16 ноябр Иҷлосияи таърихии 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри бостонии Хуҷанд доир гардид.
Қадамҳои аввалини сулҳу субот байни қувваҳои мухолиф дар ҳамин иҷлосия гузошта шуданд. Онҳо дар ҳамин иҷлосия ба мувофиқа расиданд. Пойдевори давлати навини Тоҷикистон гузошта шуд. Дар ҳамин иҷлосия Эмомалӣ Раҳмон Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардид.