Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Оғози сафари корӣ ба шаҳри Уфаи Федератсияи Русия

08.07.2015 11:29, Русия

Имрӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барои иштирок дар ҳамоиши навбатии сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай вориди шаҳри Уфа, пойтахти Ҷумҳурии Бошқирдистони Федератсияи Русия шуд.

Дар фурӯдгоҳи байналмилалии шаҳри Уфа Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро Президенти Ҷумҳурии Бошқирдистони Федератсияи Русия Рустам Ҳамитов, Котиби генералии Созмони ҳамкории Шанхай Дмитрий Мезентсев, намояндагони баландпояи мақомоти марказии Федератсияи Русия ва дигар шахсони расмӣ истиқбол гирифтанд.

Худи ҳамин рӯз мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин ва вохӯриҳо бо роҳбарият ва донишҷӯёни Донишгоҳи нафтию техникии Уфа ва бо намояндагони ҷамъиятҳои тоҷикону ҳамватанони муқими Русия дар назар аст.

Зимни ин сафар Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ҳамоиши навбатии сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай иштирок намуда, чанд мулоқоти дигари дуҷониба, аз ҷумла бо Президенти Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Ашраф Ғанӣ Аҳмадзай анҷом хоҳад дод.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520