Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Суханронӣ дар мулоқот бо зиёиёни мамлакат

19.03.2015 11:08, шаҳри Душанбе

Ҳамватанони азиз!
Муҳтарам намояндагони аҳли зиёи мамлакат!

Бо як ҷаҳон фараҳу шодмонӣ фарорасии Соли нави аҷдодӣ - Наврӯзи оламафрӯзро ба шумо ҳозирини арҷманд ва ба кулли мардуми куҳандиёри азиз, ҳамватанони бурунмарзӣ ва ҳамаи онҳое, ки ин ҷашни байналмилалиро таҷлил менамоянд, самимона шодбош гуфта, ба ҳамаатон хонаи обод, осоиши рӯзгор ва беҳтарин хушиҳои зиндагиро орзу менамоям.

Наврӯз ҳамчун ҷашни фарруху хусравонӣ дар сарзамини аҷдодии мо арзи ҳастӣ намуда, решаҳои он аз устураҳои ориёӣ сарчашма мегиранд.

Ин ҷашни фархунда миёни мардуми тоҷик ва аксари кишварҳои Шарқ мақом ва манзалати махсус дорад.

Доир ба пайдоиш ва шукӯҳу шаҳомати ин ойини нек дар осори гаронбаҳои гузаштагони мо, бахусус дар “Авасто”, “Бундаҳишн”, “Дарахти асурик”, теъдоди зиёди адабиёти паҳлавӣ, баъдҳо дар «Шоҳнома»-и Абӯмансури Дақиқӣ ва пас аз он дар “Шоҳнома”-и Абулқосими Фирдавсӣ, «Осор-ул-боқия»-и Абӯрайҳони Берунӣ, “Зайн-ул-ахбор”-и Гардезӣ, «Наврӯзнома»-и Умари Хайём ва сарчашмаҳои дигари муътамад маълумоти фаровоне омада, мақому манзалат ва бузургии ин ойини ростин тавсиф шудааст.

Халқи мо дар масири таърих ба маросимҳои наврӯзӣ эҳтиром гузошта, беҳтарини онҳоро дар ҳофизаи фарҳангии худ ҷой кардааст.

Аз миёни урфу одатҳои наҷиби наврӯзӣ бахшидани гуноҳҳо, аз қалбҳо дур кардани кинаҳо, пок намудани дилҳо, тақдими шодбошиҳо, сафеду тоза кардани хонаҳо, некӣ ба инсонҳо, кумак ба ниёзмандон, густурдани хон ва омода кардани таомҳои наврӯзӣ асрҳо инҷониб идома доранд.

Наврӯз боз аз он ҷиҳат дар миёни халқамон арзишу эҳтиром дорад, ки инъикосгари эҳёи табиат ба шумор меравад.

Он бо сад накҳату ороиш аз омадани баҳор мужда оварда, ба дилҳо сафо мебахшад.

Бо омадани Наврӯз табиат зинда гардида, гармӣ бар сардӣ, рӯшноӣ ба торикӣ, ҳаракат ба оромӣ ғалаба мекунад ва марди деҳқон бо умед ба замин донаи ризқ мепошад.

Ин маросими наврӯзӣ барои мардуми деҳқон хусусияти хос дошта, дар фарҳанг ва адабиёти классикии мо муҷиби зуҳур намудани ойини кишоварзӣ гардидааст, ки поягузораш шоир ва мутаффакири тоҷик Носири Хусрави Қубодиёнӣ мебошад.

Носири Хусрав дар маснавиҳои худ фазилатҳои ойини кишоварзиро васф намуда, мақому манзалати марди деҳқон ва умуман кишоварзонро бисёр арзишманд шуморидааст.

Дар асоси ин таъкидҳои ниёгон зарур аст, ки мардуми мо дар баробари тантанаҳои наврӯзӣ ҳар рӯзи баҳорро самаранок истифода карда, ба кишту кор машғул шаванд, ниҳол шинонанд, боғ бунёд кунанд ва ҳашарҳо ташкил карда, майдону кӯчаҳо ва боғу хиёбонҳоро тозаву озода намоянд.

Бовар дорам, ки мардуми мо ҳам наврӯзӣ мекунанд ва ҳам ҳар рӯзи наврӯзро ғанимат дониста, дар замину киштзорҳо ғайратмандона кору фаъолият менамоянд.

Дар хотираи фарҳангии халқи мо инчунин ҷашни фархундаи Наврӯз ҳамчун ойини мадоро ниҳоят маъруфу арҷманд мебошад.

Яъне дар айёми ин ҷашни хусравонӣ одамон аз хурд то бузург бо ҳамдигар муомилаи нек мекунанд, бо нармӣ сухан мегӯянд, ба ҳам созиш карда, қаҳру ғазаб ва кину адоватро аз худ дур мегардонанд.

Ба шарофати истиқлолияти давлатӣ дар кишвари мо Наврӯз ҳамчун ҷашни миллӣ пазируфта шуд, шукӯҳу шаҳомати нав пайдо кард ва ба ҷашни воқеан мардумии халқи сарбаланди тоҷик табдил ёфт.

Арҷгузории халқи мо ба маросимҳои ин ҷашни фаррух ва таблиғи арзишҳои башардӯстонаву инсондӯстонаи он боис гардид, ки Наврӯз ва ойинҳои он дар арсаи ҷаҳон шукӯҳу шаҳомати нав касб карданд ва дар ақсои олам тарафдорони зиёде пайдо намуданд.

Ҳамин асос шуд, ки Созмони Милали Муттаҳид дар қатори ҷашнҳои байналмилалӣ 21-уми мартро “Рӯзи байналмилалии Наврӯз” эълон намуд.

Ба хотири боз ҳам беҳтар арҷ гузоштан ба анъанаҳои неки наврӯзӣ бо ташаббуси Тоҷикистон ҳамасола вохӯрии сарони давлатҳои ҳавзаи тамаддуни Наврӯз баргузор мегардад ва дар доираи он чорабиниҳои зиёди фарҳангӣ, аз ҷумла суҳбату дидорбиниҳо бо олимону омӯзгорон, адибону шоирон, санъаткорону ҳунармандон ва рӯзноманигорон чун расми наврӯзӣ ва анъанаи неки ниёгон доир карда мешаванд.

Қадрдонӣ ва эҳтироми шоистаи зиёиён нишонаи мақому манзалати волои онҳо дар ҳаёти ҷомеаи мо буда, аз фаъолияти пурсамари онҳо дар роҳи пешрафти кишвари маҳбубамон сарчашма мегирад. Гузашта аз ин, зиёиён ҳамеша ҳамчун қувваи пешбарандаи ҷомеа соҳиби маҳбубияти хос мебошанд.

Бовар дорем, ки зиёиёни мо имсол дар радифи ҷашни байналмилалии Наврӯз 700 - солагии Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ ва 3000-солагии яке аз марказҳои фарҳангӣ, илмиву адабӣ ва тиҷоративу косибӣ - Ҳисори Шодмонро бо дастовардҳои арзанда таҷлил менамоянд.

Зиёиёни асили мо равшангарони воқеии ҳаётанд, ки дар пешрафти рӯзгори иқтисодиву иҷтимоӣ ва фарҳангиву маънавии ҷомеа, тарғиби анъанаҳои миллӣ, таълиму тарбияи насли наврас, ба камол расонидани инсони комил ва рушди нерӯи инсонӣ нақши арзанда мебозанд.

Ин қишри бонуфузи ҷомеа бояд минбаъд низ дар тавсеаи худогоҳиву худшиносӣ, тарғиби мафкураи миллӣ ва ғояҳои ватандӯстӣ, ҳифзи анъанаҳои фарҳангӣ ва пойдории забони давлатӣ ҳамчун бақои миллат нақши асосиро иҷро намояд ва ҳомии воқеии арзишҳои неки ин марзу бум бошад.

Зиёиёни мо дар иҷрои ин рисолати таърихӣ ба хотири татбиқи сиёсати давлату Ҳукумат корҳои назаррасро дар соҳаҳои мухталиф иҷро карда истодаанд.

Бо вуҷуди ин, ба андешаи мо, вақти он расидааст, ки бо мақсади муайян ва мушаххас намудани роҳу равиши ҳаёти иҷтимоиву иқтисодии кишвар ва самтҳои асосии инкишофи мафкураи миллӣ аз тарафи олимону донишмандонамон бо дарназардошти манфиатҳои давлати миллӣ Консепсияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2050 таҳия карда шавад.

Ин консепсия бояд самтҳои асосии таҳкими давлатдории навини Тоҷикистонро барои даҳсолаҳои оянда дар бар гирифта, манфиатҳои милливу давлатӣ, эҳтироми фарҳанг, арҷгузорӣ ба ҳуқуқу озодиҳои инсон, арзишҳои демократӣ, дину ойин ва гиромӣ доштани арзишҳои милливу умумибашариро таҷассум намояд.

Дар чунин ҳолат вазифаи зиёиён аз он иборат мегардад, ки ҳангоми манзур кардани пешниҳодҳои худ ба ин консепсия принсипи дунявиятро афзал дониста, барои рушди тафаккури милливу дунявӣ ҷаҳду талош намоянд, эҳтироми забони давлатӣ ва таъриху фарҳанги пешқадами миллиро таъмин карда, барои густариши тафаккур ва ҷаҳонбинии наву созанда ташаббусҳои ҷиддиро роҳандозӣ намоянд.

Бинобар ин, Академияи илмҳо, академияҳои соҳавӣ, Маркази миллии қонунгузорӣ ва Маркази тадқиқоти стратегӣ вазифадор карда мешаванд, ки якҷо бо вазорату идораҳои дахлдор ва олимону донишмандони кишвар ҷиҳати таҳияи консепсияи зикршуда гурӯҳи корӣ ташкил намояд ва лоиҳаи онро таҳия карда, тибқи тартиби муқарраршуда ба Ҳукумат пешниҳод созанд.

Ин консепсия бояд ба бунёди ҷомеаи муосири демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ мусоидат намояд ва ояндаи рушди кишвари моро муайян гардонад.

Дар баробари ин, консепсияи мазкур бояд манфиатҳои давлатдории миллиамонро ҳифз намояд ва ҷиҳати пешрафти минбаъдаи Тоҷикистони азиз заминаҳои боз ҳам мусоидтар фароҳам оварад.

Бояд таъкид намоям, ки мақсадҳои наҷиби мо дар як қатор стратегия ва барномаҳои давлатӣ ифода ёфта, ба ободӣ ва шукуфоии Ватани маҳбубамон мусоидат карда истодаанд.

Вобаста ба ин ҳадафҳои созанда шарикии зиёиёни мамлакатро дар татбиқи чунин вазифаҳо муҳим мешуморем:

Якум, ислоҳоти бомароми маориф, беҳтар кардани сифати таълим, баланд бардоштани масъулияти устод-муаллим-омӯзгор. Зеро калиди ҳама гуна дастоварду пешравӣ ва истиқлолияти фикрӣ муаллим – омӯзгор ва хазинаи маънавию илмии ӯ ба шумор меравад. Аз ин рӯ, самаранок ба роҳ мондани корҳои таълиму тарбия аз ҷониби омӯзгор имкон фароҳам меорад, ки сатҳи мафкура ва донишу ҷаҳонбинии толибилмон боло равад ва онҳо ҳамқадами замон гарданд.

Дуюм, ба рушди бонизом ва воқеии илм таваҷҷуҳ зоҳир намуда, илмҳои бунёдиро ба иҷрои ҳадафҳои стратегии давлат ва халқ равона намоянд. Инчунин ба хотири ҷорӣ намудани дастовардҳои илмӣ дар истеҳсолот, кашфи роҳу имкониятҳои нави рушди кишвар ва боз ҳам устувор намудани нерӯҳои зеҳнӣ сайъу талоши бештар намоянд.

Сеюм, ҳадафҳои Консепсияи миллии тарбияро дар миёни тамоми қишрҳои ҷомеа ҳамаҷониба тарғиб намуда, тавассути се ниҳоди асосӣ - ҷомеа, мактаб ва оила ҳифзи арзишҳои миллӣ ва фарҳангиро таъмин гардонанд.

Чорум, бо мақсади ҳимояи манфиатҳои миллӣ ҷиҳати баланд бардоштани мақоми забони давлатӣ ва дар зеҳну шуури аҳли ҷомеа устувор намудани мафкураи миллӣ ва ғояҳои милливу ватандӯстона фаъолона иштирок кунанд.

Панҷум, ба хотири аз ҳама гуна равияҳои хурофотӣ ва бегонаву ифротӣ ҳифз намудани шаҳрвандон тавассути воситаҳои ахбори омма ва фаъолияти дастаҷамъона корҳои ташвиқотию тарғиботиро ба роҳ монда, ба таҳкими рукнҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ва тақвияти ҳифзи озодиҳои инсон бевосита саҳмгузорӣ намоянд.

Ҳозирини гиромӣ!

Мо ба масъалаи рушди соҳаҳои иҷтимоӣ дар паёми имсолаи худ ба Маҷлиси Олӣ таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуда, фаъолияти бахшҳои иҷтимоиро барои имсол ва солҳои минбаъда муайян намудем ва вазорату идораҳо ва ташкилотҳои эҷодиро вазифадор кардем, ки барои иҷрои ҳадафҳои стратегии давлату Ҳукумат саъю кӯшиш намоянд.

Равшанфикрони мо низ вазифадоранд, ки барои шарҳи нуктаҳои паём сайъю талоши бештар карда, ҷиҳати рушди Тоҷикистони азиз, пойдории суботи сиёсӣ, таҳкими рукнҳои давлатдорӣ ва таблиғи ғояҳои миллӣ кӯшиш намоянд.

Дар ин самт мо, пеш аз ҳама, ба омӯзгорон такя намуда, вазифаи онҳоро ба сифати равшанфикрони пешқадам дар дуруст ва самаранок ба роҳ мондани таълиму тарбияи насли наврас ва ҷавонон мебинем.

Онҳо вазифадоранд, ки наслҳои ояндаро дар рӯҳияи худогоҳиву худшиносӣ, ватандӯстиву меҳанпарастӣ, заҳматдӯстиву ҳимматбаландӣ, ҳифзи манфиатҳои миллӣ, таҳкиму пойдории забони давлатӣ ва арҷгузорӣ ба арзишҳои миллӣ тарбия намоянд.

Махсусан, зарур аст, ки мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ бо такя ба омӯзгорони деҳот барои баланд бардоштани мақоми зиёиёни деҳот аз ҳисоби омӯзгорон, кормандони соҳаи фарҳанг, табибон ва дигар табақаҳои иҷтимоӣ чораҳои зарурӣ андешанд.

Мо пешрафти илмро низ мунтазам дастгирӣ намуда, дар иҷрои самтҳои афзалиятноки стратегияи рушди миллӣ аз қобилият ва истеъдоди олимони кишвар истифода мекунем.

Ба тарбияи насли олимони даврони истиқлолият бештар таваҷҷуҳ карда, барои амалӣ гардидани ташаббусҳои пешқадаму инноватсионии онҳо заминаи боз ҳам мусоидтар фароҳам хоҳем овард.

Зеро илм меҳвари асосии рушди ҳар як кишвар мебошад ва олимон захираи бузурги зеҳнии ҷомеа маҳсуб меёбанд. Дастовардҳои олимони мо дар даврони истиқлолият кам нестанд.

Як қатор ихтирооти онҳо дар соҳаи илмҳои бунёдӣ самараи даврони истиқлолият буда, хизмати олимон дар равшан намудани саҳифаҳои торики таърих, таблиғи осори ниёгон ва бахусус, дар баррасии масъалаҳои иҷтимоиву иқтисодии замони муосир назаррас мебошад. Вале ҳамаи ин ҳанӯз кофӣ нест.

Имрӯз худи шумо шоҳид ҳастед, ки кишвари мо бо қадамҳои устувор пеш рафта истодааст.

Бинобар ин, ихтирооти ба истеҳсолот алоқаманд барои мамлакати мо ниҳоят зарур буда, олимони соҳаҳои физика, кимиё, геология ва дигар илмҳои табиатшиносиву дақиқро зарур аст, ки тарзу усули фаъолияти худро ба замона мувофиқ карда, барои таҳқиқу омӯзиш ва кашфу ихтирооте, ки истеҳсолотро пеш баранд, саъю талош варзанд.

Олимони ҷомеашиноси моро зарур аст, ки барои тарғиби мафкура ва ғояҳои миллӣ, таҳқиқи масъалаҳои умумиинсонӣ вобаста ба таҳаввулоти ҷаҳони муосир ва проблемаҳои рӯз, ки ҷомеаи ҷаҳониро ба ташвиш овардаанд, таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир намоянд.

Таҳқиқоти ин гурӯҳи олимон, пеш аз ҳама, бояд барои таҳкими ваҳдати миллӣ замина фароҳам оваранд ва омилҳои дигареро, ки дар оянда ҷомеаро муттаҳид месозанд, муайян кунанд.

Олимони мо бояд барои рушди устувори ҷомеа ва таҳкими пояҳои давлатдории миллӣ пешниҳодҳои мушаххас ва таҳлилҳои саривақтӣ манзур намоянд, то мо барои пешгирӣ намудани ҳар гуна равандҳои носолим омода бошем ва ҳифзи манфиатҳои Тоҷикистони азизро таъмин гардонем.

Тарғиби дастовардҳои даврони истиқлолият, пешрафти ҳамаи соҳаҳои иқтисоди миллӣ, рушди илму маориф ва санъату фарҳанг бояд вазифаи аввалиндараҷаи олимон қарор гирад ва онҳо бояд ба сифати беҳтарин таблиғгарони ҷомеаи пешқадам якҷо бо омӯзгорону адибон ва дигар гурӯҳҳои равшанфикрон дар маҳалҳо садди роҳи ҳар гуна ақидаҳои тундравона гардида, зиракӣ ва боҷуръатиро аз даст надиҳанд.

Дар баробари ин, ба муқобили ифротгароиву хурофот ва ақидаву андешаҳое, ки кишварро ба қафо мекашанд, мубориза баранд ва сиёсати дунявияти давлатро ба дигарон шарҳ дода, ҷомеаро аз таъсири ҳар гуна фарҳангу мафкураи бегона ҳифз намоянд.

Мо бояд ойини мадоро ва таҳаммулгароиро, ки дар фарҳангу мафкураи халқамон асрҳо боз идома меёбад, риоя намоем.

Вобаста ба ин, аз тамоми зиёиён ва умуман аҳли эҷод даъват ба амал меорем, ки арзиши таҳаммулгароиро бештар густариш бахшида, мардумро ба ваҳдату сарҷамъӣ даъват кунанд.

Ин кор қарзи инсонии ҳар як шаҳрванди Тоҷикистони азиз, бахусус зиёиёни кишвар мебошад.

Бори дигар зиёиёни кишварамонро ҳушдор медиҳам, ки фикри ояндаи миллат ва Ватани маҳбубамонро ҳаргиз аз зеҳни худ дур насозанд, ғояҳои истиқлолияти давлатӣ ва худогоҳиву худшиносии миллиро пайгиронаву боҷуръатона таблиғ намоянд.

Махсусан, олимони ҷавон ва зиёиёни соҳибистеъдодро, ки зодаи даврони истиқлолият мебошанд, бо ташвиқи ҷаҳонбинии миллӣ ва арзишҳои солими дунявӣ ба ҳимояи дастовардҳои замони истиқлолият ҳидояту роҳнамоӣ кунанд.

Олимони шинохта ва муътабари моро зарур аст, ки ба олимони ҷавон дасти ёрӣ дароз намоянд ва барои ташаккули тафаккуру ҷаҳонбинии онҳо ёрии амалӣ расонанд.

Гузашта аз ин, зиёиён бо дарназардошти дигаргуниҳои куллие, ки дар кишвари мо идома доранд, бояд ба равандҳои ҷомеа аз диди нави таърихӣ баҳо диҳанд ва дурнамои рушди минбаъдаро муайян созанд.

Мутаассифона, таърихи навини давлатдории миллии мо дар марзи ду аср ва умуман таърихи ҳаёти иҷтимоӣ ба таври бояду шояд ва воқеъбинона таҳлилу арзёбӣ нашудааст ва навиштани таърих, инчунин таҳқиқи таърихи адабиёт бо диди нав ҳанӯз оғоз наёфтааст.

Муроҷиат ба таърих ва адабиёти халқамон ба он мақсад аст, ки мо бояд ба ояндагон сабабҳои нотифоқиро дуруст шарҳ дода, зарурати таҳкими ваҳдати миллиро ба аҳли ҷомеа мунтазам талқин намоем.

Бо итминони комил метавон гуфт, ки мероси таърихиву адабии гузаштагонамон ба бисёре аз саволҳое, ки ҳар рӯз мо ба онҳо рӯ ба рӯ мешавем, посухи сазовор медиҳад.

Аз ин рӯ, дар даврони давлатсозии миллӣ мо бояд гаштаву баргашта, ба таҷрибаи таърихии халқамон, аз ҷумла осори таърихиву адабии гузаштагонамон муроҷиат намоем ва аз ин мероси гаронбаҳо самаранок истифода кунем.

Зеро эътиқодмандӣ ва эътимод ба таърих ва адабиёт такягоҳи устувори миллат ба шумор меравад.

Дӯстони азиз!

Адабиёт ҳамчун ҷавҳари ташакулдиҳандаи рӯҳи инсон дар тарбияи маънавии аҳли ҷомеа нақши муҳим мебозад. Он шакли бадеии инъикоси воқеият мебошад.

Барои адабиёти муосири тоҷик даврони истиқлолият давраи куллан нав маҳсуб меёбад.

Рушду такомули минбаъдаи он аз адибон масъулияти баландро тақозо менамояд. Бинобар ин, инъикоси дурусти ғояҳои истиқлолияти давлатӣ бояд муҳимтарин вазифаи адабиёт дар даврони истиқлолият бошад.

Вобаста ба ин, бояд таблиғи ғояҳои истиқлолияти давлатӣ, ваҳдати миллӣ, таҳкими суботи сиёсӣ, инъикоси дурусти зиндагии мардум ва рушди рӯзафзуни Тоҷикистон вазифаи муқаддасу меҳварии адабиёт ва адибони тоҷик қарор гирад.

Баробари ин, бисёр муҳим аст, ки адибони мо мавзӯи Ватан ва ватандӯстӣ, худогоҳиву худшиносӣ ва эҳтиром гузоштан ба муқаддасоти миллиро асоси эҷодиёти худ қарор диҳанд.

Адибони моро зарур аст, ки наврасону ҷавононро дар ин рӯҳия тарбия намоянд, то ки онҳо дар оянда парчами озодӣ ва истиқлолиятро ҳамеша парафшон нигоҳ доранд.

Вале холисонаву мунсифона бояд гуфт, ки адабиёти мо аз замона қафо монда, ҳамаи комёбиҳои даврони истиқлолият ҳанӯз пурра ва дар паҳнои манфиатҳои имрӯзу фардои миллат ва давлат инъикоси бадеӣ наёфтаанд.

Оид ба мавзӯъҳои сохтмони иншооти бузургу тақдирсози кишвар ва умуман раванди ободкориву созандагӣ асарҳои бадеӣ кам таълиф ёфта, проблемаҳои муҳимми иҷтимоӣ ва маънавӣ ҳамаҷониба инъикос намеёбанд.

Вақти он расидааст, ки адибони тоҷик бештар ба таҳияи мақолаҳои публисистӣ ва очеркҳои проблемавӣ даст зада, мардумро аз рӯйдодҳои кишвар, дастовардҳои диёри азизамон, масъалаҳои рӯз ва хатарҳои даҳшатбори замонаи ноором огоҳ созанд.

Ҳамчунин, фаъолияти адибон дар инъикоси заҳмати содиқонаву софдилонаи сокинони деҳот, аз ҷумла кишоварзон кам ба мушоҳида мерасад.

Бинобар ин, ба адибон муроҷиат менамоям, ки аз зиндагии имрӯза қаҳрамонҳои худро дарёфт намуда, симои шахсиятҳои барҷастаи иҷтимоиеро, ки дар ҳаёти муосир нақши фаъол доранд, дар асарҳои худ тасвир созанд ва дастовардҳои Ватани маҳбубамонро ҳарчи бештар таҷассум гардонанд.

Фикр мекунам, ки ин таъкид на фақат ба адибон, балки ба ҳамаи табақаҳои зиёиён, ки имрӯз ба ҷашни хусравонии Наврӯз даъват шудаанд, дахл дорад.

Бинобар ин, ба шумо - кормандони соҳаи фарҳанг, намояндагони воситаҳои ахбори омма, дигар иттифоқҳои эҷодӣ муроҷиат менамоям, ки дар тарғиби ғояҳои миллӣ ва ҳифзи ормонҳои Тоҷикистони азизамон фаъол бошед ва аз дастовардҳои он ифтихор карда, шукуфоӣ ва пешрафти онро дар асарҳоятон воқеъбинона васф намоед.

Инчунин, камбудиҳои ҳаёти ҷамъиятӣ, хусусан гаравидани ҷавонон ба ҷараёнҳои ифротӣ ва сабабҳои чунин тамоюли хатарнокро ошкор карда, оқибатҳои даҳшатбори онро ба оммаи васеъ фаҳмонед.

Дар баробари ин, Иттифоқи нависандагон вазифадор карда мешавад, ки якҷо бо Вазорати маориф ва илм, Академияи илмҳо моҳи октябри соли равон конфронси ҷумҳуриявиро бо мақсади таҷлили ҷашни 150-солагии чеҳраи намоёни адабии охири асри Х1Х ва аввали асри ХХ Нақибхон Туғрали Аҳрорӣ баргузор намуда, осори ин адиби шинохтаи тоҷикро миёни наврасону ҷавонон ҳамаҷониба таблиғ намоянд.

Тавре ки ҳамаи шумо, ҳозирини арҷманд, огоҳед, ду рӯз пеш мо санги асоси сохтмони Театри миллиро гузоштем ва дар ҳузури намояндагони аҳли фарҳанги кишвар ба бинокорон фотеҳаи нек додем.

Ба ин муносибат ҳамаи шуморо низ табрик мегӯям ва бо итминон изҳор медорам, ки дар солҳои наздиктарин бинои муҳташаму муосири Театри миллӣ қомат афрохта, дар қатори Китобхонаи миллӣ, Осорхонаи миллӣ, Қасри миллат ва дигар иншооти муҳимми мамлакат боиси ифтихори халқамон хоҳад шуд.

Зиёиёни арҷманд!

Ҳангоми вохӯрӣ бо занону духтарони мамлакат мо доир ба эълон гардидани соли равон ҳамчун «Соли оила» муфассал изҳори назар кардем ва як қатор проблемаҳои дар ин самт ҷойдоштаро ошкоро иброз намудем.

Хотирнишон менамоям, ки инъикос ва таҳлили масъалаҳои алоқаманд ба оила вазифаи зиёиёни мо низ ба шумор меравад.

Шумо низ бояд доир ба маърифати оиладорӣ, фарҳанги хонаводагӣ, зӯроварӣ дар оила, ҷудошавии оилаҳои ҷавон ва дигар проблемаҳои алоқаманд ба оила назару андешаҳои хешро баён намоед.

Инчунин, нақши модарон дар таълиму тарбияи фарзанд, саҳми занон дар пешрафти ҷомеа, қувваи фаъол ва навовар будани духтарон, симои барҷастаи модарону занону духтарон ва сирати поки онҳоро дар асарҳо ва шеъру таронаҳои худ воқеъбинона тасвир намоед.

Итминони комил дорам, ки мо минбаъд низ дар ҳамдастӣ бо шумо ба муваффақиятҳои аз ин ҳам бештар ноил гардида, Тоҷикистони азизамонро ба як кишвари обод ва пешқадам табдил медиҳем.

Бори дигар ҷашни байналмилалии Наврӯзро ба шумо, равшанфикрони ватандӯст, шахсиятҳои содиқ ба ормонҳои давлату миллат табрик гуфта, ба ҳар яки шумо, ба кулли мардуми шарифи Тоҷикистон, ҳамватанони бурунмарзӣ ва тамоми мардумони ҳавзаи Наврӯз бахти ҳумоюнӣ ва шодиву хуррамии баҳорӣ орзу менамоям!

Бигзор, дар кишвари мо хуршеди меҳру садоқат, дӯстиву рафоқат ва сулҳу амонӣ ҷовидона нурафшон бошад!

Ҳама рӯзи Тоҷикистону тоҷикистониён ҳамеша Наврӯз ва ҳар иқдоми мо ба нафъи Ватану миллат пирӯз бод!

Наврӯзи фархундапай муборак, ҳамватанони азиз!

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
Харита
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон, 2005 - 2017
Тел/Факс.: (+992 37)2212520