Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Кумак ба ятимону маъюбон, бепарасторон ва оилаҳои камбизоати Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон

07.06.2015 20:04

Субҳи имрӯз бо супориши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади дастгирии иҷтимоии ятимону маъюбон, бепарасторон ва оилаҳои камбизоати Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон корвони иборат аз 76 мошинҳои пурбор ба роҳ баромад.

Тибқи маълумот ба 8597 оилаҳои камбизоат ва ниёзманди вилоят дар ҳаҷми умумии 1100 тонна маводи ғизоӣ расонида мешавад.

Илова бар ин, ба 670 нафар тарбиягирандагони мактаб – интернатҳои вилоят ва 77 нафар ятимони кулл сару либос ва пойафзол, инчунин ба маъюбон аробачаҳои маъюбӣ ва дигар воситаҳои техникии тавонбахшӣ кумак карда мешавад.

Арзиши умумии маводу маҳсулоте, ки ба сокинони ниёзманди вилоят фиристода шуд, панҷуним миллион сомониро ташкил медиҳад.

Кумаки зикршуда беш аз 60 ҳазор нафар аҳолии вилоятро фаро гирифта, нишондиҳандаи ғамхории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба ятимону маъюбон ва ниёзмандону оилаҳои камбизоат мебошад.

Бо мақсади ба таври шаффофу мақсаднок дастрас намудани молу маҳсулот аз ҳисоби аъзои Ҳукумати мамлакат, кормандони масъули Дастгоҳи иҷроияи Президент ва роҳбарони шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон гурӯҳи корӣ таъсис дода шудааст.

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520