Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Машварати корӣ

16.02.2015 13:44, шаҳри Душанбе

Имрӯз Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо масъулони Ҳукумат ва Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбарони як қатор вазорату идораҳо ва корхонаю муассисаҳои ҷумҳуриявӣ ва шахсони дигари дахлдор машварати корӣ анҷом дод.

Дар машварат масоили вобаста ба таъмини фаровонии маводи ғизоӣ дар бозори истеъмолӣ, ташкили ярмарка-фурӯши маҳсулот бо нархҳои дастрас, омодагӣ ба киштукори баҳорӣ, вусъат додани ниҳолшинонӣ ва корҳои ободонию созандагӣ, таъмини кори мунтазами нақлиёти ҷамъиятӣ, ба роҳ мондани ярмаркаи ҷойҳои холии корӣ, таъмини аҳолӣ бо газу барқ ва ҳифзи амният ва тартиботи ҷамъиятӣ дар арафа ва рӯзи интихоботи парлумонӣ баррасӣ шуд.

Вобаста ба таъмини аҳолӣ бо нерӯи барқ ба масъулини соҳа дастур дода шуд, ки аз ҳамин рӯз сар карда, ба аҳолии шаҳру ноҳияҳо ва деҳот аз соати 5- субҳ то 11-и рӯз ва аз соати 16:00 то соати 23:00, яъне 13 соатӣ барқ дода шавад. Таъкид гардид, ки минбаъд меъёри додани барқ ба аҳолӣ боз ҳам зиёд шудан мегирад.

Ба роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқу тартибот дастур дода шуд, ки барои таъмини амният, тартиботи ҳуқуқӣ ва ҳифзи фазои орому осуда дар арафа ва рӯзи интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва маҷлисҳои маҳаллӣ чораҳои муассир амалӣ намоянд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520