Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Идомаи сафари корӣ дар ноҳияи Ванҷ

28.07.2015 13:17, ноҳияи Ванҷ

Баъди ифтитоҳи пули мошингузар аз болои дарёи Ванҷоб дар роҳи мошингарди Душанбе-Кӯлоб-Хоруғ Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ба деҳаи Ғуҷовасти ҷамоати деҳоти Рованди ноҳияи Ванҷ ташриф овард.

Сокинони ҷамоати деҳоти Рованд Президенти мамлакатро самимона пазироӣ карданд.

Дар ин ҷо Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар вазъияти тантанавӣ бо буридани лентаи рамзӣ ба оғози фаъолияти сехи коркарди ангат асос гузошт.

Тавре маълум гардид, корхонаи коркарди ангат бо пешниҳоди як тан бонуи кордон Ғафурова Васила, ки зимни як сафари Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Ванҷ дархост гардида буд, тибқи супориши Сарвари давлат бо харҷи 167 ҳазор сомонӣ аз ҳисоби маблағҳои гранти президентӣ барои занони соҳибкори Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон бунёд гардид.

Акнун дар корхона 6 нафар ба таври доимӣ ва дар мавсими пухтани ангат бошад, то 25 нафар бо ҷойи кор таъмин мегарданд.

То бунёди ин корхона дар ин ҷо аз ангат то 120 литр равған омода мешуд, акунун истеҳсоли равған, шарбат ва малҳам аз ангат афзоиш меёбад. Захираи зиёди дарахти ангат имкон фароҳам овардааст, ки чунин корхона дар ин ҷо бунёд шуда, ба мардум хизмат расонад.

Зимни шиносоӣ аз шароити корхона Ғафурова Васила ба Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон барои тӯҳфаи арзанда изҳори сипос намуд.

Мавриди зикр аст, ки бо шарофати истиқлолият ва ваҳдати комили сартосарӣ дар кишвар дар доираи сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба дастгирии соҳибкории хурду миёна шумораи зиёди корхонаҳои саноатӣ бунёд мегарданд. Ин тадбир аз як ҷониб таъсиси ҷойҳои корӣ, аз тарафи дигар истеҳсоли маҳсулоти худӣ мебошад. Ҳамчунин, тавре Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар баромадҳояшон таъкид менамоянд, “мо бояд Тоҷикистонро ба як кишвари индустриалӣ-аграрӣ табдил диҳем”. Дар мамлакат дар ин самт аллакай гомҳои устувор гузошта шудааст ва корхонаҳои гуногун оид ба коркарди маҳсулоти худи - ашёи хоми ватанӣ то ҳадди ниҳоӣ ба фаъолият оғоз кардааст.

Баъди ифтитоҳи корхонаи коркарди ангат Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ба деҳаи Вишхарваки ҷамоати Рованд ташриф оварда, Маҷмааи туристию истеҳсолии “Ванҷи боло”-ро дар деҳаи Вишхарвак ифтитоҳ намуд.

Дар Маҷмаа, ки аз ҷониби Ҷамъияти Дорои Масъулияти Маҳдуди “Рухом” бо харҷи беш аз 1 миллиону 750 ҳазор сомонӣ бунёд шудааст,ошхона, толори конфронс бо 30 ҷойи нишаст, меҳмонхона бо 20 ҷойи хоб ва 1 истироҳатгоҳ мавҷуд аст.

Дар ҳамин маҷмааи туристию истеҳсолии Ванҷи боло имкони бунёди корхонаи коркарди меваҷот дар назар аст ва бо бунёди он шумораи зиёди сокинони ноҳия бо ҷойи кори доимӣ таъмин мегарданд.

Шароиту иқлими ноҳияи Ванҷ барои рушди туризм мутобиқ аст, аз ин ру бо истифода аз имконот Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҷалби сайёҳон ба ин гушаҳои зебоманзар тамоми тадбирҳоро амалӣ менамоянд.

Баъди кушодани Маҷмааи туристию истеҳсолии “Ванҷи боло” дар ҳамин ҷо Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар назди сокинону фаъолони ноҳияи Ванҷ суханронӣ карда, бо онҳо сӯҳбати самимӣ доир намуд.

Дар оғози суханронӣ Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон аз ҳодисаи фоҷеабори рӯзи 20 июли соли ҷорӣ рухдода, ки боиси хисороти зиёди молӣ ва ҳалокати 6 нафар сокини ноҳия гардида буд, ёдовар шуда, бори дигар ба аҳли хонавода ва наздикону пайвандони фавтидагон тасаллияту ҳамдардии амиқ баён намуд.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон изҳор дошт, ки масъалаи фароҳам овардани шароити зиндагии сокиноне, ки дар натиҷаи офати табиӣ зарар дидаанд, инчунин сари вақт барқарор кардани иншооти харобшуда дар маркази диққати Роҳбари давлат қарор дорад.

Президенти мамлакат, аз супоришҳое, ки зимни маҷлиси фаврии Ҳукумати мамлакат оид ба барқарор кардани манзили зисти осебдидагон ва расондани кӯмаки моддию маънавӣ дода буд, ёдовар шуда, иброз дошт, ки ҳамаи манзилҳои сокинон то рӯзи 6-уми ноябри соли 2015 сохта ва ба соҳибонашон супорида мешавад.

Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон оид ба дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ ва дастгирии ҳамаҷонибаи роҳбарияти давлату ҳукумати мамлакат андешаронӣ карда, изҳор дошт, ки солҳои охир тавассути дастгириҳои давлату Ҳукумати Тоҷикистон ва иқдому ташаббусҳои ватандӯстона ва саъю талоши софдилонаву аҳлонаи сокинони кишварамон рушди устувори ҳамаи соҳаҳои ҳаёти иқтисодиву иҷтимоии мамлакат таъмин гардида, дар ҳар як гӯшаву канори Ватани маҳбубамон, аз ҷумла дар ноҳияи Ванҷ дигаргуниҳои куллӣ ба амал омада истодаанд.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон сокинони ноҳияро бо ифтитоҳи пули мошингузар дар болои дарёи Ванҷоб дар мавзеи Сурхсангови табрик намуда, ба сохтмончиёни ин иншоооти муҳим барои заҳмати шабонарӯзиашон арзи сипос кард.

Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон иброз дошт, ки ин пули навбунёд барои таҳкими минбаъдаи робитаи мардуми вилоят бо сокинони минтақаҳои дигари мамлакат солҳои тӯлонӣ хизмат хоҳад кард.

Минбаъд ҳаракати мунтазами нақлиёти пурбору калонҳаҷм таъмин гардида, рафтуомади сокинон ва меҳмонону сайёҳон осон мегардад ва дар чаҳор фасли сол барои интиқоли молу маҳсулоти соҳибкорону тоҷирон ва дигар маводи ниёзи мардум шароит фароҳам меорад.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ёдовар шуд, ки чанд сол пеш миёни Тоҷикистону Афғонистон дар мавзеи Хумроғии ноҳияи Ванҷ пули нави мошингард бо дарозии 216 метр ва бо иқтидори борбардории 30 тонна ба истифода супорида шуд.

Баъди ифтитоҳи пул дар мавзеи зикршуда ба маблағи 1 миллиону 600 ҳазор сомонӣ бозори наздисарҳадӣ ба фаъолият оғоз кард, ки ба афзоиш ёфтани гардиши мол дар бозори истеъмолии ноҳия мусоидат намуда, имкон фароҳам овард, ки шумораи зиёди шаҳрвандону соҳибкорони ду давлати дӯст ба тиҷорати озоди молҳои саноатӣ, хӯрокворӣ ва дигар маҳсулоти ниёзи мардум машғул шаванд.

Ҳукумати мамлакат дар давоми солҳои 1992-2014 ва нимсолаи аввали соли 2015 бо мақсади таъмин намудани пешрафти иқтисодиву иҷтимоии ноҳияи Ванҷ аз ҳисоби буҷети давлатӣ беш аз 200 миллион сомонӣ равона кардааст, - изҳор дошт Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон.

Ба туфайли истифодаи самараноки маблағҳои ҷудошуда имрӯз симои ноҳияи Ванҷ куллан тағйир ёфта, дар он чандин иншооти нав қомат рост кардаанд ва ҳусни шаҳракро хеле зебову дилкаш намудаанд.

Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ба иқдоми соҳибкорони ҳимматбаланди ноҳияи Ванҷ, аз ҷумла соҳибкори заҳматдӯст Васила Ғафурова, ки солҳои тӯлонӣ ба ҷамъовариву истеҳсоли равғани дармонбахши ангат машғул мебошад ва соҳибкор Муфарраҳ Муҳаббатов, ки барои ҳамдиёрони хеш маҷмааи сайёҳиву истеҳсолии «Ванҷи боло»-ро бо рӯҳияи баланди ватандӯстӣ бунёд кардааст, баҳои баланд дод.

Дастгирии табақаи ниёзманд ва ғамхорӣ нисбат ба ятимону барҷомондагон дар сиёсати иҷтимоии Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон мақоми хоса дорад.

Зимни суханронӣ дар мулоқот бо фаъолони ноҳияи Ванҷ Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон изҳор дошт, ки “ман дар суханрониву вохӯриҳои худ борҳо таъкид намудаам ва бори дигар ёдовар мешавам, ки ғамхорӣ ба маъюбону ятимон ва ниёзмандону оилаҳои камбизоат ҳеҷ гоҳ аз мадди назари давлату Ҳукумати мамлакат дур намемонад ва ба онҳое, ки даъвати моро дастгирӣ намуда, дар ин ҷода анҷом додани амалҳои неку созанда ва хайру саховатро пеша мекунанд ва ба гурӯҳҳои осебпазиру ниёзманди ҷомеа кумаки беғаразона мерасонанд, изҳори сипос менамоям.

Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати таъмини рушди минбаъдаи иқтисодиву иҷтимоии ноҳияи Ванҷ Ҳукумати мамлакат ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятро вазифадор кард, ки минбаъд низ барои соҳибкорони маҳаллӣ, бахусус бонувони боғайрату фидокор дар манотиқи дурдасти кӯҳистон фазои боз ҳам мусоиди соҳибкориро фароҳам оранд ва ба фаъолияти минбаъдаашон кумаки ҳамаҷониба расонанд.

Ҷиҳати қонеъ гардонидани талаботи аҳолӣ ба Дирексияи иншооти ҳукуматии Дастгоҳи иҷроия, вазоратҳои маориф ва илм, фарҳанг супориш дода шуд, ки доир ба масъалаи дар маркази ноҳияи Ванҷ бунёд намудани мактаби нави замонавӣ, қасри фарҳанг ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ чораҷӯӣ намоянд.

Вазорати энергетика ва захираҳои об, Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва ноҳия вазифадор гардиданд, ки бо мақсади аз офатҳои табиӣ ҳимоя кардани қитъаҳои осебпазири деҳоти ноҳия корҳои соҳилмустаҳкамкуниро амалӣ созанд.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон оид ба раванди ҷаҳонишавӣ, ки оқибатҳои мусбию ҳам манфӣ дорад, изҳори андеша кард. Ба андешаи Президенти мамлакат воридшавии падидаҳои манфии фарҳангӣ ва мафкураи бегона ба зеҳну шуури мардум, аз ҷумла наврасону ҷавонон таъсири зарарнок ва ҳатто харобиовар мерасонад. Аз ин ру барои аз таъсири манфии падидаву зуҳуроти бегона эмин нигоҳ доштани мардуми кишварамон ҳар як фарди огоҳи ҷомеа, аз ҷумла ҷавонони бонангу номуси моро зарур аст, ки сарзамини аҷдодӣ, анъана ва забону фарҳанги хешро ба таври шоиста ҳифз намоянд, ватандӯст бошанд, шукронаи соҳибватанӣ ва соҳибдавлатиро ба ҷо оранд ва ҳаргиз ҳушёриву зиракии сиёсиро аз даст надиҳанд, изҳор дошт Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон.

Дар охир Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо итминони комил иброз дошт, ки мардуми ватандӯсти ноҳияи Ванҷ минбаъд низ бо эҳсоси баланди ифтихори милливу хештаншиносӣ аз пайи ҳифзи дастовардҳои таърихии халқамон гардида, ваҳдати миллӣ, сарҷамъии миллатро таҳким мебахшанд, манфиати давлату миллатро аз тамоми манфиатҳои дигар боло мешуморанд ва бо заҳмати софдилона диёри худро ободу пешрафта мегардонанд.

Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ба ҳамаи мардуми меҳмоннавозу сарбаланди ноҳияи Ванҷ барои пазироии самимӣ изҳори ташаккур намуда, ба онҳо хонаи обод, саломативу хушбахтӣ ва барори таманно намуд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520