Имрӯз Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон барои иштирок дар тантанаҳои ҷумҳуриявии ҷашни байналмилалии Наврӯзи оламафрӯз ба вилояти Суғд ташриф овард.
Дар фурӯдгоҳи шаҳри Хуҷанд Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмонро бо шукӯҳи хоси наврӯзӣ ва меҳмоннавозии суннатии миллӣ истиқбол гирифтанд.
Тайи рӯзҳои сафари идона роҳбари давлат дар маркази вилоят ва чанде аз шаҳру ноҳияҳои он дар тантанаҳои наврӯзӣ ширкат варзида, чандин иншооти навбунёдро мавриди баҳрабардоӣ қарор медиҳад.
Нахустин иншооти ҷашнӣ дар худи фурӯдгоҳи байналмилалии шаҳри Хуҷанд ифтитоҳ ёфт, ки барои қабул ва гусели меҳмонони олимақом бо тамоми шароити зарурии сатҳи ҷаҳонӣ бунёд ёфтааст.