Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Суханронӣ дар мулоқот бо роҳбарону мутахассисони НБО Роғун

16.07.2015 19:57, шаҳри Роғун

Муҳтарам сохтмончиёни нерӯгоҳ!
Ҳозирини гиромӣ!

Чунонки медонед, Ҳукумати Тоҷикистон ба масъалаҳои вобаста ба сохтмони нерӯгоҳи барқи обии Роғун диққати махсус медиҳад. Ин масъалаҳо ҳамчунин дар маркази диққати Роҳбари давлат қарор доранд. Мулоқоти охирини мо бо сохтмончиёни нерӯгоҳ моҳи июли соли 2012 доир гардида буд.

Дар ин муддат ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои додашуда ва нақшаи тасдиқшуда аз ҷониби Ҷамъияти саҳҳомии кушодаи «Нерӯгоҳи барқи обии Роғун» ва вазорату идораҳои дахлдор хеле корҳо амалӣ гардидаанд.

Мо дирӯз ва имрӯз бо корҳои иҷрогардидаи иншоот шинос шудем. Бояд гуфт, ки натиҷаҳо ҳастанд. Вале барои иҷрои нақшаҳои муайянгардида кӯшиши боз ҳам зиёд ба харҷ додан зарур аст.

Бо мақсади натиҷагирӣ аз иҷрои дастуру супоришҳои қаблан додашуда ва баррасии масъалаҳои дарпешистода мо тасмим гирифтем, ки бо шумо – роҳбарону мутахассисон ва бунёдкорони нерӯгоҳ машварати корӣ доир намоем.

Ҳозирини гиромӣ!

Аз шиносоии муфассал бо ҷараёни корҳои сохтмон, ки то имрӯз дар ин иншооти барои кишварамон ҳаётан муҳим анҷом дода шудаанд, бармеояд, ки раванди бунёди нерӯгоҳ асосан тибқи нақшаи тасдиқшуда идома дорад.

Бинобар ин, мехоҳам ба ҳамаи онҳое, ки дар бунёди нерӯгоҳи барқи обии Роғун, яъне иншооти тақдирсози мамлакатамон содиқона ва фидокорона заҳмат мекашанд, аз номи худ ва Ҳукумати Тоҷикистон сипосу миннатдорӣ изҳор намоям.

Дар баробари ин, лозим мешуморам, ки ҷиҳати суръат бахшидан ба корҳои дарпешистода мушкилоту масъалаҳои ҷойдоштаро ба таври мушаххас баррасӣ намоем, то ин ки иҷрои босифат ва саривақтии нақшаҳои навбатӣ таъмин карда шавад.

Тавре ки маълум аст, кишвари мо ҳарчанд аз лиҳози захираҳои гидроэнергетикӣ дар ҷаҳон яке аз ҷойҳои намоёнро ишғол мекунад, вале махсусан даҳсолаҳои охир норасоии нерӯи барқ ба монеаи бузурги рушди иқтисодиву иҷтимоии Тоҷикистон табдил ёфта, бахусус дар фаслҳои тирамоҳу зимистон мардуми кишвар ва соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии мамлакат ба камбуди шадиди нерӯи барқ рӯ ба рӯ мешаванд.

Бо мақсади рафъи мушкилоти зикршуда ва истифодаи ҳарчи бештари захираҳои гидроэнергетикии мавҷуда ба хотири рушди минбаъдаи иқтисоди миллӣ, ҳалли масъалаҳои иҷтимоӣ ва таъмини аҳолӣ бо нерӯи барқ Ҳукумати Тоҷикистон таъмини истиқлолияти энергетикии мамлакатро ҳадафи аввалини стратегии худ муайян карда, ҷиҳати расидан ба ин ҳадаф ҳамаи захираву имкониятҳоро сафарбар намудааст.

Бояд гуфт, ки бо вуҷуди чунин имкониятҳо татбиқи лоиҳаи бунёди иншооти ниҳоят зарури энергетикии кишвар бо сабабҳои гуногун то андозае кашол ёфт.

Лозим ба ёдоварист, ки дар муддати ҳафт соли охир ташхиси мустақили байналмилалии сохтмони нерӯгоҳи барқи обии Роғун ва арзёбии бехатарӣ ва таъсири экологиву иҷтимоии он аз ҷониби Бонки Умумиҷаҳонӣ, коршиносони мустақили байналмилалӣ ва ширкату мутахассисони хориҷии соҳа анҷом дода шуд ва хулосае таҳия гардид, ки амалисозии лоиҳаи дорои аҳаммияти бузурги иқтисодӣ, яъне нерӯгоҳи барқи обии Роғун ҳам ба манфиати Тоҷикистон ва ҳам ба манфиати кишварҳои минтақа мебошад.

Аз ин лиҳоз, мо ҷиҳати ҳалли норасоии шадиди нерӯи барқ ва бо ҳамин роҳ таъмин намудани рушди босуботи иқтисодӣ ва баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволии мардуми кишварамон бунёди ин иншооти тақдирсозро тибқи талаботи меъёрҳои байналмилалӣ идома медиҳем.

Бо мақсади дар сатҳи баланд ба иҷро расонидани корҳо, инчунин ба талаботи байналмилалӣ мутобиқ намудани назорати корҳои лоиҳакашӣ ва сохтмон моҳи январи соли 2015 бо Консорсиуми “Коен эт Беллие”-и Фаронса ва “Электроконсалт”-и Итолиё шартномаи хизматрасонии машваратӣ ба имзо расонида шуд ва идомаи корҳои лоиҳа бевосита бо иштирок ва назорати мушовирони байналмилалӣ амалӣ шуда истодааст.

Дар иртибот ба ин, бори дигар таъкид месозам, ки имрӯз илова ба мушкилоти тағйирёбии иқлими сайёра таҳдиду хатарҳои фоҷиабори нав, аз қабили терроризму экстремизм, радикализм, қочоқи маводи мухаддир ва дигар ҷинояткориҳои муташаккили фаромарзӣ дар бисёр минтақаву кишварҳои олам торафт вусъат пайдо карда, ба суботу амнияти аҳли башар таҳдид менамоянд.

Дар чунин шароит истифодаи оқилонаву самаранок ва манфиатовари ин неъмати бебаҳое, ки табиат барои мо фароҳам овардааст, на танҳо ба нафъи мардуми Тоҷикистон, балки ба манфиати кулли сокинони минтақа хизмат мекунад.

Махсусан, энергияи обӣ, ки манбаи барқароршавандаи энергия мебошад, аз ҷиҳати самаранокии иқтисодӣ ва экологӣ аҳаммияти ниҳоят калон дорад.

Чунон ки хотирнишон гардид, Ҳукумати Тоҷикистон ҷиҳати амалисозии ин лоиҳаи тақдирсоз минбаъд низ ҳамаи воситаву имкониятҳоро сафарбар менамояд.

Бояд гуфт, ки дар назди Ҷамъияти саҳҳомии кушодаи «Нерӯгоҳи барқи обии Роғун» аз соли 2011 инҷониб Шӯрои нозирон таъсис дода шудааст, ки он ҳамчун мақоми идоракунии Ҷамъият роҳбарии умумии фаъолияти онро амалӣ намуда, иҷрои қарорҳои маҷлиси умумии саҳмдорони Ҷамъиятро назорат мекунад.

Бинобар ин, ба Шӯрои нозирон зарур аст, ки ҳалли масъалаҳои марбут ба салоҳияти худро ҳамаҷониба ва сари вақт таъмин намояд.

Ҳамчунин, зарур аст, ки бунёдгарони нерӯгоҳ иҷрои супоришу дастурҳои Ҳукумати Тоҷикистон ва ҷадвали тақвимии корҳоро таъмин намуда, барои дар муҳлатҳои муқарраршуда ба истифода додани навбати аввали нерӯгоҳ аз ҳамаи шароиту имкониятҳои мавҷуда самаранок истифода баранд.

Ҷиҳати вусъат бахшидан ба иҷрои корҳо Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба идоракунии сохтмони иншооти нерӯгоҳи барқи обии Роғун ташкил карда шудааст, ки роҳбарии онро Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон ба уҳда дорад.

Ҷаласаҳои Ситод ҳар моҳ ду маротиба гузаронида мешаванд, ки дар онҳо масъалаҳои рафти иҷрои корҳои сохтмон, лоиҳакашӣ ва маблағгузории иншоот ҳамаҷониба мавриди баррасӣ қарор дода мешаванд.

Бояд гуфт, ки таъсиси ситоди мазкур ба рафти корҳои сохтмон дар иншоот таъсири мусбат расонида, ба пешравии корҳо мусоидат намуда истодааст.

Вобаста ба ин, ба Ситоди ҷумҳуриявӣ супориш дода мешавад, ки дар ҳамкорӣ бо вазорату идораҳо, созмонҳои байналмилалӣ (мушовирони ширкати «Коэн эт Беллие»), пажӯҳишгоҳҳои лоиҳакашӣ, корхонаҳо ва ташкилоту муассисаҳое, ки дар сохтмони нерӯгоҳи барқи обии Роғун иштирок доранд, иҷрои саривақтӣ ва босифати корҳоро дар иншоот ҷиддӣ назорат намоянд.

Илова бар ин, ба Комиссияи тафтишотии Ҷамъияти саҳҳомии кушодаи «Нерӯгоҳи барқи обии Роғун», Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия ва Палатаи ҳисоб зарур аст, ки истифодаи самараноки маблағҳои ҷудогардидаро таҳти назорати доимӣ қарор диҳанд.

Таъкид месозам, ки ҳар як сомонии бо ин мақсад ҷудогардида бояд самаранок истифода карда шуда, ба ҳолатҳои изофанависӣ қатъиян роҳ дода нашавад.

Ҳамзамон бо ин, масъалаҳои таъмини иншоот бо кормандони баландихтисосу соҳибтаҷрибаи муҳандисӣ, риояи нақшаҳои муҳандисиву технологӣ ва сифати масолеҳи сохтмонии истифодашаванда, инчунин иҷрои баландсифати корҳо бояд таҳти назорати қатъӣ ва доимӣ қарор дошта бошанд.

Вобаста ба дастуру супоришҳои қаблӣ ва нақшаи чорабиниҳои амалкунанда хотирнишон месозам, ки самаранокии воситаҳои техникии мавҷуда ва истифодаи дурусти қувваи корӣ аз ҷумлаи масъалаҳои муҳимтарин мебошад.

Дар баробари ин, ба Мудирияти минтақаи зериобшаванда зарур аст, ки ҳамаи масъалаҳои тибқи нақша пешбинигардидаро дар муҳлатҳои муқарраршуда ҳаллу фасл намояд.

Инчунин, ба кормандони муҳандисиву техникии Ҷамъияти саҳҳомии “Нерӯгоҳи барқи обии Роғун” ва корхонаву ташкилотҳои пудратӣ зарур аст, ки ба масъалаи истифодаи дурусти меъёрҳо ва хизматрасониҳои техникӣ, махсусан сифати корҳои сохтмонӣ таваҷҷуҳи доимӣ зоҳир намоянд.

Дар ин самт, ба мутахассисону масъулон зарур аст, ки назорати иҷрои лоиҳаҳои тасдиқшударо пурзӯр намоянд ва бовар дорам, ки бо истифода аз маҳорату малакаи мутахассисон ва таҷрибаи пешрафта тамоми талаботи техникиву технологӣ бо сифати аъло таъмин мегардад.

Илова бар ин, мутахассисони озмоишгоҳи марказии сохтмон, ки бо таҷҳизоти замонавии технологӣ муҷаҳҳаз гардонида шудааст, бояд маводу масолеҳи истифодашаванда ва корҳои иҷрошавандаро мунтазам ва бо дарки масъулияти баланд назорат намоянд.

Дар баробари ин, муҳайё кардани шароити хуби кору истироҳат ва таъмини бехатарии корҳо дар сохтмон бояд ҳамеша дар мадди назари аввал бошад.

Бояд таъкид намуд, ки кору фаъолияти шабонарӯзӣ ва воқеан ватандӯстонаи ҳар яки шумо дар таърихи халқи тоҷик бо ҳарфҳои зарин сабт гардида, мардуми шарифи кишвар номи шуморо ҳамеша пос хоҳанд дошт.

Ин беҳтарин баҳо ва қадрдонии заҳмати шумо хоҳад буд. Бинобар ин, ҳар як шахси масъул - аз роҳбарони иншоот ва ширкатҳои лоиҳакашиву пудратӣ то мутахассисону коргарон бояд бо ҳисси баланди масъулият дар назди халқи тоҷик хизмат намоянд ва дар хотир дошта бошанд, ки иштирок дар амалӣ намудани чунин лоиҳаи муҳимму тақдирсози миллат шарафу ифтихори бузург мебошад.

Дӯстони азиз!

Лозим ба ёдоварист, ки соли 2014 агрегати дуюми нерӯгоҳи барқи обии «Сангтӯда-2» ва агрегати якуми навбати аввали Маркази барқу гармидиҳии “Душанбе – 2” бо иқтидори 220 мегаватт ба кор дароварда шуда, сохтмони навбати дуюми он оғоз гардид, ки соли 2016 бо дарназардошти навбати аввал бо иқтидори 400 мегаватт ба истифода дода мешавад.

Вале ин чораҳо бо дарназардошти торафт афзоиш ёфтани аҳолӣ ва мунтазам зиёд шудани талаботи соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии мамлакат ба нерӯи барқ, хусусан ҷиҳати таъмин намудани рушди саноат ҳанӯз кифоя нестанд.

Зеро нерӯи барқ ҳамчун омили асосии рушди соҳаҳои иқтисодиёт, аз ҷумла саноати кишвар имрӯз масъалаи калидии ҳалли аксари мушкилот, хусусан васеъ ба роҳ мондани истеҳсолоти саноатӣ ва ташкили ҷойҳои нави корӣ ба ҳисоб меравад.

Аз ин лиҳоз, Ҳукумати мамлакат амалисозии чандин лоиҳаҳои дигарро барои бунёди нерӯгоҳҳои хурду миёна пайгирӣ карда истодааст.

Бори дигар хотирнишон месозам, ки ҳоло корҳои лоиҳакашии чандин нерӯгоҳҳои барқи обӣ идома дошта, вақтҳои наздик сохтмони хатҳои интиқоли барқ ва бунёду барқарорсозии зеристгоҳҳои барқии ба нақша гирифташуда ба итмом расонида мешавад.

Дар ин раванд, татбиқи як қатор лоиҳаҳои муҳимми давлатӣ, ки аҳаммияти минтақавӣ доранд, аз ҷумла сохтмони лоиҳаҳои бузурги байнидавлатии хатти интиқоли барқи баландшиддати КАСА-1000 имкон медиҳад, ки нерӯи барқи обии дар Тоҷикистон истеҳсолшаванда ба рушди иқтисодиву иҷтимоии давлатҳои ҳамсоя низ мусоидат намояд.

Бояд таъкид намуд, ки истифодаи захираву имкониятҳои дохилии Тоҷикистон, махсусан тавассути истифодаи захираҳои гидроэнергетикӣ ба роҳ мондани истеҳсоли нерӯи барқи арзон мустақиман ба рушди ҳамаи соҳаҳои иқтисодии кишвари мо, ҳалли масъалаҳои иҷтимоӣ ва куллан беҳтар гардидани сатҳу сифати зиндагии мардуми шарифи Тоҷикистон мусоидат мекунад.

Итминони комил дорам, ки дар ояндаи надик ин иқдомҳои неки мо самараи созанда ба бор оварда, рушди дарозмуддату устувори иқтисодиву иҷтимоии кишварамонро таъмин хоҳанд кард.

Бинобар ин, нияти нек, дасту дили пок, нерӯи матин ва иродаи қавии ҳар яки шумо метавонад воқеан иншоотеро бунёд созад, ки ба нафъи мардум садсолаҳо хизмати шоён намояд.

Дар фарҷом ба ҳамаи мутахассисону сохтмончиёне, ки дар бунёди чунин иншооти муҳиму тақдирсоз саҳмгузорӣ доранд, аз ҷумла ба ҳар яки шумо, ҳозирини гиромӣ, барори кору муваффақият орзу мекунам.

Бо истифода аз фурсат, ҳар яки шуморо ба ифтихори фарорасии иди саиди фитр, ки ҳоло мо дар арафаи он қарор дорем, бори дигар табрик гуфта, ба хонадони ҳар кадоматон хушбахтиву саодат ва файзу баракати рӯзгор мехоҳам.

Ҳамеша саломату сарбаланд бошед!

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
Харита
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон, 2005 - 2018
Тел/Факс.: (+992 37)2212520