Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шиносоӣ бо рафти сохтмони қитъаи Ваҳдат-Ёвони роҳи оҳани Душанбе-Қурғонтеппа

15.05.2015 12:40, ноҳияи Ёвон

Имрӯз Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон барои шиносоии бевосита бо рафти сохтмони қитъаи Ваҳдат-Ёвони роҳи оҳани Душанбе-Қурғонтеппа ба ноҳияҳои Рӯдакӣ ва Ёвон сафар кард.

Нахуст Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба деҳаи Истиқболи ҷамоати деҳоти Султонободи ноҳияи Рӯдакӣ ташриф овард.

Зимни шиносоӣ бо лоиҳаи сохтмон, аз ҷумла иттилоъ дода шуд, ки масофаи умумии қитъаи Ваҳдат-Ёвони роҳи оҳани Душанбе-Қурғонтеппа 40,7 км буда, дар масири он 3 нақб бо дарозии 3755 м, 8 пул бо тӯли 764 м ва иншооти дигар, аз ҷумла 3 истгоҳ бунёд хоҳанд ёфт.

Барои бунёди ин қитъаи роҳи оҳан, тибқи лоиҳа ҷудо намудани 800 миллион сомонӣ пешбинӣ шудааст.

Аз оғози татбиқи лоиҳа, ки ба соли 2009 рост омада буд, то охири моҳи апрели соли равон 303 миллион сомонӣ аз худ карда шудааст. Дар ин муддат 12 км роҳ пурра бунёд ёфта, дар масофаи қариб 30 километри дигар корҳои заминӣ барои оғози насби релсҳо ба поён расонда шудаанд. Корҳо танҳо барои кандани нақбҳо, бунёди пулҳо ва гузаштан аз чанд қитъаи вазнини кӯҳӣ боқӣ мондааст.

Дар минтақаи кӯҳӣ бунёд намудани ин қитъаи роҳи оҳан барои бинокорони тоҷик таҷрибаи басо зарурӣ мешавад, зеро оянда ин роҳи оҳан аз минтақаҳои ба маротиб аз ин мушкилтари кӯҳӣ бояд аз тариқи кӯҳистони водии Рашт ба Қирғизистону Чин ва дар ҷануб ба Афғонистону Туркманистон ва Эрон расонда шавад.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар даромадгоҳи шимолии нақби аз ҳама дарози ин қитъаи роҳ, ки масофааш қариб 3 км хоҳад буд, бо гузоштани санги асос ва нома ба наслҳои оянда ба бунёди он оғози расмӣ бахшид.

Дар ҳамин мавзеи зебои кӯҳӣ Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарияти соҳа, бинокорони роҳи оҳан ва намояндагони мардуми деҳоти атроф мулоқот намуда, аз ҷумла таъкид дошт, ки ин роҳи оҳан бояд бо сифати баланди сатҳи ҷаҳонӣ сохта шавад, зеро оянда он бо шабакаҳои минтақавии байналмилалии роҳҳои оҳан пайваст шуда, аз ҷумла робитаи мустақими Тоҷикистонро бо Қирғизистону Чин ва Афғонистону Туркманистон ва Эрону дигар кишварҳои Осиёи Ҷанубӣ таъмин хоҳад кард.

Зимни шиносоии бевосита дар қитъаҳои гуногуни сохтмони роҳи оҳан, ҳамчунин иттилоъ дода шуд, ки дар ин ҷо ҳоло беш аз 400 нафар бинокорон аз 13 ширкату ташкилоти сохтмонӣ машғули коранд. 10 адади ин корхонаҳои сохтмонӣ ватанӣ ва беш аз 70% бинокорон шаҳрвандони Тоҷикистон мебошанд. Ширкатҳои хориҷӣ, ки асосан дар бунёди нақбу пулҳо иштирок доранд, аз Ҷумҳурии Мардумии Чин ва Ҷумҳурии Исломии Эрон мебошанд. Ҳоло дар қитъаҳои гуногуни сохтмонӣ беш аз 150 адад техникаю механзмҳои сохтмонию боркашонӣ ба кор ҷалб карда шудааст.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон қариб дар ҳар як қитъаи роҳ таваққуф намуда, бинокронро ба анҷоми босифати корҳо ҳидоят намуд.

Тавре таъкид гардид, сохтмони қитъаи Ваҳдат-Ёвони роҳи оҳани Душанбе-Қурғонтеппа бояд то моҳи августи соли 2016 пурра ба поён расонда шавад.

 

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
Харита
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520