Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқот бо президенти Кумитаи байналмилалии олимпӣ Томас Бах ва раиси Шӯрои олимпии Осиё Шайх Аҳмад Ал-Фаҳад Ал-Сабоҳ

15.06.2015 18:40, шаҳри Душанбе

Имрӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон президенти Кумитаи байналмилалии олимпӣ Томас Бах ва раиси Шӯрои олимпии Осиё Шайх Аҳмад Ал-Фаҳад Ал-Сабоҳро ба ҳузур пазируфт.

Дар мулоқот масоили вобаста ба рушди ҳаракати олимпӣ дар Тоҷикистон, тарғибу ташвиқи васеи мардум, хусусан ҷавонону наврасон ба варзиш ва тарзи ҳаёти солим, баррасӣ шуд.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба Кумитаи байналмилалии олимпӣ ва Шӯрои олимпии Осиё, ки дар рушди ҳаракати олимпӣ дар Тоҷикистон саҳми арзанда мегузоранд, арзи сипос намуд.

Ҳамзамон таъкид гардид, ки барои густариши бештари ҳамкорӣ ва ба даст овардани натиҷаҳои дилхоҳ имкону захираҳои истифоданашуда дар Тоҷикистон фаровонанд.

Доир ба роҳҳои бунёди марказҳои омодагии олимпӣ дар Тоҷикситон гуфтугӯйи судманд сурат гирифт. Чунонки таъкид гардид, дар марҳилаи аввал сохтмони 5 адад чунин марказҳо дар гӯшаҳои гуногуни кишвар мувофиқи матлаб аст.

Томас Бах ва Шайх Аҳмад Ал-Фаҳад Ал-Сабоҳ изҳор доштанд, ки Кумитаи байналмилалии олимпӣ ва Шӯрои олимпии Осиё минбаъд низ ба Кумитаи милли олимпӣ ва варзишгарони Тоҷикистон тавассути саҳмгузорӣ дар бунёди иншооти варзишӣ, таъмини таҷҳизоти зарурӣ, шиносонӣ бо сиёсати олами варзиш ва ҳаракати ҷаҳонии олимпӣ ва ҷудо намудани идрорпулиҳо ба варзишгарони умедбахш дасти кумак дароз хоҳанд кард.

Изҳори бовар карда шуд, ки варзишгарони тоҷик оянда дар бозиҳои олимпию осиёӣ ва дигар мусобиқоти ҷаҳонию минтақавӣ ба натиҷаҳои бештару бештар ноил мегарданд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520