Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

30.06.2015 09:46, шаҳри Душанбе

Имрӯз таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳукумати кишвар Эмомалӣ Раҳмон ҷаласаи навбатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Зимни баррасии масъалаи кадрҳо, ки дар оғози маҷлис сурат гирифт, аъзои нави ҳайати мушовараи Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда шуд.

Сипас Нақшаи кори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нимсолаи дуюми соли 2015 ва Барномаи миллии рушди донории хун ва ҷузъҳои он дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2015-2019 тасдиқ карда шуд.

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор» ва лоиҳаи тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи иҷозатдиҳӣ” маъқул дониста шуда, ба баррасии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардид.

Тавре зикр гардид, лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор» дар асоси супоришҳои Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон, ки дар паёми имсолаи худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баён гардида буд, таҳия ва пешниҳод шудааст.

Ҳадафи асосӣ аз пешниҳоди ин қонун таъмини шаффофият дар санҷишҳо, пешгирӣ аз санҷишҳои дурудароз ва беасосу такрорӣ ва додани сабукиҳо ба соҳибкорону сармоягузорон аст. Дар лоиҳаи қонуни мазкур муҳлати санҷишҳо барои субъектҳои калони соҳибкорӣ на зиёда аз 10 рӯз барои субъектҳои миёнаи соҳибкорӣ то 5 рӯз, барои субъектҳои хурд 2 рӯз муқаррар гардидааст.

Дар идомаи маҷлис Консепсияи расонидани ёрии ҳуқуқии ройгон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, Нақшаи стратегӣ оид ба ислоҳоти минбаъдаи маблағгузории соҳаи тандурустӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2015 -2018, Нақшаи чорабиниҳо оид ба амалӣ намудани лоиҳаҳои афзалиятнок дар соҳаи энергетикаи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2015-2020, Қоидаҳои қабули донишҷӯён ба муассисаҳои таҳсилоти олии ҷумҳурӣ тибқи квотаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Тартиби пардохти иловапулӣ ба маоши омӯзгорони ҷавон, ки дар деҳот фаъолият менамоянд, тасдиқ карда шуд.

Дар фароварди маҷлис дар назди масъулин доир ба ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолияти хоҷагии халқи ҷумҳурӣ дар нимсолаи якуми соли равон, ҷамъоварии ҳосили маҳсулоти кишоварзӣ ва ба роҳ мондани кишти такрорӣ, захира кардани маводи ғизоию сӯзишворӣ барои тирамоҳу зимистони оянда ва ҳамчунин доир ба пурзӯр намудани тадбирҳои амниятӣ ва ҳифзи сарҳади давлатӣ бо Афғонистон вазифаҳои мушаххас гузошта шуд.

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
Харита
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520