Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Суханронӣ дар мулоқот бо ҳайати шахсии баталёни танкии қисми низомии 13483 дар ноҳияи Данғара

24.04.2015 15:45, ноҳияи Данғара

Муҳтарам генералҳо, афсарону прапоршикҳо ва сарбозони гиромӣ!

Тибқи анъана мо ҳар вақте ба шаҳру ноҳияҳои кишвар сафари корӣ анҷом медиҳем, ҳатман бо ҷузъу томҳои низомӣ ва шароити хизматии афсарону сарбозон аз наздик шинос шуда, аз рӯҳияи баланду эҳсоси гарми ватандӯстонаи ҳайати шахсӣ қаноатманд гардида, барои бартараф намудани мушкилоту масъалаҳои ҷойдошта дастурҳои зарурӣ медиҳем.

Имрӯз низ дар доираи сафари корӣ ба ноҳияҳои Темурмалик ва Данғара тасмим гирифтем, ки аз шароити хизматии шумо - ҳомиёни шуҷои Ватан - воқиф шавем.

Тавре ки огоҳед, мардуми шарифи Тоҷикистон аз оғози солҳои соҳибистиқлолии кишварамон ба хизматчиёни ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат ҳамчун нерӯи тавонову посдори сулҳу оромии кишвар эҳтироми хоса зоҳир менамоянд, зеро Артиши миллии мо дар мудҳиштарин лаҳзаҳои солҳои 90-уми асри гузашта барои ҳимояи оромиву суботи ҷомеа ва ҳифзи манфиатҳои давлат мардонагии бемисл нишон доданд.

Бо вуҷуди мушкилоти зиёди иқтисодиву молиявӣ ҳанӯз аз марҳалаҳои аввали таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон Ҳукумати мамлакат ба таҷдиду азнавсозии инфрасохтор ва таъсиси ҷузъу томҳои махсусгардонидашуда эътибори махсус дода, дар баробари омодасозии мутахассисони соҳа, ба ташкили воҳидҳои алоҳида ва таъминоти онҳо бо техникаву таҷҳизоти муосир шурӯъ намуд.

Дар ин раванд моҳи марти соли 1997 дар ҳудуди ноҳияи Данғара баталёни танкӣ дар ҳайати Бригадаи савораи тирандози Қӯшунҳои хушкигард таъсис дода шуд.

Мо ин воҳиди низомиро дар даврае таъсис додем, ки ҳанӯз дар кишвар ҷанги шаҳрвандӣ идома дошта, шароити иқтисодиву иҷтимоии мамлакат чандон хуб набуд. Имрӯз бо қаноатмандӣ зикр менамоем, ки воҳиди низомии зикршуда дар солҳои мавҷудияти худ дар бисёр набардҳои сангин фаъолона иштирок кард ва ҳайати шахсии он фидокориву шуҷоат нишон дода, барои таъмини оромӣ ва суботи ҷомеа саҳми сазовор гузошт.

Раванди таъсис ва таъмини пурраи баталён тибқи Нақшаи Қувваҳои Мусаллаҳ давра ба давра амалӣ шуда, аз як тараф, бо роҳи таъсис, пуррагардонӣ ва ҷобаҷогузории ҷузъу томҳо дар самтҳои муҳимми ҳарбиву стратегӣ ва аз тарафи дигар, бо роҳи фароҳам овардани шароити мусоид барои иҷрои вазифаҳои ҷангӣ дар ҳолатҳои фавқулодда корҳои мушаххас анҷом дода шуданд.

Аз ҷумла бо кӯмаку дастгирии бевоситаи Роҳбари давлат дар ин воҳиди низомӣ тамоми шароити мусоиди хизматӣ муҳайё гардида, имрӯз афсарону сарбозон барои иҷрои вазифаҳои ҷангӣ дорои тамоми имкониятҳои зарурӣ мебошанд.

Бинобар ин, хотирнишон месозам, ки шумо, афсарону сарбозони муҳтарам, ҳамчун сипари боэътимоди Ватан бояд доимо зираку ҳушёр бошед ва ҳаргиз фаромӯш насозед, ки фазои орому осудаи имрӯзаи мамлакат ба ивази ҷони садҳо ҷавонмардони бонангу номуси миллат ба даст омадааст. Хусусан вазъияти ҷаҳони имрӯза, ки пур аз низоъ ва ҳолатҳои ғайричашмдошт мебошад, аз шумо ба таври доимӣ зиракиву ҳушёрӣ ва омодабошии ҷангиро тақозо менамояд.

Ҳар як нафар бояд шукрона кунад, ки баъди ҳазорсолаҳо мо соҳиби давлати соҳибистиқлол шудем ва тақдири худро ба дасти худамон гирифтем. Ҳар яки мо вазифадорем, ки ин неъмат, яъне истиқлолиятро содиқона ҳифз кунем. Ҳамзамон бо ин, хотирнишон месозам, ки барои ҳифзу посдории ваҳдату ягонагӣ ва ободии минбаъдаи кишвар мо бояд хеле корҳои созандаву ватандӯстонаро анҷом диҳем.

Ҳомиёни шуҷои Ватан!

То имрӯз ҳайати шахсии баталёни танкӣ ҷиҳати ҳимояи марзу бум ва соҳибихтиёрии давлат, инчунин ба хотири таъмини зиндагии осудаву ороми сокинон ва ҳифзи қонуният мушкилоти зиёдеро пушти сар намудааст.

Дар он айёми ҳассос ман ҳамчун Роҳбари давлат мушкилоти онҳоро хуб эҳсос мекардам. Пеш аз ҳама, кадрҳои ихтисосманди соҳаи низомӣ намерасиданд. Аз ин лиҳоз, мо наметавонистем, ки дар як вақт тамоми қисмҳои низомиро бо афсарону мутахассисони касбӣ таъмин намоем.

Бо гузашти вақт бисёр ҷавононе, ки дар гузашта ҳамчун афсари касбӣ хизмат мекарданд, ба Ватан баргашта, як зумра тоҷикписарон омӯзишгоҳҳои ҳарбиро хатм карда, ба Тоҷикистон барои кору хизмат баргаштанд.

Қисми низомӣ дар он рӯзҳо на хобгоҳи обод дошту на ошхона. Дар бораи макони машқкунӣ, истироҳату фароғат ва паркҳои техникӣ ҷои сухан набуд.

Бо дастгирии Ҳукумати мамлакат азнавсозии қисми низомӣ шурӯъ гардида, бошишгоҳҳои нави замонавӣ бунёд ва бо таҷҳизоту лавозимоти зарурӣ муҷаҳҳаз гардонида шуданд.

Дар натиҷаи чораҳои андешидаи Ҳукумати мамлакат қисми низомӣ дар муддати кӯтоҳ дар байни дигар қисмҳо мавқеи намоёнро соҳиб шуд.

Имрӯз дар назди ҳайати шахсии Қувваҳои Мусаллаҳ ва ҳайати фармондеҳии онҳо, аз ҷумла қисми низомии шумо вазифаҳои басо душвору масъулиятнок қарор доранд. Дар навбати аввал, зарур аст, ки Артиши ҷавони тоҷик ҳамқадами замон ва омодаи хизмат дар шароити бисёр мураккаби минтақа ва ҷаҳон бошад.

Бинобар ин, ҳайати фармондеҳии қисми низомӣ вазифадор аст, ки фаъолияти худро дар доираи «Консепсияи корҳои сиёсӣ-тарбиявӣ дар Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон» тақвият бахшида, барои баланд бардоштани маҳорату малакаи касбии сарбозону афсарон ва омодабошии ҷангии онҳо дар ҳар гуна ҳолатҳо мунтазам чораҷӯӣ намояд.

Дар ин замина бояд сатҳу сифати кори тарбиявӣ, аз ҷумла тарбияи ҳайати шахсӣ дар рӯҳияи ватандӯстиву ватандорӣ ва дӯстиву рафоқат дар байни ҷавонон боз ҳам баланд бардошта шавад.

Ҳамзамон бо ин, зарур аст, ки талаботро нисбат ба афсарону сарбозон, алалхусус дар самти кор бо наваскарон пурзӯр намуда, ба машғулиятҳои омӯзишиву амалӣ ва обутоби маънавию ҷисмонӣ эътибори ҷиддӣ дода шавад.

Афсарону сарбозони муҳтарам!

Мардуми тоҷик дар симои Қувваҳои Мусаллаҳ, аз ҷумла воҳиди низомии шумо ҳомиву муҳофизони худро мебинанд ва бо такя ба ин нерӯи содиқ ба Ватану миллат раванди бунёдкориву созандагии сарзамини аҷдодиамонро вусъат бахшида истодаанд. Зеро баракати зиндагӣ ва осудагии рӯзгори мардум маҳз аз тинҷиву оромӣ ва сулҳу субот вобаста мебошад.

Чунонки дар Пайёми имсолаи худ ба Маҷлиси Олӣ таъкид намудам, вазъияти ҷаҳони имрӯза моро водор мекунад, ки фаъолияти самараноки тамоми сохторҳои давлатиро барои таъмини боэътимоди сулҳу субот ва амнияти кишварамон равона созем ва барои ҳар як сокини кишвар шароити арзандаи зиндагӣ ва ҳаёти осиштаро муҳайё кунем.

Дар ин раванд, кӯшишу талошҳои мо барои тақвияту таҳкими омодагии ҷангии Қувваҳои Мусаллаҳ, воҳидҳои ҷангии онҳо, мустаҳкам намудани интизоми ҳарбӣ ва баланд бардоштани малакаву маҳорати касбии ҳайати шахсӣ равона гардидааст.

Имрӯзҳо ба дӯши Қувваҳои Мусаллаҳ вазифаҳои басо мураккабе вогузор шудаанд, ки иҷрои онҳоро фазои мураккабу печидаи ҷаҳони имрӯза, вазъи шадиди геополитикии сайёра, афзудани тамоюлҳои бартариҷӯӣ ва таҳдиду хатарҳои нави минтақавию ҷаҳонӣ тақозо менамоянд.

Густариш пайдо кардани падидаҳои нангину хатарноки терроризму экстремизм, қочоқ ва муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир, қочоқи силоҳ ва дигар ҷинояткориҳои муташаккил мутобиқсозии амалҳои муштараки сохторҳои қудратии мамлакатро талаб менамоянд. Бояд иброз намоям, ки вақтҳои охир терроризм ва ифротгароӣ беш аз ҳар вақти дигар авҷ гирифта, бо оқибатҳои даҳшатбору бераҳмонаи худ ба проблемаи ҷиддитарини башарият дар асри бистуяк табдил ёфта истодааст.

Бинобар ин, зарур аст, ки дар самти мубориза бар зидди терроризму ифротгароӣ ва дигар ҷинояткориҳои муташаккил, таъмини амнияти давлат ва ҷомеа, баланд бардоштани иқтидори мудофиавии мамлакат ва омодабошии ҷангии Кувваҳои Мусаллаҳ тадбирҳои иловагӣ андешида шаванд.

Дар чунин шароит, гузаронидани машқҳои муштарак дар минтақаҳои гуногуни кишвар бо ҷалби ҷузъу томҳои вазоратҳои мудофиа, корҳои дохилӣ, Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ, Қӯшунҳои сарҳадӣ ва Гвардияи миллӣ бо мақсади боз ҳам баланд бардоштани маҳорати ҷангии ҳайати шахсӣ ва сайқал додани малакаи касбии онҳо зарур аст.

Боз як масъалаи муҳимме, ки аз Паёми Президенти кишвар бармеояд, давра ба давра муҳайё кардани тамоми шароити зарурии зиндагӣ ва хизмат барои сохторҳои низомӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ мебошад.

Бо ин мақсад, яъне барои фароҳам овардани шароити муътадили хизмат танҳо дар давоми чанд соли охир бо дастгириву кумаки ҳамаҷонибаи Ҳукумати кишвар як қатор иншооти Вазорати мудофиа бо инфрасохтори замонавӣ, аз қабили қисмҳои ҳарбии гарнизонҳои Хатлону Суғд, Хоруғ ва шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ пурра азнавсозӣ гардида, ба истифода дода шуданд.

Чанде пештар сохтмони шаҳрчаи ҳарбӣ бо тамоми инфрасохтори ҳозиразамон барои зиёда аз 2000 оилаи хизматчиёни ҳарбӣ ва аҳли оилаи онҳо оғоз гардид.

Ҳукумати мамлакат минбаъд низ доир ба баланд бардоштани қобилияти ҷангии Қувваҳои Мусаллаҳ, беҳтар намудани шароити зиндагиву хизмати ҳайати шахсии ҷузъу томҳои низомӣ ва ҳифзи иҷтимоии онҳо ҳамаи тадбирҳои заруриро амалӣ хоҳад кард.

Бо итминони комил гуфта метавонам, ки ҳайати шахсии баталёни танкӣ дар оянда низ бо риояи интизоми ҳарбӣ, ойинномаҳои низомӣ ва муҳимтар аз ҳама, бо эҳсоси баланди ватандӯстӣ ва худшиносиву ифтихори миллӣ аз иҷрои ҳама гуна вазифаҳои гузошташуда бо сарбаландӣ баромада метавонад.

Дар ҷодаи хизмат ба халқу Ватан ба ҳар яки шумо сиҳативу саломатӣ, осмони соф ва барори кор орзу менамоям.

Инчунин, бо истифода аз фурсат ҳамаи шуморо ба муносибати ҷашни дарпешистодаи 70-солагии Ғалаба бар фашизм самимона табрик мегӯям.

Сарбаланду пирӯз бошед, ҳомиёни шуҷои Ватан!

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520