Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сафари корӣ ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон

28.07.2015 05:53, шаҳри Душанбе

Субҳи имрӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади огоҳ шудан аз вазъи зиндагии мардум ва шиносоии бевосита аз иҷрои супоришҳои зимни сафарҳои қаблӣ додашуда, инчунин мусоидат кардан ба рушди иҷтимоию иқтисодӣ ва фарҳангии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба як қатор шаҳру ноҳияҳои ин вилоят сафар кард.

Сафари кории Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон аз 28 - ум то 31 - уми июл дар ноҳияҳои Ванҷ, Дарвоз, Рӯшон, Шуғнон, Роштқалъа ва шаҳри Хоруғ идома меёбад ва дар ҷараёни он Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ба оғози фаъолияти як қатор иншооти муҳими бахшҳои гуногун асос гузошта, бо сокинони шаҳру ноҳияҳои вилоят суҳбату мулоқотҳои судманд анҷом медиҳад.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияҳои Ванҷ, Шуғнон, Дарвоз ҳамчунин бо вазъи корҳои бартарафсозии оқибатҳои офати табиӣ, расондани кӯмакҳои моддию маънавӣ ба сокинони аз офатҳо зарардида ва ҷараёни корҳои сохтмонӣ оид ба бунёди хонаҳои нави истиқоматӣ барои оилаҳои бесарпаноҳмонда шинос мешавад.

Дар шаҳру ноҳияҳои вилоят Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон баҳри рушду пешрафти иқтисодиёти ин минтақаи кишвар корхонаҳои саноатӣ, аз ҷумла корхонаи коркарди ангат дар ноҳияи Ванҷ ва корхонаи коркарди ғалла дар ноҳияи Шуғнонро ифтитоҳ менамояд. Ба фаъолият оғоз кардани ин корхонаҳо ба таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва беҳдошти сатҳи зиндагии мардум мусоидат менамояд. 

Инчунин дар ин сафар Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ба хотири ноил шудан ба яке аз ҳадафҳои асосии сиёсати Ҳукумати мамлакат - баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ дар ноҳияи Ванҷ пули мошингузарро кушода, барои расидан ба ҳадафи дигари стратегӣ - истиқлолияти комили энергетикӣ дар ноҳияи Роштқалъа барои бунёди Неругоҳи Барқи Обии “Себзор” бо истеҳсоли солонаи нерӯи барқ дар ҳаҷми 60 миллион кВт ва бунёди хатти баландшиддати интиқоли барқи 110 килоВолтаи  “Себзор - Хоруғ” бо дарозии 18 километр санги асос мегузорад.

Барои рушди туризм бошад, ифтитоҳи меҳмонхонаи замонавӣ дар ноҳияи Дарвоз, комплекси туристию истеҳсолии “Ванҷи боло” дар деҳаи Вишхарваки ноҳияи Ванҷ ва Маҷмааи варзишӣ барои 1700 ҷой дар маҳаллаи Носири Хисрави шаҳри Хоруғ, марказҳои муосири савдо ва хизматрасонӣ, маҷмааҳои туристию истироҳатӣ, маркази омӯзишии кохи бонувон бо номи Меҳри модар ба нақша гирифта шудааст.

Маълумоти муфассалро оид ба натиҷаҳои бобарори сафари кории Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Шумо метавонед аз сомонаи расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон www.president.tj ё Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон “Ховар” дастрас намоед.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
Харита
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520