Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқот бо донишҷӯёни тоҷики дар муассисаҳои таҳсилоти олии Ҷумҳурии Корея таҳсилкунанда

13.04.2015 15:19, Корея

Нимаи дуюми рӯз Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон бо донишҷӯёни тоҷики дар муассисаҳои таҳсилоти олии Ҷумҳурии Корея таҳсилкунанда мулоқот намуд.

Барои иштирок бо Сарвари давлат зиёда аз 60 нафар донишҷӯёни тоҷики дар ин кишвари пешрафтаи осиёӣ таҳсилкунанда ҷамъ омаданд.

Тавре зикр гардид, ҳоло дар Ҷумҳурии Корея беш аз 100 донишҷӯи тоҷик таҳсил мекунанд.

Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ аз дастовардҳои пуршарафи истиқлоли давлатии Тоҷикистон дар соҳаҳои гуногун ёдовар шуда, аз ҷумла иттилоъ дод, ки имрӯз танҳо бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёда аз 30 ҳазор донишҷӯйи тоҷик дар хориҷи кишвар, аз ҷумла дар кишварҳои пешрафтаи қитъаҳои Аврупову Амрико ва Осиё илму маърифат меомӯзанд.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон таъкид дошт, ки аз фурсати таҳсил дар ин кишвари мутараққии ҷаҳон пурсамар истифода бурда, дониши илмию техникӣ ва технологии худро ҳамаҷониба тавсиа бахшанд ва оянда дар инкишофу пешрафти ватани худ, Тоҷикистони азиз саҳми намоён гузоранд.

Ба иттилои Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон оянда шумораи бурсияҳо (квотаҳо)-и Ҷумҳурии Корея барои донишҷӯёни тоҷик боз ҳам бештар хоҳад шуд. Ҳамчунин масъалаи ба роҳ мондани алоқаи мустақили ҳавоӣ миёни Тоҷикистону Корея мавриди омӯзиш қарор дорад.

Дар ҳошияи ин мулоқот миёни Вазорати нақлиёти Тоҷикистон ва Донишгоҳи ҳавонавардии Корея доир ба омодасозии кадрҳои тоҷики ин соҳа созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид.

Тавре зикр гардид, дар шароити рушди имрӯзаи соҳаи ҳавонавардӣ афзун намудани  шумораи кадрҳои ҷавони ин соҳа барои Тоҷикистон басо муҳим аст.

Зимни пурсишу посух ва андешарониҳо донишҷӯёни тоҷик аз имкони мулоқоти бевосита бо роҳбари давлати худ дар ин кишвари дуродур ва ҳам аз ифтитоҳи Сафорати Тоҷикистон дар шаҳри Сеул ва муҳайёшавии заминаи васеи қарордодию ҳуқуқии ҳамкорӣ миёни ду кишвар изҳори шодию нишот карданд.

Аз андешарониҳои чанд соҳибкори тоҷик, ки дар мулоқот ширкат доштанд, маълум шуд, ки дар Ҷумҳурии Корея беш аз 40 нафар соҳибкорон низ аз Тоҷикистон фаъолият мекунанд ва шумораи онҳо рӯй ба афзоиш дорад.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520