Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Таъиноти кадрӣ

15.04.2015 17:00, шаҳри Душанбе

Имрӯз Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон як гурӯҳ кадрҳои ба вазифаҳои пурмасъулият дар Суди конститутсионӣ, Суди олӣ ва Суди олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳодшударо барои суҳбат ба ҳузур пазируфт.

Тавре аён гардид, Карим Каримзода аз вазифаи судяи Суди конститутсионӣ бозхонд ва ба вазифаи муовини раиси Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шуд.

Абдуллоҷон Абдуллоев бинобар сабаби расидан ба синни нафақа аз вазифаи судяи Суди конститутсионӣ бозхонд карда шуда, Даврон Ҳошимзода ба вазифаи судяи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардид.

Раиси Суди олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Нусратулло Абдуллозода ва муовини якуми раиси Суди олӣ Маҳмудҷон Ашӯров бо сабаби расидан ба синни нафақа аз ин вазифаҳо бозхонд карда шуданд.

Шермуҳаммад Шоҳиён аз вазифаи раиси Комисссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон бозхонд ва ба вазифаи раиси Суди олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардид.

Абдулҳафиз Ашурзода, ки ҳоло муовини якуми раиси Суди шаҳри Душанбе аст, ба вазифаи муовини якуми раиси Суди олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шуд.

Тибқи пешниҳоди дигар ваколати 7 нафар судяи Суди олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бинобар сабаби ба поён расидани муҳлати ваколаташон бозхонд ва 6 нафар судяе, ки муҳлати ваколаташон ба анҷом расида буд, барои интихоб ба муҳлати нави судяи Суди олӣ пешниҳод гардиданд.

Ваколати муовини раиси Суди олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон Мародбегим Ширинҷон ва 4 нафар судяи Суди олии иқтисодӣ бо сабаби ба синни нафақа расиданашон бозхонд карда шуд.

Зебуннисо Абдуллоева ба вазифаи муовини раиси Суди олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 6 нафар судяи ҷавон, ки беш аз 5 сол дар судҳои поёнӣ таҷрибаи корӣ андӯхтаанд, ба вазифаи судяи Суди олии иқтисодӣ пешниҳод гардид.

Ҳамин тариқ, тибқи пешниҳодҳо аз Суди конститутсионӣ, Суди олӣ ва Суди олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон 19 нафар ба нафақа рухсат дода мешаванд.

Номзадии 23 кадри ҷавону корозмудаи ин соҳаҳо ба вазифаҳои пурмасъулият пешниҳод шуданд, ки аз онҳо 2 нафар ба Суди конститутсионӣ, 14 нафар ба Суди олӣ ва 7 нафар ба Суди олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон рост меояд.

Доир ба интихоб ва бозхонд намудани шахсони мазкур пешниҳодҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол карда шуд.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба Нусратулло Абдуллозода, ки аз вазифаи раиси Суди олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба нафақа рухсат дода шуд, барои хизматҳои бисёрсолаи арзандааш дар мақомоти судӣ ва дигар сохторҳои давлатӣ арзи сипос карда, кадрҳои ҷавони ба вазифаҳои пурмасъулият пешниҳодшударо ба хизмати содиқонаю софдилона ва саҳмгузорӣ дар таъмини адолати судӣ дар ҷомеа ҳидоят намуд.

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520