Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Барқияи тасаллият ба Абдуллоҳи II ибни Ҳусайн Подшоҳи Шоҳигарии Ҳошимии Урдун

05.02.2015 15:50, шаҳри Душанбе

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Абдуллоҳи II ибни Ҳусайн Подшоҳи Шоҳигарии Ҳошимии Урдун барқияи тасаллият ирсол намуд, ки дар он аз ҷумла гуфта мешавад:

«Аълоҳазрат,

Фоҷеаи қатли ҳавонавард Муоз ал-Касосиба аз ҷониби гурӯҳи ифротиву террористии “Давлати исломӣ” моро ба даҳшат андохт.

Бо изҳори тасаллият ба Шумо нисбати ин талафот таъкид бар он медорем, ки чунин амали нафратангези ғайриисломиву ғайриинсонӣ азму иродаи моро ҷиҳати таҳкими ҳамкории байналмилалӣ дар роҳи решакан намудани ин вабои палид, ки таҳдиде ба амнияту суботи минтақа ва тамоми ҷаҳон гаштааст, беш аз пеш афзун менамояд.

Таъзияву ҳамдардии самимонаи моро ба Шумо, пайвандони шаҳид ва мардуми бародари Урдун қабул фармоед».

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
Харита
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520