ФАРМОНИ
ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Дар бораи аз вазифаи раиси
ноҳияи Ғончии вилояти Суғд озод
намудани Исмоилзода З.М.
Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:
Исмоилзода Зуфар Муртазохон бо сабаби ба кори дигар гузаштанаш аз вазифаи раиси ноҳияи Ғончии вилояти Суғд озод карда шавад.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе
3 феврали соли 2015
№346