Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

27.07.2015 19:14, шаҳри Душанбе

Имрӯз таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳукумати мамлакат Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси навбатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Дар маҷлиси Ҳукумат нахуст масъалаи кадрҳо баррасӣ шуда, аъзои нави ҳайати мушовараи Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон ва аъзои раёсати Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон “Амонатбонк” тасдиқ карда шуд.

Ба рӯзномаи маҷлиси навбатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон беш аз 30 масъалаи муҳим барои баррасӣ пешниҳод шуд.

Нахуст ҳисоботи Директори Корхонаи воҳиди давлатии ҷумҳуриявии “Тоҷикагролизинг” доир ба рафти иҷрои Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5 марти соли 2008-ум таҳти рақами 107 шунида шуд.

Иттилоъ дода шуд, ки  Корхона мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи иҷораи молиявӣ (лизингӣ)” қонеъ гардонидани талаботи хоҷагиҳои деҳқонию фермерӣ, корхонаю ташкилотҳои соҳаи кишоварзии ҳама гуна шакли моликият то имрӯз 886 хоҷагиҳои деҳқонию фермерии ҷумҳуриро тариқи иҷораи молиявӣ (лизингӣ) бо 705 адад трактору комбайнҳо, 556 адад таҷҳизоти гуногуни кишоварзӣ бо маблағи 90,3 миллион сомонӣ таъмин кардааст.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон изҳор дошт, ки баҳри иҷрои пурраи вазифаҳои дар назди корхона гузошташуда масъулини Корхонаи воҳиди давлатии ҷумҳуриявии “Тоҷикагролизинг”-ро зарур аст, ки ҳамкориро бо вазорату идораҳо ва дигар ниҳодҳои давлатӣ пурзур намоянд.

Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба истифодаи ғайримақсадноки маблағҳои бозгардиш, назорати маблағҳо, набудани марказҳои хизматрасонии техникӣ бо таҷҳизоти зарурӣ дар баъзе шаҳру ноҳияҳо, ташкили истеҳсоли қисмҳои эҳтиётию зарурии техникаҳои кишоварзӣ дар корхонаҳои худӣ, ҷалби мутахассисон ва омӯзиши таҷрибаи пешқадам дар соҳа ба масъулини вазорату идораҳои дахлдор супоришҳои мушаххас дод.

Таъкид гардид, ки баъди ба гардиш даровардани заминҳои кишт ҳаҷми кор зиёд шуд ва техникаҳои мавҷуда дар кишвар басанда нест, бинобар ин зарурати ҳарчи бештар ворид кардани техникаҳои кишоварзӣ ба миён омадааст.

Ҳамкории корхона бо мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳои мамлакат низ зарур шумурда шуд. 

Доир ба Дурнамои нишондиҳандаҳои асосии макроиқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2018 гузориши Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон шунида шуд.

Иттилоъ дода шуд, ки мақсад аз қабули лоиҳаи мазкур банақшагирии босамари рушди иҷтимоию иқтисодии ҷумҳурӣ ва таъмини устувории нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ ва инчунин таҳияи босифати Буҷети давлатӣ барои давраи миёнамӯҳлат мебошад.

Таъкид гардид, ки ҳангоми таҳияи лоиҳаи санади мазкур дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муқаррароти стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин вазъи иқтисодии ҷаҳон ва тағйирёбии нархҳо дар бозорҳои ҷаҳонии молию ашёӣ ба инобат гирифта шудааст.

Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон барои иҷрои босифати ин дурнамо ва таҳлили боз ҳам амиқи нишондиҳандаҳои макроиқтисодии мамлакат, инчунин таҳияи санади мукаммал ба вазорату идораҳои дахлдори кишвар дастур дод. 

Супориш дода шуд, ки ҳангоми таҳияи ин санад афзоиши аҳолӣ, истеъмолкунандагон ва тағйирёбии нархи бозорҳо ба инобат гирифта шавад.

Дурнамои нишондиҳандаҳои асосии макроиқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2018 аз ҷониби аъзои Ҳукумати мамлакат қабул карда шуд.              

Дар маҷлис лоиҳаи қонунҳо Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият”, “Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси мурофиавии ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон”, “Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон”, “Дар бораи ворид намудани тағйиру илова ва Кодекси мурофиавии граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон”, “Дар бораи иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ”, “Дар бораи боҷи давлатӣ” муҳокима гардида, барои баррасӣ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шуд.  

Ҳамчунин масъалаҳо Дар бораи Стандарти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Дар бораи тартиби гузаронидани имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Дар бораи ҷудо кардани грантҳои хурд ҷиҳати ҷалби донишҷӯён ба таҳияи лоиҳаҳои инноватсионӣ ва кашфиёту ихтироъкорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, мавриди баррасӣ қарор гирифта маъқул дониста шуданд.

Дар охири кори маҷлис Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон натиҷаҳои рушди мамлакат, иҷрои нишондодҳои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, супоришҳои дар маҷлисҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон додашударо таҳлилу баррасӣ карда, ба аъзои Ҳукумати кишвар, роҳбарони вазорату идораҳои давлатӣ барои иҷрои саривақтию босамари корҳо супоришҳои мушаххас дод.

Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон изҳор дошт, ки новобаста аз таъсири омилҳои беруна, бо истифодаи пурсамар аз имкону захираҳои дохилӣ, мо тавонистем ба ҳадафҳои дар пешгузоштаи худ оид ба рушди иқтисодиёти мамлакат ноил гардем.

Дар баробари ин бояд минбаъд низ аз тамоми имкониятҳои истифоданагардида барои манфиати давлату миллат самаранок баҳрабардорӣ карда шавад.

Иҷрои барномаҳои муҳими давлатӣ, стратегияҳои рушд, тадбирҳои дигар барои рушди кишвар зарур шумурда шуд.

Супоришҳои муҳим инчунин оид ба истифодаи мақсадноки маблағҳои буҷетӣ, ҳарчи зудтар бартараф кардани оқибатҳои офати табиӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, ноҳияи Рашт ва омодагии ҳамаҷониба барои давраи зимистони солҳои 2015-2016 ба ҳамаи бахшҳои мамлакат дода шуд.

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520