Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Барқияи табрикӣ ба Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон доктор Ҳасани Рӯҳонӣ

14.07.2015 18:17, шаҳри Душанбе

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон доктор Ҳасани Рӯҳонӣ барқияи табрикӣ ирсол намуд, ки дар он, аз ҷумла омадааст:

"Ҷаноби Олӣ,

Бо камоли хушнудӣ ва масаррати фаровон хабари ба тавофуқ расидани Ҷумҳурии Исломии Эрон ва гурӯҳи “5+1”-ро дар масоили барномаи ҳастаии Шумо дарёфт намудам.

Пирӯзии афкори созанда дар ин мавзӯъ дар воқеъ зафар ёфтани ақлу заковат ва тафаккури инсонист, ки он на танҳо ба нафъи Эрони бародар, балки ба манфиати тамоми минтақа аст ва ба мардумони соҳати паҳновари он ва ҳамаи бани Одам зиндагии орому осоишта, пешрафту тараққӣ ва ояндаи хубу осмони беғуборро таъмин мекунад.

Бо ибрози табрику таҳнияти Ҷаноби Олӣ ва мардуми Эрон бо ин дастоварди бузург ба кишвари бародар амну амонӣ ва рифоҳу саодат орзумандам".

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
Харита
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520