Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Оғози сохтмони як шаҳраки истиқоматӣ барои низомиён ва ду иншооти бузурги дигар

13.03.2015 11:05, шаҳри Душанбе

Имрӯз бо иштироки Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон сохтмони як шаҳраки муосири истиқоматӣ барои низомиён ва ду иншооти бузурги дигар оғоз ёфт, ки аз авҷи тозаи бунёдкорию созандагӣ дар Тоҷикистон гувоҳӣ медиҳад.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон нахуст ба хиёбони Рӯдакии пойтахт ташриф оварда, бо гузоштани санги асос ва нома ба наслҳои оянда ба сохтмони бинои нави раёсати бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон Амонатбонк оғоз бахшид.

Изҳори бовар карда шуд, ки бо фароҳам овардани шарои¬ти муосири корӣ сифати хизматрасонии Амонатбонк беҳ шуда, эътимоди мардум ба он афзун мегардад ва дар низоми бонкии ҷумҳурӣ рақобатпазириаш бештар мешавад.

Чунонки иттилоъ дода шуд, сохтмони бинои нави раёсати ин бонк, тибқи нақша, дар муддати 2 сол, бо маблағҳои аз Бонки давлатии рушди Чин ҷалбгардида ва маблағҳои худии Амонатбонк ба итмом расонда мешавад.

Бинои нав, тибқи лоиҳа, аз 10 ошёна, бо 180 утоқи корӣ, 20 утоқи машваратӣ, маҷлисгоҳ бо 180 ҷойи нишаст, конференсзал барои 100 нафар, ошхона ва тавақкуфгоҳи зеризаминии 2-ошёна иборат хоҳад буд. Дар маҷмӯъ бинои нав барои фаъолияти 750 нафар кормандон бо шароити мусоиди корӣ пешбинӣ шудааст.

Дар вақти сохтмон дар инҷо зиёда аз 200 нафар бинокорони маҳаллӣ бо кор таъмин мешаванд.

Хотиррасон бояд намуд, ки ҳоло Амонатбонк бо 75 филиали вилоятиву минтақавӣ, 513 маркази хизматрасонии бонкӣ, 223 нуқтаи интиқоли маблағҳо, 52 нуқтаи мубодилаи асъор бо ҳайати 3 ҳазорнафараи худ дар тамоми манотиқи кишвар ба зиёда аз 11 ҳазор ташкилоти ғайрибуҷавӣ, 6,5 ҳазор ташкилоти буҷавӣ, 748 ҳазор пасандозгузорандагон ва беш аз 630 ҳазор нафақагирон хизмат расонда, дар низоми бонкии ҷумҳурӣ мавқеъи сазовор дорад.

Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ба роҳбарияти Амонатбонк дастур дод, ки минбаъд беш аз 80 фоизи кормандон аз ҳисоби занону духтарони соҳибтахассуси соҳа бошанд.

Дар маҳаллаи Ҳаёти Нави шаҳри Душанбе бо иштироки Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба сохтмони бинои Академияи Кумитаи давлатии амнияти миллӣ асос гузошта шуд, ки аз 15 бинои зебою муҷаҳҳаз иборат хоҳад буд.

Тавре зикр гардид, ин биноҳо бо беҳтарин шароити муосир барои таҳсил, машқу тамрин ва истиқомату фароғати омӯзгорон ва донишҷӯёни соҳаи амнияти миллӣ пешбинӣ шудаанд.

Дар вақти сохтмони ин биноҳо зиёда аз 1000 нафар бинокорон бо кор таъмин мешаванд, ки ҳама аз ҳисоби аҳолии маҳаллӣ хоҳанд буд.

Сипас Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба ҷамоати деҳоти Сарикиштии ноҳияи Рӯдакӣ, ки дар наздикии пойтахт қарор дорад, ташриф оварда, ба сохтмони маҷмааи давлатии шаҳраки истиқоматии низомиён оғоз бахшид.

Чунонки иттилоъ доданд, ин шаҳрак аз 20 бинои 12-ошёнаи истиқоматӣ бо 2000 хона, мактаби таҳсилоти ҳамагонӣ барои 1230 хонанда дар 1 баст, кӯдакистон барои 400 кӯдак, бунгоҳи тиббӣ, майдончаҳои варзишию фароғатӣ ва дигар иншооти ёридиҳанда иборат хоҳад буд.

Хонаҳои истиқоматӣ 1, 2 ва 3-ҳуҷрагӣ буда, дар онҳо 2000 оилаи афсарони Қувваҳои Мусаллаҳ ва Қӯшунҳои дохилии Вазорати корҳои дохилӣ бо шароити хуби зист таъмин хоҳанд шуд.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон аз ғамхориҳои пайвастаи роҳбарияти давлат ба муҳофизони Ватан ва кормандони мақомоти қудратӣ ва ҳифзи ҳуқуқу тартибот, аз ҷумла бо хонаҳои хизматӣ таъмин намудани онҳо ёдовар шуда, изҳор дошт, ки бунёди ин шаҳраки муосири истиқоматӣ барои аҳли оилаи афсарон нишона аз афзун гардидани имконоти иқтисодии давлат ва ҳамзамон афзудани ҳаҷми таъминоти моддию молии Қувваҳои Мусаллаҳ ва афсарону сарбозони он мебошад.

Таъкид гардид, ки ғамхорию дастгириҳои давлатӣ аз ҳомиёни марзу буми кишвар минбаъд боз ҳам афзун мегардад.

Изҳори бовар карда шуд, ки роҳбарият ва ҳайати шахсии Қувваҳои Мусаллаҳ низ бо беҳшавии шароити моддию техникӣ ва иҷтимоию маънавӣ сатҳи маҳорату малакаи касбии худ ва дар маҷмӯъ қудрати дифоии давлатро боз ҳам баланд бардошта, ба халқу Ватани худ содиқона ва бо иродаю матонати қавӣ хизмат мекунанд.

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520