Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ифтитоҳи корхонаи коркарди маҳсулоти хӯрокворӣ дар шаҳри Қайроққум

25.03.2015 13:51, шаҳри Гулистон

Имрӯз дар шаҳри Қайроққум бо иштироки Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон як корхонаи коркарди маҳсулоти хӯрокворӣ  мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт, ки дар назди осоишгоҳи овозадори Баҳористон фаъолият мекунад.

Чунонки зикр гардид, ин корхона, ки бо харҷи 22 миллион сомонӣ бунёд ёфтааст, иборат аз бинои маъмурият, бинои истеҳсолӣ ва бинои гармидиҳӣ бо анбори ангишт буда, тамоми масолеҳи сохтмонии дар бунёди он истифодашуда моли ватании Тоҷикистон мебошад.

Фаъолияти корхона ба коркард ва истеҳсоли маҳсулоти нимтайёр ва тайёри хӯрокворӣ, аз  ҷумла маҳсулоти гӯштӣ, қаннодӣ, сабзавоти коркардшуда ва хӯроки гарми якум ва дуюм равона карда шудааст.

Ин корхона дар масоҳати умумии 0,55 га бунёд ёфта,  аз 3 коргоҳи алоҳида барои  коркарди гӯшт, сабзавот ва истеҳсоли маҳсулоти қаннодӣ иборат аст. Он имкон дорад, ки дар як шабонарӯз то 4 тонна ашёи хом ва нимтайёрро коркарда намуда, маҳсулоти бозоргири хурокворӣ истехсол кунад.

Барои назорати сифати ашё ва ҳолати санитарию эпидемиологии маҳсулот корхона худ озмоишгоҳи муосир дорад.

Барои нигаҳдории ашё мувофиқи талаботи стандартҳои нигаҳдории маҳсулоти хӯрокворӣ дар корхона 4 адад анбор барои нигаҳдории то 70 тонна сабзавот, 7 яхдон бо ҳарорати сифр дараҷа барои то 100 метри мураббаъ маҳсулоти ширӣ, гӯштӣ ва ғайра мавҷуд аст.

Корхона бо технологияи муосир аз кишварҳои Аврупо, Русия ва Чин муҷаҳҳаз карда шудааст.

Маҳсулоти корхона, пеш аз ҳама, барои қонеъ гардонидани талаботи осоишгоҳи Баҳористон, маркази солимгардонии  кӯдакону наврасони Шоҳин ва ҳамчунин ба бозор пешниҳод карда мешавад.

Миқдори кормандон то 30 нафар буда, аз ҳисоби ҳайати кории осоишгоҳи  Баҳористон сафарбар карда мешаванд.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон супориш дод, ки ба сифати маҳсулоти хӯрокӣ таваҷҷуҳи хос зоҳир карда шавад ва таъкид дошт, ки озуқавории бесифат ба саломатии инсон таъсири зиёди манфӣ дошта, истеъмоли он ба муддатҳои дароз ҳатто ба генофонди миллат зиён меоварад.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520