Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Барқияи табрикӣ ба Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон Илҳом Алиев

28.05.2015 08:08, шаҳри Душанбе

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон Илҳом Алиев барқияи табрикӣ ирсол намуд, ки дар он, аз ҷумла, омадааст:

Муҳтарам Илҳом Ҳайдарович,

Барои ман боиси қаноатмандист, ки ба Шумо табрикоти самимонаро ба муносибати солгарди ҷашни миллии Ҷумҳурии Озарбойҷон ирсол медорам.
Бо шарофати татбиқи амиқи хатти машй ва рушди босуботи иқтисодӣ, имрӯз Озарбойҷон дар худ кишвари рушдёбандаро таҷассум намуда, бо қатъият ба самти пешрафт ва созандагӣ пеш меравад.

Кишварҳои моро решаҳои таърихии дӯстӣ ва эҳтироми мутақобила бо ҳам мепайванданд. Мо ба дурнамои ҳамкориҳои манфиатовари Тоҷикистону Озарбойҷон дар ҳамаи самтҳо хушбинона нигариста, омодаем, ки кӯшишҳои заруриро барои татбиқи иқтидори бузурги он равона созем. Мутмаинам, ки мо дар якҷоягӣ метавонем муносибатҳоямонро ба манфиати кишварҳоямон ва мардумони он инкишофи бештар бахшида, ҳадафҳоямонро амалӣ намоем.

Дар ин рӯзи тантанавӣ мехоҳам ба Шумо, муҳтарам Илҳом Ҳайдарович, саломатии бардавом, хушбахтӣ ва дар фаъолияти давлдатиатон муваффақиятҳои зиёд, ба мардуми дӯсти Озарбойҷон сулҳу пешрафт таманно дорам.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520