Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Оғози сохтмони Театри миллии Тоҷикистон

17.03.2015 17:59, шаҳри Душанбе

Нимаи дуюми рӯз Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон бо гузоштани санги асос ва нома ба наслҳои оянда ба сохтмони Театри миллии Тоҷикистон, ки дар паҳлӯи Осорхонаи миллии Тоҷикистон ва боғи Парчами миллии Тоҷикистон қомат рост хоҳад кард, оғоз бахшид.

Тавре зикр гардид, бинои Театри миллии Тоҷикистон аз 2 ошёнаи зеризаминӣ ва 5 ошёнаи рӯйизаминӣ иборат буда, баландиаш 34,5 метр хоҳад буд.

Тибқи лоиҳа, бинои театр аз 3 толори калон ва толору утоқҳои сершумори дигар иборат мешавад. Толори асосии он дорои 2500 ҷойи нишаст ва 2 толори дигар яке дорои 1200 ва дувумӣ 1000 ҷойи нишаст мебошад. Баландии толори асосӣ 16-18 метр, дарозию паҳноии саҳнааш 30х21,6м буда, он ҳамчунин дорои ҷойи нишасти оркестр, ду саҳнаи паҳлӯӣ, саҳнаи пушт, утоқҳои машқу тамрин ва дигар шароити зарурии сатҳи ҷаҳонӣ мебошад.

Дар ошёнаҳои болоӣ толорҳои намоишӣ ва бадеӣ, толорҳои машқу тамрин, устохонаҳои бадеӣ ва дигар ҳуҷраҳо ҷойгир мешаванд.

Дар ошёнаҳои зеризаминӣ барои қариб 250 мошин таваққуфгоҳ ва ҳам утоқҳои зиёди техникӣ ва ёрирасон ҷой хоҳанд гирифт. Бино бо шабакаҳои гармидиҳӣ, ҳавотозакунию салқинсозӣ ва дигар шабакаҳои зарурӣ муҷаҳҳаз мешавад.

Ҷойи таъкид аст, ки лоиҳаи Театри миллии Тоҷикистон давоми 5 сол бо омӯзиши тарҳи беҳтарин театрҳои кишварҳои гуногуни ҷаҳон омода шуда, ба тамоми стандартҳои муосир ҷавобгӯй мебошад.

Ба таъкиди мутахассисон, ин театр бузургтарин ва зеботарин чунин иншоот дар тамоми минтақаи Осиёи Марказӣ хоҳад буд.

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520