Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ифтитоҳи Озмоишгоҳи марказии сохтмонӣ

15.07.2015 11:58, шаҳри Роғун

Худи ҳамин рӯз баъди ифтитоҳи Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 2-и шаҳри Роғун Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар маркази шаҳр ба оғози фаъолияти Озмоишгоҳи марказии сохтмонӣ асос гузошт.

Зарурати бунёди ин озмоишгоҳ ханӯз аз рӯзҳои нахустини оғози корҳои барқарорсозӣ ва сохтмонию васлгарии иншооти аср-Нерӯгоҳи барқи обии Роғун барои назорати сифати масолеҳи сохтмонӣ ва сифати иҷрои ҳамаи корҳо аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба миён гузошта шуда буд.

Бояд як озмоишгоҳи сохтмонии мустақил ва дорои таҷҳизоти замонавии мутобиқ ба стандартҳои байналмилалӣ дар назди Нерӯгоҳи барқи обии Роғун бунёд мегардид ва инак бо ҳидояту дастгирии бевоситаи Сардори давлат Эмомалӣ Раҳмон озмоишгоҳи замонавӣ, ки ба андешаи мутахассисон дар Осиёи Марказӣ ҳамто надорад, сохта ба истифода дода шуд.

Озмоишгоҳ аз панҷ шуъба ва бахшҳои алоҳида, аз ҷумла аз шуъбаи озмоиши металлҳо, шуъбаи назорати геотехникӣ, шуъбаи кимиёвӣ, бахши ташхисгоҳи спектралӣ, шуъбаи бетон ва бахши озмоиши хосиятҳои физикию механикии семент иборат аст.

Дар маркази мазкур беш аз 140 нафар мутахассис, ки аксари онҳо соҳиби маълумоти олӣ мебошанд, фаъолият доранд.

Ҳар як маҳсулоти сохтмоние, ки ба озмоишгоҳ ворид мегардад, бодиққат аз назари мутахассисон ва ташхиси дастгоҳҳои нодир гузашта, барои истифода дар корҳои сохтмонӣ иҷозат дода мешавад. Ин боварию эътимоди мардумро ба мустаҳкамии неругоҳ ва садди он пурра мегардонад.

Зимни шиносоии Сардори давлат аз шуъбаҳои озмоишгоҳ иттилоъ дода шуд, ки бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон бобати таъсиси чунин як озмоишгоҳи беназир ва муҷаҳҳаз кардани он бо асбобу таҷҳизоти замонавӣ ва ҷавобгӯй ба талаботи меъёрҳои байналмилалӣ коргарону мутахассисони Ҷамъияти Саҳҳомии Кушодаи Неругоҳи барқи обии Роғун таҷрибаи давлатҳои пешрафтаи оламро мавриди омӯзиш қарор доданд. Ба давлатҳои Олмон, Русия, Чин, Эрон ва Италия сафар карда, таҷҳизоту дастгоҳҳои нодирро харидорӣ намудаанд.

Коргарону мутахассисони озмоишгоҳ дар суҳбат бо Сардори давлат изҳор доштанд, ки ҳар як ҳидояту раҳнамоии Президенти кшиварро хуб дар ёд доранд ва онро сармашқи кори худ кардаанд. Сардори давлат ҳамеша зимни сафарҳои кории худ ба шаҳри Роғун таъкид менамуданд, ки: «ҳар як бинокори ин иншооти тақдирсоз бояд ба сифати корҳо диққати махсус диҳад».

Дар озмоишгоҳи марказии сохтмонии Ҷамъияти Саҳҳомии Кушодаи Неругоҳи Барқи Обии Роғун 500 таҷҳизоту асбоб, мебелу зарфҳо ва маводҳои зарурии лаборатории баландсифати ҷавобгуйи стандартҳо ва талаботҳои меъёрӣ аз Олмон, Италия, Швейтсария, Русия, Япония ва Эрон харидорӣ шуда, барои дурусту ба манфиат истифода бурдани он бештар аз ҳисоби ҷавонон мутахассисон дар хориҷи мамлакат аз бахшҳои махсуси омӯзишӣ гузашта, соҳиби сертификатҳои касбӣ гардидаанд.

Зимни шиносоӣ аз фаъолияти озмоишгоҳи марказии сохтмонӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба коргарону мутахассисон таъсиси чунин як коргоҳи муқтадирро муборакбод намуда, онҳоро ба хизмати содиқона ва иҷрои бошарафонаи корашон ҳидоят намуд. Сардори давлат Эмомалӣ Раҳмон бори дигар таъкид намуд, ки чун неругоҳи Роғун барои мардуми тоҷик басо пураҳамият аст, бояд аз сари сидқ вазифаҳои дарпешгузошта бо масъулияти баланд иҷро карда шаванд.

Ин хизматҳои арзандаи мутахассисони озмоишгоҳ ҳамеша мавриди таваҷҷуҳи роҳбарияти давлату ҳукумат қарор дорад ва ҳар як амали хуб сазовори подоши нек мегардад.

Мутахассисони озмоишгоҳ низ дар навбати худ ба Сардори давлат Эмомалӣ Раҳмон барои таваҷҷуҳ ва тақдими чунин як коргоҳи замонавӣ изҳори сипосу миннатдорӣ карданд.

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
Харита
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон, 2005 - 2018
Тел/Факс.: (+992 37)2212520