ФАРМОНИ
ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Дар бораи аз вазифаи раиси
шаҳри Панҷакенти вилояти Суғд озод
намудани Абдуназар Х.
Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:
Абдуназар Хисрав бо сабаби ба кори дигар гузаштанаш аз вазифаи раиси шаҳри Панҷакенти вилояти Суғд озод карда шавад.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе
3 феврали соли 2015
№342