Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Изҳори тасаллият ба пайвандони фавтидагони офатҳои табиӣ

21.07.2015 09:40, шаҳри Душанбе

Имрӯз Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ба Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода, муовини сарвазир Азим Иброҳим, Вазири нақлиёт Шералӣ Ганҷалзода, Вазири энергетика ва захираҳои об Усмоналӣ Усмонзода, Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ Хайриддин Абдураҳимов раисони ноҳияҳои аз офатҳои табиӣ зарардида барои ҳарчи зудтар бартараф намудани оқибатҳои ҳолатҳои ногувор, ки дирӯз ва имшаб дар ноҳияҳои Шуғнон, Рушон ва Ванҷу Дарвози Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва ҳамчунин дар ноҳияи Рашт рух додаанд, супоришҳои мушаххас дод.

Таъкид гардид, ки барои барқарор намудани роҳу пулҳо, хатҳои барқӣ ва дигар иншооти харобгардида ва пеш аз ҳама барои дастгирии аҳолии осебдида техникаю таҷҳизоти зарурӣ, қувваи корӣ ва тамоми лавозимоти аввалия ба миқдори зарурӣ сафарбар карда шавад.

Хотиррасон бояд намуд, ки бар асари боришоти шадид ва селу обхезӣ дар ноҳияи Рашт 50 хона пурра ва 100 хонаи дигар қисман вайрон шудаанд.

Мутаассифона, тайи шабонарӯзи гузашта дар натиҷаи боришоти шадиду обхезӣ 6 нафар дар ноҳияи Ванҷ ва 1 кас дар ноҳияи Рашт талаф ёфтаанд.

Аз ин хотир, Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ҳамзамон ба аҳли хонавода ва наздикону пайвандони фавтидагон изҳори тасаллияту ҳамдардӣ намуд. Ба масъулини ҷумҳуриявию маҳаллӣ дастур дода шуд, ки аз аҳволи хонаводаҳои шахсони ҳалокшуда бохабар гардида, дастгирии моддию маънавии худро дареғ надоранд. 

Ҳоло бо супориши Президенти мамлакат дар ҳамаи минтақаҳои аз офати табиӣ зарардида корҳои барқарорсозӣ идома дошта, барои аҳолии осебдида кумаки зарурӣ расонда мешаванд. Ба онҳо, аз ҷумла маводи ғизоӣ, либос ва дигар ашёи лозима дастрас мегардад. Ҳамчунин ба хонаводаҳое, ки аз манзили истиқоматӣ маҳрум гаштаанд, қитъаҳои замин ҷудо карда шудааст ва барои сохтмони хонаҳояшон ба онҳо ҳамаҷониба кумак расонда мешавад.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
Харита
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520