Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқот бо Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон Муҳаммад Навоз Шариф

09.06.2015 18:17, шаҳри Душанбе

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон Муҳаммад Навоз Шариф, ки ҳамчунин бо сафари расмӣ ба Тоҷикистон ташриф овардааст, мулоқоти судманди дуҷониба анҷом дод.

Масоили вобаста ба таҳким ва густариши муносиботи дӯстӣ ва ҳамкории босамари Тоҷикистону Покистон нахуст дар мулоқоти хоса ва сипас бо ҳузури ҳайатҳои васеи ҳарду ҷониб баррасӣ шуд.

Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зимни суҳбат, аз ҷумла изҳор дошт: “Густариши ҳамкории гуногунҷанба ва таҳкими равобити ҳасана бо Ҷумҳурии Исломии Покистон, яке аз самтҳои асосии фаъолияти хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор меравад ва мо имкониятҳои тиҷоративу иқтисодии Покистон, мавқеи геостратегӣ ва нуфузи онро дар минтақаи Осиёи Ҷанубӣ ва ҷаҳони ислом муҳим арзёбӣ менамоем”.

Тавре зикр гардид, заминаи қарордодию ҳуқуқии ҳамкории Тоҷикистону Покистон аз 40 санади дуҷонибаи байнидавлатӣ дар соҳаҳои мухталиф иборат аст.

Бо изҳори қаноат аз суръати рушди ҳамкории иқтисодию тиҷоратии ду кишвар, аз ҷумла тазаккур дода шуд, ки тайи 10 соли ахир ҳаҷми умумии гардиши мол миёни Тоҷикистону Покистон аз 100 ҳазор то 100 млн. доллари амрикоӣ расидааст. Ҳарду ҷониб изҳори бовар намуданд, ки бо чунин суръат ҳаҷми табодули тиҷоратӣ дар се соли оянда то ба зиёда аз 500 млн. доллари амрикоӣ афзоиш хоҳад ёфт. Барои расидан ба ин ҳадаф фаъолияти бештари Комиссияи байниҳукуматии дуҷониба оид ба ҳамкории иқтисодию тиҷоратӣ, мусоидат ба густариши равобити доираҳои соҳибкории ду кишвар, рушди фаъолияти муштарак дар соҳаҳои энергетикаву саноат ва кишоварзӣ, истифодаи васеъ аз минтақаҳои озоди иқтисодии Тоҷикистон ва бандарҳои баҳрии Қарочӣ ва Гвадари Покистон зарур дониста шуд.

Барои ҳарчи зудтар ба имзо расондани Созишномаи сеҷонибаи тиҷорати транзитӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷумҳурии Исломии Покистон ва Ҷумҳурии Исломии Афғонистон изҳори ҳавасмандӣ карда шуд.

Ҷонибҳо ба қарор омаданд, ки моҳи октябри соли равон дар шаҳри Душанбе намоишгоҳи маҳсулоти саноатии Покистон ва дар шаҳри Исломобод ҷаласаи навбатии комиссияи байниҳукуматии ҳамкории иқтисодию тиҷоратии ду кишвар баргузор карда шавад.

Гуфтугӯйи судманд ҳамчуни атрофи мавзӯъҳои вобаста ба авзои кунунии минтақа ва ҷаҳон, ҳамгироии босамари сохторҳои амниятию қудратии ду кишвар дар пешгирӣ аз хатарҳои ҷаҳони муосир ва муборизаи муштарак бо терроризму ифротгароӣ сурат гирифт.

Зимни изҳороти матбуотӣ Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон Муҳаммад Навоз Шариф ба натиҷаҳои мулоқоту музокирот ва дурнамои робитаҳои ду кишвари дӯст баҳои баланд доданд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520