Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Барқияи тасаллият ба Сарвазири Ҷумҳурии Сингапур Ли Сянлун

23.03.2015 14:55, шаҳри Душанбе

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Сарвазири Ҷумҳурии Сингапур Ли Сянлун барқияи тасаллият ирсол намуд, ки дар он аз ҷумла гуфта мешавад:

“Ҷаноби Олӣ,

Бо эҳсоси андӯҳ хабари даргузашти собиқ Сарвазири Ҷумҳурии Сингапур, падари миллат – Ли Куан Юро, дарёфт намудам.

Шодравон ходими барҷаставу муваффақи сиёсиву давлатӣ, офаринандаи “мӯъҷизаи сингапурӣ” ва яке аз бузургтарин шахсиятҳои мамлакат, минтақа ва ҷаҳон буд. Маҳз бо шарофати фаъолияти ислоҳотгаронаи пурсамар ин абармарди олами сиёсат ҳангоми ба даст овардани истиқлолият Ҷумҳурии Сингапурро аз кишвари ақибмонда ба як давлати мутараққӣ ва пешрафтаи Осиё табдил дод.

Дар ин лаҳзаҳои сангин, аз номи Ҳукумат ва мардуми Тоҷикистон ҳамдардии амиқи худро бо ин талафот ба мардуми дӯсти Сингапур изҳор медорам. Ба Шумо Ҷаноби Олӣ, наздикон ва пайвандони падари марҳуматон тасаллиёти амиқу самимии хешро баён менамоям”.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520