Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

31.03.2015 10:28, шаҳри Душанбе

Имрӯз таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳукумати кишвар Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси навбатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Дар оғози маҷлис Барномаи давлатии комплексии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолӣ дар давраи то соли 2020 баррасӣ ва тасдиқ карда шуд.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дастур дод, ки барои татбиқи босамари барномаи мазкур “тамоми имкону захираҳои таълимию тарбиявӣ бояд васеъ истифода шаванд, то ки ҳар як шаҳрванди ҷумҳурӣ барои ҳифзи табиат ва покизагии муҳити зист масъулияти баланд эҳсос намояд”.

Таъкид гардид, ки “табиати биҳиштосои Тоҷикистон аз пурарзиштарин сарватҳои миллӣ ва неъматҳои моддӣ буда, ҳифз ва муаррифии шоистаи он шарти муҳими рушди ояндаи кишвар, аз ҷумла барои ҷалби сайёҳону сармоягузорон, мебошад”.

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон” маъқул дониста шуда, ба баррасии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардид.

Ба баррасии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ ҳамчунин тағйиру иловаҳо ба қонунҳои конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва “Дар бораи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва ба қонунҳо “Дар бораи ҳизбҳои сиёсӣ” ва “Дар бораи иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ” пешниҳод карда шуд.

Барномаи миллии бехатарии авиатсияи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2015-2020 тасдиқ гардид.

Ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ховалинги вилояти Хатлон ва ноҳияи Ҳисор барои ба аҳолии ниёзманд тақсим кардани қитъаҳои наздиҳавлигӣ замин ҷудо карда шуд.

Дар фароварди маҷлис доир ба вусъат додани киштукори баҳорӣ ва истифодаи босамари заминҳои корам, ба кор даровардани пойгоҳҳои барқии обкашӣ, омодагӣ ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ, пурзӯр намудани назорат аз болои сифати татбиқи лоиҳаҳои давлатии инвеститсионӣ, ба низом даровардани истифодабарии роҳҳои мошингард, хусусан роҳҳои навсозишуда, афзун намудани истеҳсолоти саноатӣ, назорати қурби пули миллӣ ва пешгирӣ аз сӯйистифода ва қаллобиҳо дар ин самт, тайёрии ҷиддӣ барои бартарафсозии оқибатҳои офатҳои табиии баҳорӣ ба мисли селу жола, обхезӣ ва ярчу сангрезиш супоришҳои мушаххас дода шуд.

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
Харита
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520