта шаҳри Ҳулбук, ки маркази Хатлон маҳсуб меёфт ва ҳоло аз он як маҷмааи бузурги таърихӣ боқӣ мондааст, мақоми хоса дошт.

Қасри шоҳони Ҳулбук бо сабки хос ва маҳорати баланди меъморӣ бунёд ёфта, дорои иншооти мудофиавӣ, ҳуҷраҳои зист, толорҳои маъмурӣ, шабакаи гармидиҳӣ, таъминоти об, хатҳои интиқоли партов буданд, ки ин ҳама аз санъати беназири шаҳрдориву шаҳрсозии мардуми тоҷик гувоҳӣ медиҳад.

Дар ободкорӣ ва ҳифзи сарзамини худ гузаштагони мо ҳамеша бо эҳсоси баланди ватандӯстӣ муносибат доштанд.

Далелҳои таърихӣ шаҳодат медиҳанд, ки мардуми Хатлон, аз ҷумла Ҳулбук бо дарки амиқи моҳияти Ватан ва ҷасорати хос ба ҳуҷумҳои ғосибонаи дастаҳои пурқудрати ҷангии Искандари Мақдунӣ ва дигар истилогарони аҷнабӣ муқобилиятҳои шадид карда, онҳоро борҳо ба ақибнишинӣ ва шикаст водор кардаанд.

Дар замири мардуми мо меҳру муҳаббат нисбат ба Ватан аз азал ҷой гирифтааст ва тавассути андешаву ғуруру ифтихори миллӣ, тавре ки зикр шуд, на танҳо забону адабиёту фарҳанги хешро густариш доданд, балки бо асолати тамаддунсозиву бунёдкорӣ ҳастии миллат ва нигоҳдории сарзамини аҷдодии худро таъмин карда тавонистанд.

Маҳз ба шарофати чунин хислатҳои азалӣ ва талошу муборизаҳои ватандӯстонаву истиқлолхоҳӣ миллати мо дар асри IX бар хилофи ниятҳои истилогарони аҷнабӣ, ки мехостанд ҳисси ватанпарастиву фарҳангдӯстӣ, ифтихору ҳуввияти миллии тоҷиконро барбод дода, мақому манзалати забони тоҷикиро паст намоянд, соҳиби давлати хеш гардид.

Дар давраи давлатдории тоҷикон, яъне аз асри IX то ибтидои асри XI, ки он дар таърих бо номи давлати Сомониён маълум аст, дар қаламрави Хуросону Мовароуннаҳр созандагиву бунёдкорӣ, ободонӣ, пешрафти шаҳрсозиву шаҳрдорӣ, инкишофи адабиёт, илму фарҳанг ва беҳбудии вазъи иҷтимоии мардум аҳамияти хоса ва суръату сифати бесобиқа пайдо карда буд.

Аз баракати давлати Сомониён дар сарзамини Хатлон низ, ки як ҷузъи қаламрави он ба ҳисоб мерафт, иқтисодиёту иҷтимоиёт, хусусан илму маориф, адабиёт ва фарҳанг рӯ ба инкишоф оварда буданд.

Дар мавриди ҳисси баланди ватандӯстиву ватандорӣ, истиқлолхоҳиву ҳуввияти миллии мардуми Хатлон мехостам хотирнишон намоям, ки аз оғози асри XI агар дар минтақаҳои дигари сарзамини таърихии тоҷикон ҳокимият ба дасти истилогарон гузашта бошад, пас дар Хатлон то асри XV он таҳти идораи ҳокимони маҳаллӣ қарор дошт. Яъне анъанаи давлатдории тоҷикон, ба истиснои баъзе ҳолатҳо, дар Хатлон то мағлубияти темуриён давом ёфта буд.

Ин далели таърихӣ шаҳодат медиҳад, ки мардуми тоҷик сарфи назар аз забт гардидани Ватани худ ва таҳти фишору мағлубияти аҷнабиён қарор доштанаш, на танҳо рӯҳи истиқлолхоҳиро гум накард, балки то ҳадди имкон аз истиқлолияти давлатии худ даст накашида, онро ҳимоя намудааст.

Маҳз дар натиҷаи баланд будани рӯҳи истиқлолхоҳии тоҷикон дар қаламрави Кӯлоби бостонӣ дар давраҳои гуногуни таърихӣ муборизаҳои озодихоҳона, аз ҷумла исёни ҳокими Хатлон - Мирка ба муқобили амир Темур, шӯриши сӯфиён таҳти роҳбарии Хоҷа Исҳоқи Хатлонӣ, набардҳои озодибахши ҳокими Кӯлоб - Сарабек, шӯришҳои деҳқонон дар Мӯминободу Ховалинг ва шӯриши Восеъ ба вуқӯъ омада, бо вуҷуди ба шикаст дучор шуданашон ғосибону давлатдорони аҷнабиро аз ҳисси ватандӯстиву ватанпарастӣ ва озодиву истиқлолхоҳии худ ҳушдор карда буданд.

Аз миёни ҳамаи ин ҳаракатҳо махсусан шӯриши мардум бо сарварии Восеъ нидои шӯҳратёфтаву таърихии ватандӯстона ва истиқлолхоҳии миллати тоҷик гашта буд.

Аз ин рӯ, Восеъ дар қатори Муқаннаъ ва Темурмалик дар таърихи миллати куҳанбунёди мо ба ҳайси қаҳрамони халқ эътироф ва шинохта шудааст. Мо имрӯз бо ном ва кору пайкори чунин фарзандони бонангу номуси миллати худ, ки барои озодӣ, истиқлолият ва ҳифзи Ватани аҷдодӣ ҷонфидоиҳо кардааанд, ифтихор менамоем.

Дӯстони азиз!

Дар бораи шуғли асосии мардуми қаламрави Кӯлоб дар тамоми давраҳои гузаштаи таърихӣ ва саҳмашон дар густариши адабиёту фарҳанги тоҷику форс бояд зикр кард, ки онҳо ҳамеша бо заҳматдӯстиву ҳунармандӣ ва завқи баланди эҷодиву маънавии худ шӯҳрати хоса доштанд.

Мувофиқи маълумоти дар китоби "Таърихи Ҳумоюн" дарҷнамудаи Муҳаммадсодиқи Гулшанӣ ба шарофати рушди ҳунармандиву тиҷорат корвонсаройҳои зиёди Кӯлоб ҳамеша аз бозаргонон ва молу амволи содиротиву воридотӣ пур будаанд.

Дар асоси нигоштаи устод Садриддин Айнӣ бошад матои алоча фақат маҳсули дасти ҳунармандони Кӯлоб буда, либоси аз он дӯхташуда хоси сарватмандони Бухоро гардидааст. Дар баробари ин шуғли гулдӯзиву куртаи чакан, ки маҳз дар ҳамин сарзамини бостонӣ ба вуҷуд омада, густариш ёфтааст, намунаи олии ҳунар ва либоси миллии занони тоҷик мебошад.

Доир ба ҳаёти адабии Кӯлоб зикр намудан бамаврид аст, ки эҷодиёти намояндагони ин сарзамин ҷузъи барҷастаи адабиёти тоҷику форс мебошад. Зеро донишмандон ва шоирону адибони тамоми давраҳои таърихии он бо эҷодиёти баландғояи худ дар инкишофи илм ва адабиёт саҳми сазовор доранд.

Хусусан маҳсули эҷоди Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, Мавлоно Одил, Бисмил Мулло Бурҳон, Мирзо Раҷаб, Маҳмудхоҷаи Балҷувонӣ, Шамсиддин Шоҳин, Ҳоҷӣ Муҳаммадҳусайни Кангуртӣ ва бисёр дигарон дар адабиёти тоҷику форс мақому манзалати баландро касб кардаанд.

Онҳо аз рӯйи тамоми жанрҳои адабӣ асарҳои ҷолибу дилангез офаридаанд, ки дар қатори дурдонаҳои адабиёти классикии тоҷику форс қарор гирифтаанд.

Яке аз чеҳраҳои шинохтаи илму адаби Кӯлоб донишманду шоири бузург ва орифи шарқ Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ мебошад, ки ӯ ҳанӯз дар асри XIV дар атрофи худ донишмандон ва адибонро ҷамъ оварда, дар минтақа ба инкишофи илму адаб ҳусни оғоз бахшидааст.

Дар асоси таҳқиқотҳои илмӣ муайян шудааст, ки аз оғози асри XVIII доираи адабии Кӯлоб тадриҷан тавсеа ва инкишоф ёфта, дар марҳилаи минбаъда бештар аз чил нафар шоиру нависандагон ва олимон ба арсаи адабиёт омадаанд. Онҳо бо эҷодиёти ҷолиби худ дар густариши муҳити маънавӣ ва ғанӣ гаштани адабиёту фарҳанги тоҷик хизмати босазо кардаанд.

Аз ҷумла, зодаи ин диёри бостонӣ Мавлавӣ Холмуҳаммади Хаста, ки баъди таҳсил дар Бухоро ҳаёти худро дар Афғонистон гузаронидааст, бо маҳсули эҷоди худ адиби маъруф ва шахси машҳури ин кишвар гашта буд. Нигоштаҳои ӯ дар адабиёти тоҷику форс мавқеи сазовор доранд.

Саҳми адибони Кӯлобро дар густариши илму адаб зикр карда, мехоҳам хотирнишон намоям, ки санъати нодири фалаксароӣ маҳсули тахайюлоти бадеии мардуми кӯҳистон буда, он дар ташаккули суруду мусиқии суннатии мо - тоҷикон дастоварди барҷастаи фарҳангӣ мебошад. Дар таҳкими пояҳои он, ки дар баробари "Шашмақом" як рукни муҳими фарҳанги миллист, мардуми Кӯлоб низ нақши қадима дорад.

Боиси қаноатмандист, ки дар давраи соҳибистиқлолиятии давлатамон мо ин рукнҳои фарҳанги худро на танҳо эҳё, балки то андозае густариш ва тақвият додем. Зеро онҳо дар баробари ёдгориҳои таърихи қадима аз миллати куҳанбунёду фарҳангофарини мо мероси ҷовидона ва нишонаҳои дурахшандаву тобнок мебошанд. Аз рӯ, бояд ҳар як фарди тоҷик бо санъати беназири "Шашмақом"-у "Фалак" ифтихор дошта бошад.

Ҳозирини мӯҳтарам!

Тавре ки борҳо таъкид доштем, ҳадафи давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон тавассути ҷалб намудани таваҷҷӯҳи мардуми кишвар ба таърихи гузаштаи миллати хеш ва таҷлили ҷашнҳои таърихӣ баланд бардоштани ҳисси худшиносиву худогоҳӣ, ватандӯстиву ватанпарварӣ ва бо тақвият додани созандагиву бунёдкорӣ обод гардонидани ҳар як гӯшаву канори Ватани азизамон мебошад.

Ба шарофати ҷашни 2700-солагии шаҳри бостонии Кӯлоб, ки баъди қабул шудани Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи баргузории ҷашни 2700-солагии шаҳри Кӯлоб" дар он созандагиву бунёдкорӣ вусъати тоза пайдо кард, имрӯз симои шаҳр ба кулли дигаргун ва ободу зебо гардид.

Бояд зикр намуд, ки дар доираи омодагӣ ба таҷлили ҷашни имрӯза аз ҳисоби буҷети давлатӣ ва маблағҳои вазорату идораҳои ҷумҳурӣ, вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо, инчунин соҳибкорони алоҳида дар маҷмӯъ дар шаҳр зиёда аз 120 иншооти хурду калон сохта, ба истифода дода шуд.

Иштироки намояндагони шаҳру ноҳияҳои мамлакат дар ободонии Кӯлоб нишони муттаҳидии миллат ва пойдору устувор гардидани ваҳдати миллист, ки дар шароити имрӯзаи ҷаҳони мутамаддин барои давлати соҳибистиқлоли мо аҳамияти ниҳоят хоса доранд.

Аз фурсати муносиб истифода бурда, ба ҳамаи онҳое, ки дар давоми се сол дар созандагиву бунёдкорӣ ва ободонии шаҳри Кӯлоб ширкат карда, саҳмгузор гаштаанд, миннатдорӣ ва арзи сипос менамоям.

Воқеан солҳои охир дар шаҳри Кӯлоб ва умуман вилояти Хатлон бо иқдоми Ҳукумати мамлакат таҳаввулоту дигаргунсозиҳои бузурге ба вуҷуд омаданд, ки мардуми мо онҳоро дар гузашта танҳо орзу мекарданд. Қабл аз ҳама, бо бунёд намудани роҳи оҳани Қӯрғонтеппа-Кӯлоб, роҳи мошингарди Кӯлоб-Қалъаи Хумб-Хоруғ-Кулма ва ба меъёрҳои байналмилалӣ мутобиқ гардонидани фурудгоҳи ҳавоӣ мо тамоми шаҳру ноҳияҳои минтақаро аз бунбасти коммуникатсионӣ баровардем.

Дар натиҷаи тадбирҳои андешидаи Ҳукумат ҳоло барои ба як маркази бузурги саноативу тиҷоратӣ ва туристии Тоҷикистон мубаддал гардидани шаҳри Кӯлоб тамоми шароитҳои мусоид фароҳам оварда шудаанд.

Дар айни замон барои аз Кӯлоб бо тайёраву қатораҳо ба дигар шаҳрҳо ва кишварҳо сафар кардан ё содироту воридоти молу маҳсулот ягон монеа вуҷуд надорад.

Ҳамчунин шоҳроҳи тозабунёди мошингард, ки Кӯлоб ва дар маҷмӯъ Тоҷикистонро бо кишварҳои Чину Покистон мепайвандад ва роҳи навтаҷдиди Душанбе-Қӯрғонтеппа-Кӯлоб дар хизмати мардум аст.

Илова бар ин, бо мақсади бехавф ва кам кардани мӯҳлати ҳаракати нақлиёт дар роҳи мошингарди Душанбе-Ваҳдат-Данғара-Кӯлоб чанде пештар ба бунёди нақби "Шаршар" низ шурӯъ кардем, ки он дар се сол сохта, ба истифода дода мешавад. Ҳамчунин сохтмони нақби Чормағзак, ки дарозиаш зиёда аз 4 километрро ташкил медиҳад, оғоз хоҳад ёфт.

Дар ояндаи наздик бошад, бо амалӣ гардидани навбати сеюми сохтмону азнавсозии роҳи автомобилгарди Душанбе-Саритош, ки чанде қабл ба марҳилаи дуюми таҷдиди он оғоз бахшидем, аз Кӯлоб ба Қирғизистон ва аз тариқи он ба Қазоқистону Россия роҳи мошингард кушода хоҳад шуд. Ҳамзамон барои фароҳам овардани робитаи нақлиёти автомобилӣ бо кишвари дӯсту бародари Афғонистон дар оянда дар ноҳияҳои Фархору Шӯрообод бунёди пулҳо дар дарёи Панҷ дар назар дошта шудаанд.

Дар баробари ба вуҷуд овардани имкониятҳо ҷиҳати рафтуомади бемамонияти нақлиёт, аз ҷумла ҳавоӣ, роҳи оҳан ва автомобилӣ ба дигар кишварҳо, ки дар шароити иқтисоди бозорӣ ба субъектҳои хоҷагидорӣ ниҳоят зарур аст, барои рушди тамоми соҳаҳои иқтисодӣ ва иҷтимоии шаҳр низ заминаҳои мусоид ба миён омадаанд.

Аз ҷумла, солҳои охир бунёд ёфтани як қатор корхонаҳои саноатӣ, ки ба шарофати онҳо зиёда аз 1400 нафар сокинони шаҳр соҳиби ҷойи кор гардида, 46 намуди маҳсулоти саноатӣ истеҳсол карда мешавад ва мавриди татбиқ қарор ёфтани барномаҳои ҳукуматӣ дар соҳаи кишоварзӣ на танҳо ба пешрафти иқтисодӣ, балки ба баланд гардидани сатҳи зиндагии аҳолӣ низ мусоидат менамоянд.

Барои тараққиёти минбаъдаи шаҳр ва ба маркази калони саноативу тиҷоратӣ, сайёҳӣ, инчунин муттаҳидкунандаи нерӯҳои ақлониву фарҳангии минтақа табдил ёфтани Кӯлоб бояд дар баробари мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ҳар фарди худогоҳу худшинос ва ватандӯсту ватанпарасти асил аз мавқеи худ кӯшишу талош намояд.

Фаромӯш набояд кард, ки аҷдодони гузаштаамон аз худ ба мо ёдгориҳои гаронбаҳои меъмориву таърихӣ, илмиву адабӣ ва фарҳангиро ба мерос гузошта, аз насл ба насл моро ҳамеша ба ваҳдату дӯстӣ, ҳусни тафоҳум, ободкориву созандагӣ, меҳнат кардан, омӯзишу донишандӯзӣ, риояи одобу ахлоқи ҳамида талқин кардаанд.

Рисолати имрӯзаи мо - ворисони қавмҳои ориёӣ ва сомониёни бузург, ки ба ормони чандинасраи ниёгони худ расида, ба давлатдории миллатамон мушарраф гардидаем, баробари таҳкими истиқлолияти давлат, шукуфоии миллат ва рушду ободии Ватани азиз ба ояндагон бо таровати хосу тозаи маънавӣ боқӣ гузоштани дастоварду арзишҳои волои милливу фарҳангӣ мебошад.

Бо дарназардошти ҳамин асолату рисолати азалии миллӣ ба ҳар фарди хурду бузурги Тоҷикистон, ҳамзамон ба мардуми сарбаланди Кӯлоб зарур аст, ки бо эҳсоси гарми ватандорӣ ва ифтихор аз давлату давлатдории миллати хеш дар марҳилаи созандагиву бунёдкории Ватанамон фаъолона ширкат намуда, барои дар пешрафти тамаддуни умумибашарӣ саҳми бештар гирифтани миллатамон ва боз ҳам афзун гардидани обрӯву нуфузи давлатамон дар арсаи байналмилалӣ кӯшишу талош дошта бошанд.

Мо умедворем, ки бо кору пайкори созанда ва иқдому талошҳои арзандаву дастҷамъонаи мардуми Хатлон ва фарзандони бонангу номуси он дар ояндаи наздик шаҳри бостонии Кӯлоб ба шаҳри ҳақиқии саноату тиҷорат ва сайёҳат табдил ёфта, боз ҳам шукуфон ва шӯҳратёр мегардад.

Ҳамчунин бо хираду заковати зиёиён он ба монанди давраҳои пешин ҳамчун маркази пешрафтаи илму адаб ва фарҳанги миллатамон мақом ва мавқеи сазовор пайдо менамояд.

Бо ҳамин умедҳои нек бори дигар шуморо - ҳамватанони азиз, бо ҷашнҳои пуршукӯҳи истиқлолияти давлатӣ, Соли бузургдошти тамаддуни ориёӣ ва 2700-солагии Кӯлоб табрику муборакбод гуфта, ба ҳамаатон рӯзгори хушу осуда ва барори кору зиндагӣ орзумандам!

Саломат бошед!

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
Харита
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520