ГАНҶАЛЗОДА ШЕРАЛӢ РАҲМОН
Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Ганҷалзода Шералӣ Раҳмон 15 январи соли 1965 дар ноҳияи Данғара таваллуд шудааст. Маълумоташ олӣ буда, соли 1986 Донишгоҳи политехникии Тоҷикистонро бо ихтисоси муҳандис-сохтмончии роҳҳои автомобилгард хатм кардааст.
Фаъолияти меҳнатиашро соли 1986 ҳамчун муҳандиси шӯъбаи кофтукови-лоиҳакашии роҳҳои автомилгарди Институти лоиҳакашии «Тоҷикгипротранстрой» оғоз намуда, баъдан дар вазифаҳои сардори гурӯҳи сметавию лоиҳакашӣ, сардори шӯъбаи бехатарии ҳаракати нақлиёти идораи истеҳсолии роҳҳои автомобилгарди вилояти Хатлон, сардори шӯъбаи истеҳсолӣ-техникӣ, ҷонишини сардори идораи истеҳсолии роҳҳои автомобилгарди вилояти Хатлон, ҷонишини сардори трести «Хатлонроҳ», сардори колоннаи автомобилӣ, ҷонишини директори генералии иттиҳодияи истеҳсолии «Хатлонроҳ», сардори Раёсати истифодабарии роҳҳои ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе, раиси кооперативи истехсолии «Роҳсоз»-и шаҳри Душанбе ва муовини сардори Сарраёсати ободонии шаҳри Душанбе кор кардааст.
Солҳои 2009-2013 дар мансаби муовини якуми раиси ноҳияи Синои шаҳри Душанбе фаъолият намудааст.
Аз моҳи март то декабри соли 2013 ҳамчун муовини Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва аз декабри соли 2013 то ба имрӯз муовини якуми Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон кор кардааст.
Оиладор, соҳиби 5 фарзанд мебошад.