Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ифтитоҳи бинои нави филиали минтақавии ҶСК Тоҷиксодиротбонк ва як корхонаи коркарди шир дар шаҳри Хуҷанд

24.03.2015 08:47, шаҳри Хуҷанд

Субҳи имрӯз бо иштироки Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд ду иншооти ҷашнӣ – бинои нави филиали минтақавии ҶСК Тоҷиксодиротбонк ва корхонаи коркарди шири Порсои Хуҷанд мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.

Чунонки иттилоъ дода шуд, филиали минтақавии ҶСК Тоҷиксодиротбонк дар шаҳри Хуҷанд аз соли 1994 ба фаъолият шуруъ намуда, дар бозори молиявию қарзии ин минтақа чун шарики боэътимод мавқеи сазовор касб намудааст.

Бинои нави филиал барои беҳсозии хизматрасониҳои навтарини бонкӣ, муҳайё кардани шароити муносиб барои кормандон ва мизоҷон бунёд ёфтааст. Гуфтанӣ аст, ки ин филиали минтақавӣ дар бинои зебои истиқоматии 5-ошёна, ки аз ҷониби худи Тоҷиксодиротбонк бунёд ёфтааст, ҷой гирифтааст.

Бинои истиқоматӣ дорои 14 хонаи барҳаво буда, дар ошёнаи якумаш ҳамчунин маркази савдо ҷой гирифтааст, ки барои фурӯши анвои гуногуни хӯрокворӣ пешбинӣ шудааст.

Дар ин бинои панҷошёна, ки бо харҷи қариб 8,5 миллион сомонӣ бунёд ёфтааст, дар маҷмӯъ 52 нафар бо кори доимӣ таъмин мешаванд.

Замини бекорхобидаи пушти бино ба майдончаи бачагона ва мавзеи зебои сайру гашти сокинони атроф табдил дода шудааст.

Дар минтақаи шарқии шаҳри Хуҷанд бо иштироки Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон як корхонаи коркарди шир ба кор дароварда шуд, ки аз ҷониби соҳибкори ватанӣ Равшан Умаров бо харҷи беш аз 5 миллион сомонӣ бунёд ёфтааст.

Тавре иттилоъ доданд, корхонаи мазкур барои истеҳсоли намудҳои гуногуни маҳсулоти ширӣ, ғанӣ гардондани бозори дохилӣ ва ба роҳ мондани содироти маҳсулоти бозоргир ба хориҷи кишвар пешбинӣ шудааст.

Истеҳсоли маҳсулоти ширии ин корхона бо технологияҳои пешқадам аз Олмону Русия ва Чин ба роҳ монда шуда, маҳсулоташ дорои сифати баланд мебошад.

Ҳоло дар ин корхона дар як шабонарӯз зиёда аз 35 тонна шир коркард шуда, аз он 12 намуди маҳсулот истеҳсол мешавад. Ҳоло дар ин ҷо 50 нафар бо кори доимӣ ва маоши хуб таъмин шудаанд, ояндаи наздик шумораи онҳо ба зиёда аз 60 нафар мерасад.

Бо маслиҳати Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон роҳбарияти корхона тасмим гирифтанд, ки як фермаи молию ширӣ низ ташкил дода, дорои пойгоҳи ашёи хоми худӣ барои ин корхонаи саноатӣ шаванд.

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520