Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Суханронӣ ба муносибати 18-солагии Рӯзи ваҳдати миллӣ

26.06.2015 09:33, шаҳри Душанбе

Ҳамватанони азиз!
Донишҷӯёни муҳтарам!

Фардо мардуми шарафманди тоҷик ҳаждаҳумин солгарди Рӯзи ваҳдати миллиро дар фазои сулҳу суботи комил таҷлил мекунад.

Барои расидан ба ин рӯзи саид халқи тоҷик аз имтиҳони бисёр сахту сангини таърих гузашта, ба шарофати хиради азалии худ ба мухолифати мусаллаҳона ва ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ хотима бахшид ва ба аҳли башар исбот намуд, ки метавонад таҳти парчами ваҳдату ҳамдигарфаҳмӣ сарҷамъ гардида, дар фазои сулҳу субот умр ба сар бурда, сарзамини аҷдодии хешро бо азму талоши ватандӯстона ободу зебо гардонад.

Бинобар ин, бо шукргузорӣ аз сулҳу оромӣ, суботи комили сиёсӣ ва рушду тараққиёти устуворе, ки имрӯз дар Ватани аҷдодиамон ба даст омадааст, кулли мардуми шарифи Тоҷикистон ва ҳамаи ҳамватанони бурунмарзиамонро ба ифтихори Рӯзи ваҳдати миллӣ самимона табрик мегӯям ва ба хонадони ҳар фарди кишвар осоишу оромӣ, хушбахтиву сарбаландӣ ва саодати доимии рӯзгорро орзу менамоям.

Ваҳдати миллӣ барои мо дастоварди ниҳоят пурарзиш, шарти асосии некӯаҳволии халқамон ва таҳкурсии боэътимоди пешрафту ободии Ватани маҳбубамон мебошад.

Аз ин лиҳоз, вазифаи ҳар шахси худшиносу худогоҳ, ватандӯсту ватанпарвар аз он иборат аст, ки ваҳдати миллиро чун гавҳари бебаҳо ва дастоварди ниҳоят азиз ҳифз намояд ва онро дар радифи дигар муқаддасоти миллиамон пос ва гиромӣ дорад.

Ваҳдати миллӣ ҳамчун рамзи пирӯзиву хушбахтӣ ба мардуми тоҷик нерӯву тавони нав бахшид, дар қалби ҳар як сокини кишвар шуълаи умедро ба фардои ободу осуда фурӯзон намуд ва қалбҳои хурду бузурги мамлакатро пур аз шодиву фараҳ гардонид.

Ин рӯйдоди нодири таърихӣ дар дилу шуури шаҳрвандони кишвар ҳисси эҳтиром ба Тоҷикистони азиз ва муқаддасоти Ватанро устувор гардонида, ба онҳо эътимод бахшид, ки миллати куҳанбунёди тоҷик метавонад танҳо бо ҳамин ғояи наҷотбахш ба ободкориву созандагӣ машғул шавад ва барои ояндагон як Ватани ободу зебо ба мерос гузорад.

Марҳалаи начандон тӯлонии таърихӣ собит сохт, ки тоҷикон дар ҳақиқат миллати созандаву бунёдкор, ватандӯсту ватанпарвар, соҳибтамаддуну фарҳангӣ ва сулҳхоҳу таҳаммулгаро буда, метавонанд бо ваҳдату сарҷамъии худ ҷомеаи воқеан муосири демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявиро бунёд намоянд.

Дар робита ба ин, ба шумо, ҷавонони азиз муроҷиат менамоям, ки ин дастоварди бузурги таърихӣ - ваҳдати миллиро гиромӣ доред, онро эҳтирому эҳтиёт кунед, ояндабину дурандеш бошед, парчами ваҳдатро баланд бардоред, ба Ватани маҳбубамон содиқу вафодор бошед ва ҳар порчаи сарзамини аҷдодиро чун ҷони худ азизу чун модар дӯст доред.

Имрӯз дар муқоиса бо парокандагиву нифоқ, ки таҷассумгари фоҷиаву мусибатҳост, мазмуну моҳият ва арзиши ваҳдати миллии ба нақди ҷони ҳазорон нафар ҳамватанони мо бадастомада дар қалбҳои пиру барнои кишвар мақому манзалати бештар касб кардааст.

Зеро маҳз ваҳдати миллӣ халқи тоҷикро аз хатари парокандагӣ ва давлати тозаистиқлоли тоҷиконро аз вартаи нобудӣ раҳоӣ бахшида, замина фароҳам овард, ки мо муттаҳид шавем, Ватанамонро соҳибӣ ва обод кунем ва рушди бомароми Тоҷикистони азизамонро таъмин гардонем.

Таҳлилҳои таърихӣ, илмӣ ва муқоисавӣ нишон медиҳанд, ки мо метавонем роҳи дар даврони истиқлолият тайкардаи худ, инчунин ваҳдати миллиро ҳамчун бозёфти нодири халқамон муаррифӣ намоем.

Зеро таҷрибаи ваҳдати миллии тоҷикон дар доираҳои илмӣ ва сиёсии дохиливу байналмилалӣ ва аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ мавриди таҳлилу омӯзиши ҳамаҷониба қарор дорад.

Дар робита ба ин, мехостам баъзе андешаву пешниҳодоти мушаххаси худро доир ба аҳаммият ва зарурати тақвият бахшидани ваҳдати миллӣ баён намоям, ки таваҷҷуҳ ба онҳо дар марҳалаи имрӯза ва ояндаи рушди кишварамон бисёр муҳим мебошад.

Дар шароити имрӯза, ба мо, пеш аз ҳама, зарур аст, ки моҳият ва мафҳуми ваҳдати миллиро ҳамчун инъикосу ифодаи ҳамдигарфаҳмӣ ва ҳамзистии тамоми шаҳрвандон, наслҳо ва ақидаҳо дар сатҳи кишвар муаррифӣ намоем.

 

Чунин таҳаввули мафҳум ваҳдати миллиро фарогиру устувор мегардонад ва имкон медиҳад, ки он ба ҳайси як унсури муҳимтарини худшиносии миллӣ дар байни ҷомеа ҳарчи бештар густариш пайдо намояд.

Аз ин лиҳоз, зарур аст, ки мардуми мо ва алалхусус, насли ҷавони кишвар андешаи сулҳу ваҳдатро ҳамчун ҷузъи муҳимтарину ҷудоинопазири фарҳанг ва ҳувияти миллӣ қабул намоянд ва ба хотири таҳкими ҳарчи бештари он саъю талош варзанд.

Ғояи ваҳдати миллӣ дар як марҳалаи муҳими таърихӣ ҳамчун омили муттаҳидкунандаи ҷомеаи мо хизмати бузургу арзандаро анҷом дод.

Акнун замони он фаро расидааст, ки консепсияи ваҳдати миллӣ ҳамчун қисми таркибиву тавонбахши андешаи миллӣ таҳкиму тақвият бахшида шавад ва ҳар як шаҳрванди худогоҳу худшиноси кишвар бояд ба қадри ин неъмати муттаҳидсози ҷомеа расад ва онро гиромӣ дорад.

Бори дигар таъкид месозам, ки ҳар як сокини кишвар, сарфи назар аз мансубияти милливу динӣ ва ақидаи сиёсии худ бояд дарк намояд, ки ҳам рушди ҷомеа ва ҳам умеду орзуи ӯ фақат дар сурати пойдории сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ амалӣ шуда метавонад.

Ҳар яки шумо шоҳиди воқеаҳое мебошед, ки вақтҳои охир дар Сурия, Ироқ, Либия, Яман, Миср, Афғонистон ва баъзе кишварҳои дигар идома доранд.

Дидани вазъи гурезаҳое, ки барои наҷоти ҷони худ аз Сурия ба кишварҳои дигар, аз ҷумла ба Туркия фирор мекунанд, ҳар шахси солимфикру бовиҷдонро ба риққат меорад.

Ин ҳодисаҳо ҳар яки моро водор месозанд ба хотир орем, ки чунин рӯзҳои ниҳоят сахту сангин ба сари мо ва сарзамини мо низ омада буданд.

Шумо, ҷавонон, бояд он рӯзҳои бисёр даҳшатноку фоҷиаборро, ки боиси азобу машаққати зиёд ва ба ҳалокат расидани даҳҳо ҳазор нафар аҳолии осоиштаи мамлакат шуда буданд, ҳаргиз фаромӯш насозед.

Бо мақсади таҳкими минбаъдаи ваҳдати миллӣ ва пешрафту ободии Ватани азизамон дарки дурусти мафҳуми “шаъну шарафи шаҳрвандӣ ва ғурури ватандорӣ” бисёр муҳим мебошад.

Яъне шаҳрванди Тоҷикистон будан ҳамчун омили муҳимтарини муттаҳидкунандаи аҳли ҷомеа дар ташаккули ҷаҳонбинии ҳар як шахс бояд нақши муассир дошта бошад.

Дар баробари ин, фаромӯш набояд кард, ки амният ва ваҳдати миллии Тоҷикистон метавонад таҳти таъсири раванду рӯйдодҳои ҷаҳони пуртазоди имрӯза, аз ҷумла торафт вусъат гирифтани таҳдиди хатарҳои нав, аз қабили таассубу хурофот, ифротгароии динӣ, терроризм ва дигар ҷинояткориҳои муташаккили трансмиллӣ осебпазир гардад.

Имрӯз ифротгароӣ ё худ экстремизми динӣ беш аз пеш хусусияти фаромиллӣ ва глобалӣ касб мекунад.

Ин зуҳуроти хатарнок дар минтақаву кишварҳои гуногуни ҷаҳон доман паҳн карда, ҳамчун вабои аср ба амнияти минтақаву давлатҳои алоҳида ва умуман ҷомеаи ҷаҳонӣ таҳдиди воқеӣ ба вуҷуд овардааст.

Афзоиши нуфузи ниҳоди террористии ба ном Давлати исломӣ дар Сурия ва Ироқ, аз ҷониби ҷангҷӯёни он кӯшиши зери тасарруф гирифтани минтақаҳои нав ба нави ин кишварҳо, куштори бераҳмонаи ҳазорон нафар мардуми мусулмон ва аз байн бурдани мероси фарҳангӣ, инчунин вусъат гирифтани ғояҳои тундгароӣ дар баъзе давлатҳои ҳамсоя, аз ҷумла Афғонистон омилҳои асосӣ ва нигаронкунандаи вазъияти имрӯза ба ҳисоб мераванд.

Дар ин раванд, яке аз масъалаҳои муҳимму арзишманд аз он иборат аст, ки мо бояд ҳамеша ҳушёру зирак бошем, ба ҳар гуна дасисаву фиреби доираҳои манфиатхоҳи бегона фирефта нагардем, мардумро муттаҳид ва суботи сиёсиро боз ҳам устувор гардонем.

Зеро аз таъсири манфии ҳодисаву таҳаввулоти охир, ки дар онҳо намояндагони даҳҳо кишварҳои дунё иштирок доранд, ягон мамлакат, аз ҷумла Тоҷикистони мо низ эмин буда наметавонад.

Аз ин лиҳоз, ҳарчи бештар таҳким бахшидани ваҳдати миллӣ ва муътадил нигоҳ доштани фазои сиёсиву мафкуравии ҷомеа барои давлатдории тоҷикон нақши аввалиндараҷа ва ҳатто сарнавиштсоз пайдо кардааст.

Маҳз ба ҳамин хотир масъалаи таҳкиму тақвияти ваҳдати миллӣ ва сулҳу суботро дар ҷомеаи имрӯза ба таври васеъ, мақсаднок ва мунтазам таблиғу ташвиқ кардан амри заруриву ҳаётӣ мебошад.

Бо ин мақсад, вазоратҳои маориф ва илм, фарҳанг, кумитаҳои кор бо ҷавонон, сайёҳӣ ва варзиш, занон ва оила, оид ба корҳои дин, танзими расму оин ва анъанаҳои миллӣ, Академияи илмҳо, Маркази тадқиқоти стратегӣ, Маркази исломшиносӣ, сиёсатшиносон, муаррихону файласуфон ва дигар муҳаққиқонро зарур аст, ки тарғиби консепсияи ваҳдати миллиро ҳамчун яке аз унсурҳои асосии андешаи миллӣ бо ҷалби ниҳодҳои дахлдор ва ҷомеаи шаҳрвандӣ бо масъулияти баланди ватандорӣ ва воқеъбинона идома бахшанд.

Бо истифода аз фурсати муносиб, ман ба ҷавонони қавиирода ва бонангу номуси Ватанамон, ки насли ояндасози давлат ва миллат мебошанд, муроҷиат менамоям, ки ояндаи кишвар бо дасти шумо бунёд хоҳад шуд.

Шумо бояд ин Ватанро сидқан ва мисли ҷони худ дӯст доред, шукронаи обу хоки диёрро ба ҷо оред, онро аз ҳама гуна хатару таҳдидҳо ҳифз кунед ва барои ободиву сарсабзии ин диёри биҳиштосо даҳчанд саъю талош намоед.

Ман ба азму иродаи шумо ва тамоми ҷавонони мамлакат бовар дорам ва медонам, ки аз уҳдаи ин рисолату вазифаи бошараф сарбаландона мебароед.

Ҷавонони далеру ғаюри кишвар бояд бо эҳсоси амиқи ватандӯстӣ ва масъулиятшиносӣ ба давлату Ватани хеш содиқ бошанд, зарари бегонапарастӣ ва фиребу найранги созмонҳои террористиву ифротгаро, бахусус амалҳои фоҷиабори онҳоро, ки зери номи мубораки ислом анҷом дода мешаванд, хуб фаҳманд, дар ғафлат намонанд, зиракии сиёсиро аз даст надиҳанд ва ҳимояи Ватанро аз таҳдиди хатарҳои муосир вазифаи ҷонии худ қарор диҳанд.

Зеро имрӯз аксари гурӯҳу ҳаракатҳои тундрав аз номи дини мубини ислом сӯиистифода карда, миёни мазҳабҳои он низоъҳои нангинро ташкил карда истодаанд, ки ин раванд, бешубҳа, сабабгори паст шудани мақому манзалати ин дини муқаддас дар афкори ҷомеаи ҷаҳон мегардад.

Мардуми Тоҷикистон, аз ҷумла ҷавонони мо набояд фаромӯш кунанд, ки мо муҳтоҷи ҷаҳонбинӣ ё мазҳаби дигар нестем.

Мо мазҳаби таҳаммулгарои худ – ҳанафия ва пири мазҳабамон – Имоми Аъзамро дорем, ки чанд сол пеш бузургдошти 1310 – солагии ӯро дар сатҳи баланд таҷлил кардем.

Илова бар ин, бо мақсади ба ҳар хонандаи тоҷик дастрас гардонидани мазмун ва асли каломи Худованд Қуръони маҷидро ба забони давлатӣ тарҷума ва чандин бор бо теъдоди зиёд нашр намудем.

Қуръони маҷид муъминро муқобили муъмин қарор надодааст, баръакс онҳоро ба ҳамдилӣ, ҳамдигарфаҳмӣ ва сабру таҳаммул даъват менамояд.

Аммо дар шароити кунунӣ ҳаракату ҷараёнҳои экстремистиву террористӣ мазмуни оятҳои қуръониро ба тарзи худ маънидод карда, нифоқу низоъро миёни пайравони ислом вусъат додаанд ва дар як қатор кишварҳои мусулмонӣ ҷангҳои харобиоварро шурӯъ кардаанд.

Худатон шоҳид ҳастед, ки аъмоли фоҷиабори ҳаракатҳои зикршуда, аз ҷумла созмони террористии ба ном Давлати исломиро дар олами мутамаддин касе дастгирӣ намекунад, баръакс ваҳшонияти асримиёнагии онҳоро ҳама маҳкум мекунанд.

Дар хотир бояд дошт, ки давлати исломӣ бо дини мубини ислом ягон робита надорад, баръакс нақшаву нияти қудратҳои ҷаҳониро, ки рушди давлатҳои мусулмониро намехоҳанд, амалӣ карда истодааст.

Ҳамроҳ шудани баъзе ҷавонони мо ба ин ҳаракатҳо ҳар як инсони бедордилро набояд бетараф гузорад, баръакс ӯро водор созад, ки ба муқобили ин вабои аср мубориза барад ва давлату Ватани худро аз ҳар гуна хатарҳои даҳшатбор эмин нигоҳ дорад.

Мувофиқи маълумот ҳоло дар низоъҳои шадиди ҷиҳодӣ ва мазҳабӣ ба ҳайати созмони террористии ба ном Давлати исломӣ зиёда аз 300 нафар шаҳрвандони гумроҳгаштаи Тоҷикистон, аз ҷумла чандин нафарашон якҷо бо ҳамсару фарзандон, шомил шудаанд, ки қисмати зиёди онҳоро ҷавонони аз 18 то 25 - сола ташкил медиҳанд.

То имрӯз зиёда аз 100 нафари онҳо дар муҳорибаҳо кушта шудаанд.

Айни ҳол 7 ҳолати ба Сурия рафтани донишҷӯёни тоҷики дар хориҷи кишвар таълимгиранда муайян шудааст.

Инчунин далелҳои иштироки 11 нафар донишҷӯёни макотиби олии мамлакат дар сафҳои ба ном Давлати исломӣ ба қайд гирифта шудаанд.

Аз марги баъзеашон ба падару модар маълумот расида, онҳо аз ин амали нангини фарзандонашон миёни хешу табор ва ҳамсояҳову аҳли ҷомеа дар хиҷолатанд, чунки фарзандони онҳо ҳам ба Ватан - модар ва ҳам ба мазҳаби ҳанафия хиёнат кардаанд.

Дар тӯли таърих ягон халқу миллат хиёнат ба Ватан – модар, давлат ва мардумро набахшидааст ва намебахшад. Хусусан, мардуми шарифи Тоҷикистон рафтори хиёнаткоронаи баъзе гурӯҳҳову шахсонеро, ки ибтидои солҳои 90-уми асри гузашта Ватани аҷдодии моро ба хоку хун кашиданд ва кишвари тозаистиқлоли моро ба коми оташ тела доданд, ҳеҷ гоҳ фаромӯш намекунанд.

Яке аз сабабҳои асосии гаравидани ҷавонон ба чунин созмонҳо орзуи дар муддати кӯтоҳ соҳиби пулу моли бисёр шудан мебошад.

Онҳо ба ваъдаҳои бардурӯғи эмиссарҳои хориҷӣ бовар карда, ба чунин роҳи ҳалокатбор раҳсипор мегарданд.

Ё худ ба шиорҳои бардурӯғе, ки фақат дар ин набардҳо «дарёфт кардани адолат имкон дорад», фирефта мешаванд.

Дар робита ба ин, бори дигар ҷавононро ҳушдор доданиям, ки фарзандони азиз, бе заҳмат кашидан кас ба осонӣ соҳиби зиндагии осудаву сазовор намешавад.

Бинобар ин, фирефтаи гирифтори доми тазвири таблиғотчиёни манфиатҷӯй нагардед.

Дар як мақоли халқиамон омадааст, ки “Ганҷ бе ранҷ муяссар намегардад”.

Ин ҳикмати халқи куҳанбунёду бофарҳанги тоҷик падару бобоёни моро тарбия намуда, тавассути ҳофизаи таърихии мардум ба замони мо расидааст.

Шумо бояд аз ин панди ҳакимона сабақи зиндагӣ гиред ва худро ба меҳнат кардану заҳмат кашидан омода намоед ва танҳо бо ҳамин роҳ соҳиб шудан ба зиндагии осударо мароми ҳаётии худ қарор диҳед.

Ин панди ниёгон шиори зиндагии шумо, ҷавонон, бояд қарор гирад ва шумо барои омӯзиши илму дониш, касбу ҳунар ва маърифату фарҳанг кӯшиш намоед, то ояндаи сазовори ин Ватан, ин марзу бум ва ин сарзамини муқаддас гардед.

Вобаста ба ин, вазоратҳои маориф ва илм, фарҳанг, кумитаҳои кор бо ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ, занон ва оила, оид ба дин ва танзими расму оинҳо ва анъанаҳои миллӣ, Академияи илмҳо, Маркази тадқиқоти стратегӣ, Маркази исломшиносӣ, Шӯрои уламо, Шӯрои ҷамъиятӣ, Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон, Шӯрои куҳансолон вазифадор карда мешаванд, ки якҷо бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо корҳои фаҳмондадиҳиро миёни аҳли ҷомеа ва хусусан, дар байни ҷавонон пурзӯр намоянд.

Дар ин самт ба тарғибу ташвиқи моҳияти давлату давлатдории муосири миллӣ, эҳтироми волоияти қонун, ҳифзи манфиатҳои давлат ва халқи Тоҷикистон, қадру қимати ваҳдати миллӣ, сулҳу суботи сиёсӣ ва ҳимояи арзишу дастовардҳои истиқлолияти давлатӣ, инчунин гирифтани пеши роҳи шомилшавӣ ба ҳар гуна ҳаракату ҷараёнҳои тундрав эътибори аввалиндараҷа бояд дода шавад.

Ҷавонони азиз!

Бори дигар таъкид мекунам, ки тамоми азму талош ва нақшаву ҳадафҳои стратегии Ҳукумат ба хотири муҳайё сохтани шароити зиндагии шоиста барои ҳар як сокини мамлакат, таъмини истиқлолияти энергетикӣ, аз бунбасти коммуникатсионӣ баровардани кишвар ва ҳифзи амнияти озуқавории он равона шудаанд.

Боиси ифтихор аст, ки мардуми бонангу номуси мо бо азму иродаи қавӣ ба хотири иҷрои ин ҳадафҳо корҳои шоистаро ба анҷом расонида, зери парчами давлати соҳибихтиёрамон дар самти бунёдкориву созандагӣ ба дастовардҳои назаррас ноил гардидаанд.

Бо вуҷуди таъсири манфии буҳронҳои молиявию иқтисодии ҷаҳонӣ ва дигар мушкилоти мавҷуда, маҳз тавассути татбиқи самараноки ислоҳот рушди маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ дар давоми ду даҳсолаи охир ҳар сол ба ҳисоби миёна зиёда аз 7 фоиз таъмин гардида, то ба 45,6 миллиард сомонӣ дар соли 2014 расонида шуд.

Бо роҳи таъмин намудани рушди босуботи иқтисодиёт ва татбиқи сиёсати дурусти буҷету андоз даромади буҷети давлатӣ сол то сол афзоиш ёфта, аз 43,2 миллион сомонии соли 1992 то ба 15,3 миллиард сомонии нақшавӣ дар соли 2015 баробар гардид, ки ин нишондиҳанда нисбат ба соли 1992 353 баробар зиёд мебошад.

Ҷиҳати иҷрои самараноки ҳадафҳои стратегиву афзалиятноки кишвар аз ҳисоби ҳамаи манбаъҳои маблағгузорӣ дар соҳаҳои энергетика, нақлиёт ва коммуникатсия, маориф, тандурустӣ, кишоварзӣ ва обёриву обрасонӣ 55 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ бо арзиши умумии беш аз 14 миллиард сомонӣ мавриди татбиқ қарор дорад, ки аз ин маблағ аллакай 6,4 миллиард сомонӣ азхуд карда шудааст.

Дар натиҷа, қариб 2000 километр роҳҳои мошингард таҷдиду бунёд гардида, 200 пул, 31 километр нақб ва 132 километр хатти роҳи оҳан сохта, мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шудаанд.

Ҳамзамон бо ин, дар даврони истиқлолият даҳҳо нерӯгоҳҳои хурду бузург ва марказҳои барқу гармидиҳӣ бо иқтидори 1020 мегаватт сохта, ба истифода дода шуданд, ки ин ба 24 фоизи иқтидорҳои аз замони шӯравӣ то имрӯз истифодашаванда баробар аст.

Ба шарофати иқдомҳои зикршуда ва дигар тадбирҳои то имрӯз амалинамудаи Ҳукумати мамлакат сатҳи некӯаҳволии мардум ба маротиб баланд бардошта шуд.

Дар ин давра сатҳи камбизоатӣ дар кишвар аз 86,6 фоиз ба 32 фоиз паст гардид.

Ҳукумати кишвар бо чораҳои то ба ҳол татбиқгардида маҳдуд нашуда, ҷиҳати ҳалли масъалаҳои иҷтимоӣ ва дар навбати аввал беҳтар намудани шароити соҳаҳои маорифу тандурустӣ, бо шуғли доимӣ фаро гирифтани аҳолӣ ва боз ҳам баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум ва рушду тараққиёти Ватани азизамон талошҳои ҷиддии худро идома мебахшад.

Барои ноил гардидан ба ин ҳадафҳои нек дастгирии бевоситаи шаҳрвандони Ватани азизамон зарур аст ва ман итминони комил дорам, ки мардуми шарифу ватандӯсти мамлакат ҷиҳати ноил гардидан ба ҳадафҳои стратегии Ҳукумат, махсусан дар самти баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволии сокинон аз ин ҳам бештар ҷидду ҷаҳд менамояд.

Дигар ин, ки ҳамасола шумораи донишҷӯёни Тоҷикистон зиёд мешавад. Дар соли 1992 дар кишвар ҳамагӣ 13 муассисаи таҳсилоти олии касбӣ бо шумораи 70 ҳазор донишҷӯ фаъолият мекард.

Айни замон дар мамлакат 38 муассисаи таҳсилоти олии касбӣ фаъолият дорад, ки дар онҳо қариб 170 ҳазор нафар донишҷӯён таҳсил мекунанд.

Агар соли 1992 муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишварро ҳамагӣ 10 ҳазор нафар хатм карда бошанд, пас ин рақам дар соли 2014 ба 31 ҳазор нафар расидааст.

Солҳои охир истифодаи шабакаҳои иҷтимоии интернетӣ ва мубодилаи иттилоот тавассути расонаҳои электронӣ ниҳоят васеъ гардидааст.

Ҳарчанд ки ин раванд ба рушди зеҳният ва ташаккули тафаккури аҳли ҷомеа, бахусус наврасону ҷавонон ба таври мусбат мусоидат карда истодааст, вале аз ҷониби дигар, омили пайвастани баъзе ҷавонон ба созмонҳои ифротӣ гардидааст.

Бо дарназардошти ин, падару модарон бояд муошират ва мукотибаи фарзандони худро назорат кунанд, онҳоро аз таъсири манфии сомонаҳои тарғибкунандаи зӯровариву фаҳш ва дигар рафторҳои ғайриахлоқӣ, инчунин аз ҳар гуна даъвату тарғиботи тундгароёна ҳифз намоянд.

Ба шумо, фарзандони азиз, низ муроҷиат менамоям, ки низоъҳои имрӯза бо истифодаи технологияҳои иттилоотӣ ва коммуникатсионӣ паҳн шуда, боиси шиддат гирифтани бархӯрдҳои фоҷиабор дар ҷаҳон гардида истодаанд.

Чунин вазъ аз ҳар як фарди худогоҳу худшинос зираку масъулиятшинос будан ва ба қадри Ватан расиданро тақозо менамояд.

Ҳангоми истифодаи маълумоти интернетӣ, мутолиаи маводи шабакаҳои иҷтимоӣ ҳамеша ба ақлу заковат ва донишу хиради худ такя намоед, фирефтаи ҳар гуна дасисаву тарғиботи бегонаи ғаразнок нашавед, бо калонсолон ва падару модарони худ сари ҳар як масъала маслиҳат кунед, зеро шумо аз онҳо дида, машваратчии беҳтарро дар зиндагӣ пайдо намекунед.

Фарзанде, ки худотарсу савобҷӯ мебошад, бояд ба ризоияти падару модар кор кунад ва аввал дуои онҳоро гирад.

Вале вақте ки фарзанд аз иродаи падару модари худ саркашӣ карда, ба ихтиёри худ ба ҳар гуна созмонҳои ғайриқонунӣ ҳамроҳ мешавад ва боиси сархамиву хиҷолати волидайн мегардад, аз зиндагии худ ҳеҷ гоҳ баракат намеёбад.

Падару модарони азиз, аз таҳсили ғайрирасмии фарзандон дар муассисаҳои таълими динии хориҷи кишвар эҳтиёт бошед, зеро омили дигаре, ки ба густариши мафкураи экстремистӣ мусоидат мекунад, маҳз таҳсили ҷавонон дар чунин муассисаҳои таълимӣ мебошад.

Гарчанде то имрӯз қисме аз онҳо ба Ватан баргардонида шудаанд, вале то ба ҳол даҳҳо нафари дигар дар мактабҳои динии хориҷӣ ғайриқонунӣ таҳсил карда истодаанд.

Аз ин рӯ, бори дигар аз падару модарони азиз хоҳиш менамоям, ки барои баргардонидани фарзандону хешу таборони худ талош намоед, зеро дар Ватани худамон барои таҳсил ва кору заҳмати созанда тамоми шароит муҳайё карда шудааст.

Аз Ватани аҷдодӣ ношукрӣ кардан гуноҳи азим аст, зеро ватандорӣ як гӯшаи имондорӣ мебошад. Ҳар яки мо бояд ба қадри Ватан расем ва доим кӯшиш кунем, ки Тоҷикистони азизамонро ободу пешрафта ва сарсабзу хуррам гардонида, нуфузу обрӯи онро дар арсаи байналмилалӣ баланд бардорем.

Ин аст қарзи шаҳрвандӣ, омили муттаҳидӣ, садоқати ватандорӣ ва ойини давлатдорӣ!

Боиси нигаронист, ки вақтҳои охир паҳншавии фарҳанги бегона дар баъзе шаҳру ноҳияҳои кишвар мушоҳида гардида, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, дигар сохторҳои маҳаллӣ ва фаъолони шаҳру ноҳияҳо нисбат ба ин масъала фориғболӣ зоҳир менамоянд.

Ман дар вохӯрӣ бо занони мамлакат дар Рӯзи модарон таъкид карда будам, ки “агар хоҳанд, ки кишвареро аз байн баранд, аввал забону фарҳанги онро нобуд месозанд”.

Ин масъала бисёр ҷиддист ва фориғболӣ кардану нодида гирифтани он ба оқибатҳои нохуш оварда мерасонад.

Бинобар ин, бори дигар ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо супориш дода мешавад, ки якҷо бо сохторҳои давлативу ҷамъиятӣ барои тарғиби фарҳанги миллӣ тамоми тадбирҳоро андешида, ҷиҳати гирифтани пеши роҳи бегонапарастӣ, тақлид ба фарҳанги бегона, паҳншавии ҳар гуна зуҳуроти номатлуб, зиёдаравӣ ва решакан кардани хурофот ҳамаи чораҳои заруриро амалӣ гардонанд.

Ҳамчунин, тамоми сохторҳои ҷумҳуриявӣ ва маҳаллиро зарур аст, ки ба хотири шарҳи дурусти аҳаммият ва моҳияти ду қонуни миллӣ - қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо” ва “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” ва риояи ҳатмии муқаррароти онҳо тадбирҳои иловагӣ андешанд.

Назорат ва риояи ин қонунҳои миллӣ имкон медиҳад, ки мо шиддати зиёдаравиро паст намоем, пеши роҳи исрофкориву хурофотро гирем ва некӯаҳволии мардумро боз ҳам беҳтар гардонем.

Вобаста ба ин, таъкид менамоям, ки шаҳрвандони мамлакат, бахусус ҷавонон бояд амиқан дарк кунанд, ки қонунҳои зикршуда яке аз муҳимтарин дастовардҳои миллии мо дар даврони истиқлолият ба шумор рафта, мояи ифтихори мардуми мо ва баёнгари мақсаду мароми давлатамон мебошанд.

Вобаста ба талаботи замон нақши созмонҳои ҷамъиятӣ ҳамчун марказҳои бонуфузи муттаҳидкунандаи нерӯҳо ва андешаҳои гуногуни сиёсӣ ва ҷамъиятӣ минбаъд низ бояд хеле муассир бошад.

Хусусан, Шӯрои ҷамъиятии Тоҷикистон, ки нақши аслии он муттаҳид намудани нерӯҳои сиёсӣ ва ҷомеаи шаҳрвандии кишвар аст, бояд фаъолияти худро васеъ ва таъсирбахш намояд.

Ҳамчунин, барои беҳтар намудани фаъолияти шӯроҳои вилоятӣ, шаҳрӣ ва ноҳиявии Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон бояд тадбирҳои иловагӣ андешида шаванд.

Зеро ин нерӯи созанда низ метавонад ба хотири таҳкими ваҳдати миллӣ нақши созандаро ба анҷом расонад.

Ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ, роҳбарони аҳзоби сиёсӣ, созмонҳои ҷамъиятӣ, намояндагони васоити ахбори омма, созмонҳои ғайриҳукуматӣ ва дигар иттиҳодияҳои ҷамъиятиро зарур аст, ки барои таҳкими ваҳдати миллӣ ва сулҳу субот дар кишвар манфиатҳои миллӣ ва давлатиро аз манфиатҳои гурӯҳӣ ва шахсӣ боло дониста, дар тарбияи насли наврас, пешгирии ҷавонон аз шомил гардидан ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро, мубориза бо экстремизм ва терроризм, инчунин сиёсигардонии дин дар ҳамбастагӣ бо Ҳукумати кишвар бо омода намудани лоиҳаву барномаҳо ва консепсияҳои мушаххас саҳмгузор бошанд.

Аз таҳдиди хатарҳои ҷаҳонишавӣ эмин нигоҳ доштани мардуми кишвар ва таъмини амнияти давлату ҷомеа вазифаи оливу виҷдонии ҳар як фарди ватандӯст махсусан, шумо ҷавонони ояндасоз, мебошад.

Дар иртибот ба ин, вазорату идораҳо ва сохтору мақомоти дахлдорро зарур аст, ки барои пешгирӣ намудани густариши бегонапарастӣ, дарки дурусти моҳияти дунявият ва эҳтиёт намудани ваҳдати миллӣ корҳои фаҳмондадиҳиву таблиғотиро дар ҷомеа васеътар ба роҳ монанд.

Мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомӣ дар шароити торафт вусъат пайдо кардани бархӯрди манфиатҳои абарқудратҳо барои таҳти нуфузи худ қарор додани минтақаҳо ва кишварҳои сайёра, яъне шиддат гирифтани тақсимоти ҷаҳон, инчунин соҳиб шудан ба захираҳои энергетикӣ ва вобаста ба ин, торафт возеҳ гардидани нишонаҳои марҳалаи нави “ҷанги сард” бояд зиракии сиёсиро аз даст надода, барои ҳимояи марзу буми Тоҷикистон ва манфиатҳои давлату миллат ҳамеша омода бошанд.

Амнияти давлату ҷомеаро таъмин кардан, Ватанро дӯст доштан, онро ҳимоя кардан, содиқ будан ба сарзамини аҷдодӣ ва муқаддас донистани рамзҳои давлатӣ вазифаи ҷонии ҳар як афсару сарбоз ва тамоми хизматчиёни Қувваҳои Мусаллаҳ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишвари маҳбубамон ба шумор меравад. Танҳо чунин муносибат, эҳтиром ва садоқат ба Ватан моро аз ҳама гуна хатарҳо эмин нигоҳ медорад ва барои зиндагии осудаву ороми мардум имконият фароҳам меорад.

Аз ин лиҳоз, ба тамоми роҳбарони мақомоти қудратӣ ва афсарону сарбозони далеру шуҷоъ бори дигар муроҷиат менамоям, ки ба хотири таҳкими ваҳдати миллӣ ва сулҳу суботи сиёсӣ ҳамеша ҳушёру зирак бошанд, Ватани маҳбубамонро ҳифз намоянд ва номи пуршарафи ҳомии Ватанро боз ҳам баланд бардоранд.

Барои таъмин намудани амнияти давлат ва ҷомеа, ҳифзи боэътимоди сарҳади давлатӣ, риояи тартиботи ҳуқуқӣ ва волоияти қонун кумаки ҳамаҷониба расонидан ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомӣ, инчунин ба роҳ мондани ҳамкории зич бо онҳо вазифаи ҳамаи сохтору мақомоти давлатӣ ва ҳар як фарди огоҳ ва бонангу номуси ҷомеа мебошад.

Ҳар як шаҳрванд, махсусан ҷавонони мо бояд донанд, ки бе донистани меъёрҳои ҳуқуқӣ, эҳтиром гузоштан ба қонун ва гузашта аз ин, бечуну чаро иҷро кардани онҳо, яъне таъмини волоияти қонун мо ҳеҷ вақт мушкилотеро, ки то ҳанӯз дар ҷомеаи мо вуҷуд доранд, ҳал карда наметавонем.

Дар робита ба ин, ман борҳо гуфтаам ва бори дигар таъкид месозам, ки оромиву осудагӣ, сулҳу субот дар ҷомеа ва ваҳдати миллӣ дар кишварамон хизмати бузургу таърихӣ ва қаҳрамононаи халқи тоҷик ва натиҷаи фаъолияти ҳаррӯзаи фарзандони баору номуси Ватан ба хотири ободиву пешрафти сарзамини аҷдодии мост.

Ваҳдати миллӣ меҳвари сиёсати дохилии давлати мо буда, онро пойдору устувор нигоҳ медорад ва вазифаи муқаддаси ҳамаи мо аз он иборат аст, ки бо саъю талоши пайваста аркони давлати соҳибихтиёрамонро боз ҳам таҳким бахшем.

Дар марҳалаи имрӯза мо бояд беш аз ҳар вақти дигар ҳушёру зирак бошем, бо дасту дили поку нияти нек ва бо рӯҳияи баланди созандагӣ ҷиҳати татбиқи ҳадафҳои стратегии давлатамон кору фаъолият намоем.

Соли оянда ба санаи тақдирсози таърихи навини халқамон – истиқлолияти давлатии Тоҷикистон бисту панҷ сол пур мешавад.

Ба хотири истиқболи арзандаи ин ҷашни бузург бояд ҳар як фарди ҷомеа омодагии ҷиддӣ бинад, содиқонаву софдилона заҳмат кашад ва ҳар соату ҳар рӯзро барои ободии Ватанамон, пешрафти давлатамон ва осоиши рӯзгори мардуми шарифамон самаранок истифода намояд.

Дар ин раванди неку созанда ба кулли мардуми шарифи Тоҷикистон, ҳамватанони бурунмарзиамон ва ба ҳамаи шумо, устодону донишҷӯёни гиромӣ, саломатӣ ва барори кор орзу намуда, ба Ватани азизамон ваҳдати пойдору устувор, сулҳу суботи ҷовидонӣ ва ба ҳар хонадони кишвар зиндагии хушу хуррам ва файзу баракат мехоҳам.

Ҷовидону поянда бод ваҳдати миллии тоҷикон!

Ҷашни ваҳдати миллӣ муборак бошад, ҳамватанони азиз!

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
Харита
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон, 2005 - 2017
Тел/Факс.: (+992 37)2212520