Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Иштирок дар Форуми кишоварзии Тоҷикистону Ҳиндустон

13.07.2015 15:26, шаҳри Душанбе

Имрӯз дар Маҷмаи давлатии «Кохи Борбад»-и шаҳри Душанбе бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Сарвазири Ҷумҳурии Ҳиндустон Нарендра Модӣ Форуми кишоварзии Тоҷикистону Ҳиндустон баргузор гардид.

Дар форуми мазкур намояндагони ниҳодҳои давлатӣ, коршиносони марказҳо ва созмонҳои тадқиқотӣ, ширкатҳои хусусӣ ва соҳибкорони бонуфуз иштирок дошта, интизор меравад дар рафти форум миёни онҳо созишномаҳое ҳосил мегарданд, ки мавриди иҷрои амалии ҳарду ҷониб қарор хоҳанд гирифт.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ дар ин форум таъкид намуд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ба роҳ мондани ҳамкории мутақобилан судманд миёни ду кишвар имкониятҳои васеи иқтисодӣ дорад. Ҳоло дар Тоҷикистон тарҳу лоиҳаҳое ба маблағи ҳафту ним миллиард доллари амрикоӣ амалӣ шуда, қонунгузории кишвар зиёда аз чил номгӯи кафолату имтиёзҳоро дар иртибот ба андозбандӣ ва фаъолияти гумрукӣ муқаррар намудааст.

“Шароити мусоиди иқлим ва табиати мамлакат, ки дорои офтобу оби фаровон, инчунин водиҳои ҳосилхез барои парвариши меваю сабзавот ва маҳсулоти босифат мебошад, барои рушди минбаъдаи соҳаи кишоварзӣ имконияти ҳамаҷониба фароҳам овардааст”, - тазаккур дод Сарвари мамлакат Эмомалӣ Раҳмон.

Бо назардошти ин, аз тоҷирону соҳибкорони ҳиндӣ даъват карда шуд, ки ҳамкориро бо шарикони тоҷики худ тақвият дода, лоиҳаҳои муштараки манфиатовари сармоягузориро дар Тоҷикистон татбиқ намоянд.

Президенти кишвар аз густариши ҳамкории Тоҷикистону Ҳиндустон дар арсаҳои мухталиф изҳори қаноатмандӣ намуда, тазаккур дод, ки ба ҷаҳониён маълум аст, ки пайвандҳои ду кишвари мо бар қаробати таърихӣ ва фарҳангии мардумони куҳанбунёд ва арзишҳои оламшумуле, ки аз баҳри беканори одоби мондагор, фалсафаи инсондӯстӣ ва ҷаҳонбинии ростину фарохи аҷдоди мо маншаъ мегиранд, асос меёбад.

Сарвазири Ҳиндустон Нарендра Модӣ низ ҳангоми суханронӣ ба густариши муносиботи ҳасанаи ҳарду кишвар таъкид намуда, омодагии ҷониби Ҳиндустонро дар тавсияи татбиқи лоиҳаҳои сармоягузории соҳибкорони ҳиндӣ дар бахшҳои мухталиф, бахусус кишоварзӣ иброз намуд.

Дар ҷараёни форум Сарвазири Ҷумҳурии Ҳиндустон Нарендра Модӣ ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон китоби Бобоҷон Ғафуров “Тоҷикон”-ро, ки ба тозагӣ бо забони ҳиндӣ нашр шудааст, тақдим намуд.

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
Харита
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520