Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ифтитоҳи иншооти ҷашнӣ дар шаҳри Қайроққум

23.03.2015 10:35, шаҳри Гулистон

Субҳи имрӯз боздиди Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон аз вилояти Суғд дар шаҳри Қайроққум идома ёфт.

Дар шаҳри Қайроққум, ки яке аз минтақаҳои саноатӣ ва истироҳатию фароғатии Тоҷикистон ба шумор меравад, як бинои истиқоматии бисёрошёна ва ду корхонаи саноатӣ ифтитоҳ ёфт.

Бо иштироки Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Қайроққум нахуст як бинои панҷошёнаи истиқоматӣ, ки аз ҷониби соҳибкорзани маҳаллӣ Турсуной Зокирова сохта шудааст, мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.

Тавре иттилоъ доданд,  ин бинои истиқоматӣ дорои 35 хонаи зебою барҳаво мебошад.

Соҳибкорзани ташаббускор Турсуной Зокирова иттилоъ дод, ки дар пайравӣ аз сиёсати бунёдкорию созандагии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ин бинои истиқоматиро бунёд намуда, бо дастгирӣ аз тадбирҳои башардӯстонаи Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон 10 хонаи онро ба маъюбон, ятимон ва оилаҳои ниёзманд ройгон тақдим мекунад.

Калидҳои ин хонаҳо ба соҳибони хуштолеашон аз ҷониби Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ва худи соҳибкорзан супурда шуд.

Тавре аён гардид, бинои истиқоматӣ ва хонаҳои он бо тарҳи зебо ва бо шароити мусоиди замонавӣ бунёд ёфтаанд.

Дар навбати дувум дар назди ширкати Фаровони шаҳри Қайроққум се коргоҳи нав  дар фазои тантанавӣ ба кор дароварда шуд, ки ташаббускори бунёди онҳо соҳибкори ватанӣ Исроилхӯҷа Самандаров мебошад.

Чунонки аён гардид, ин когоҳҳо яке барои истеҳсоли хӯроки омехтаи чорво, мурғ ва моҳӣ ва ду коргоҳи дигар барои тавлиди маҳсулоти бинокорӣ пешбинӣ шудаанд.

Коргоҳи хӯроки омехтаи чорво, мурғ ва моҳӣ имкон дорад, ки дар 1 шабонарӯз то 30-35 тонна маҳсулот истеҳсол намояд.

Дар ин ҷо 9 нафар сокинони маҳаллӣ бо кори доимӣ ва маоши хуб таъмин мешаванд.

Дар коргоҳи маҳсулоти бинокорӣ масолеҳи бозоргири ин соҳа, ки ҳоло аксаран аз хориҷи кишвар ворид мегардад,  истеҳсол шуда, то андозае имкон медиҳанд, ки бозори дохилӣ бо молу ашёи ватанӣ таъмин шавад.

Дар яке аз ин коргоҳҳо ҳар моҳ беш аз 3000 м2 панелҳои гуногун барои бинокорӣ ва дар коргоҳи дуюм моҳона зиёда аз 60 тонна метал конструксияҳои оҳанӣ омода карда мешавад.

Чунонки зикр гардид, дар се коргоҳи навбунёди ширкати Фаровон беш аз 40 нафар бо кори доимӣ таъмин мешаванд.

Иншооти сеюми ҷашнӣ дар шаҳри Қайроққум, ки бо рафти фаъолияти он Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бевосита шинос шуд, корхонаи мурғпарварии Дӯстони соҳибкори маҳаллӣ Даврон Пӯлотов мебошад.

Ин корхона барои парвариши 100 ҳазор сар мурғи тухмӣ бунёд ёфта, имкон дорад, ки дар як сол ба бозор беш 15 миллион дона тухми мурғ пешниҳод намояд.

Дар навбати аввал чӯҷаҳо аз хориҷи кишвар ворид карда шуда, дар ҳамин ҷо калон карда мешаванд.

Ҳоло аз 5 бино (модул) 4 тояш пурра омода ва бо мурғ пур карда шудааст. Бинои панҷуми корхона ҳам бо таҷҳизоти зарурӣ муҷаҳҳаз шуда, вале ҳоло бо мурғ пур нашудааст.

Дар ин корхона то 60 нафар сокинони маҳаллӣ бо кори доимӣ таъмин мешаванд.

Бо маслиҳати Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон соҳибкори мазкур тасмим гирифт, ки дар ин ҷо як корхонаи мурғи гӯштӣ ҳам бунёд намояд.

Тавре аён мегардад, мардуми шаҳри Қайроққум ва ба хусус соҳибкорони боибтикори он дар раванди бунёдкорию созандагии кишвар аз сиёсати ободкории Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон пуштибонӣ намуда, пайваста ба бозори дохилии кишвар маҳсулоти нав ба нави саноатӣ, аз ҷумла маҳсулоти воридотивазкунанда истеҳсол ва пешниҳод менамоянд.

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520