Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Оғози сафари давлатии Сарвазири Ҷумҳурии Ҳиндустон Нарендра Моди ба Тоҷикистон

13.07.2015 09:36, шаҳри Душанбе

Сафари давлатии Сарвазири Ҷумҳурии Ҳиндустон Нарендра Моди, ки шоми дирӯз вориди шаҳри Душанбе шуд, имрӯз бо мулоқот бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон оғоз ёфт.

Барои истиқболи меҳмони олимақом майдони назди Қасри Миллат ба таври хоса омода гардида, ҷузъутомҳои Горди фахрӣ ва оркестри асбобҳои нафасӣ саф оростанд.

Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон меҳмони олимақом Сарвазири Ҷумҳурии Ҳиндустон Нарендра Модиро истиқбол гирифта, ба болои минбари ифтихорӣ даъват намуд.

Маросими истиқболи расмӣ бо гузориши фармондеҳи Горди фахрӣ ва садо додани сурудҳои миллии ду кишвар оғоз ёфт. Ҳамзамон бо сурудҳои миллӣ тибқи муқаррароти ташрифотӣ садои  21 шиллик аз тӯпхонаҳо дар фазои шаҳри Душанбе танинандоз гардид, ки танҳо хоси сафарҳои давлатӣ аст.

Маросими бошукӯҳи истиқбол сипас бо гузаштани якҷояи Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Сарвазири Ҷумҳурии Ҳиндустон Нарендра Моди аз назди ҷузъутомҳои Горди фахрӣ, арзи эҳтиром ба Парчами давлатии Тоҷикистон ва салому дуруди меҳмони олимақом ба афсарону сарбозон ва шиносоӣ бо ҳайатҳои расмии ду давлат идома ёфта, бо расми гузашти низомии Горди фахрӣ аз назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва меҳмони олимақом, Сарвазири Ҷумҳурии Ҳиндустон Нарендра Моди ба поён расид.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520