Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Тантанаҳои бошукӯҳи идона дар назди қасри Арбоби шаҳри Хуҷанд

23.03.2015 11:01, ноҳияи Бобоҷон Ғафуров

Тантанаҳои бошукӯҳи идона бо иштироки Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон имрӯз дар назди қасри Арбоби шаҳри Хуҷанд идома ёфт.

Ба истиқболи Наврӯзи оламафрӯз саҳни қасри фарҳангии Арбоб ба таври идона оро ёфта, мардуми сершумори атроф ба он ҷо гирди ҳам омаданд.

Ташрифи Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба ин базмгоҳи наврӯзӣ, ки ӯро беш аз 200 нафар зиёиёни эҷодкор аз тамоми гӯшаю канори кишвар ҳамроҳӣ мекунанд, ба тантанаҳои идонаи ин мавзеи таърихӣ шукӯҳи шоҳона бахшид.

Дар ин ҷо намоишгоҳи наврӯзӣ бо пешниҳоди анъана ва расму оинҳои миллӣ ороста шудааст, иборат аз нишони 20-солагии Иҷлосияи 16 Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, растаи ҳунарҳои мардумӣ, гӯшаи табиати зинда ва ва растаи ошпазону дигар таббохони миллӣ иборат аст.

Ҳунари адрасбофии дастӣ ва маҳсулоти тарроҳону пардозгарони либосҳои миллӣ, гулдӯзону зардӯзон, қолинбофон, чӯбтарошон, наққошону рассомон, оҳангарону мисгарон, устоҳои асбоби миллии мусиқӣ, зарфҳои дигар ва ашёи рӯзгор мавриди таваҷҷуҳи хос қарор гирифт.

Як растаи идона пур аз ошпазону суманакпазон ва таббохони дигар хӯроку хӯришҳои миллӣ буд. Барои танҳо оши палав қариб сӣ деги калон гузошта буданд, ки ҳамаи ба мардум ройгон пешниҳод карда шуд. Дар ин ҷо ҳамчунин озмуни беҳтарин оши палав гузаронда шуд.

Намоиши барномаҳои бадеии театрикунонидашуда, дорбозӣ ва  албатта рақсу бозию дилхушӣ ва сурудҳо аз эҷодиёти шифоҳии мардумӣ басо ҷолибу диданӣ буд.

Дар варзишгоҳи қасри Арбоб намудҳои гуногуни бозиҳои миллӣ ба роҳ монда шуд.

Дар саҳни ҳавлии қасри овозадори Арбоб дар ҳузури Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ва меҳмонони сершумор аз тамоми ҷумҳурӣ барномаи фарҳангии идона бо номи Наврӯзи байналмилалӣ аз нигоҳи кӯдакон ва наврасони Тоҷикистон намоиш дода шуд, ки дар воқеъ таҷассумгари ҷаҳони рангину нозанини кӯдакон ва ботини поку мисли Наврӯзи оламафрӯз беолоиши онҳо буд.

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
Харита
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520