Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Барқияи тасаллият ба Президенти Ҷумҳурии Туркия Реҷеп Тайип Эрдоган

21.07.2015 11:41, шаҳри Душанбе

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Туркия Реҷеп Тайип Эрдоган барқияи тасаллият ирсол намуд, ки дар он, аз ҷумла омадааст:

«Ҷаноби Олӣ,

Дар Тоҷикистон хабари фоҷиабори инфиҷори мудҳишро дар шаҳри Суруҷи Ҷумҳурии Туркия, ки муҷиби қурбони гаштани даҳҳо нафар мардуми бегуноҳ ва захмӣ шудани теъдоди зиёди онҳо шудааст, бо андӯҳи бузург қабул намуданд. Ин амали таассуфангези ғайриинсонӣ зарурати идомаи муборизаи беамони сарҷамъонаи аҳли башарро алайҳи “вабои аср” – терроризм қотеъона таъкид менамояд.

Бо изҳори таъзия ва тасаллият ба тамоми мардуми дӯсти Туркия, аз ҷаноби Президент хоҳишмандам ҳамдардии моро ба наздикони шуҳадо бирасонанд. Ба маҷрӯҳшудагон шифои комил орзумандам».

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520