Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Таъиноти кадрӣ

03.02.2015 10:57, шаҳри Душанбе

Имрӯз Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон як катор тағйироти кадрӣ анҷом дод.

Неъматулло Ҳикматуллозода вазири рушди иқтисод ва савдо ва Шералӣ Ганҷалзода вазири нақлиёт таъин шуданд.

Ҳамчунин Хайрулло Амонулло – иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Кӯлоби вилояти Хатлон, Наим Набизода - иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Истаравшани вилояти Суғд, Умар Ёқубзода - иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Шаҳристони вилояти Суғд, Рустамбой Ҷӯраев - иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Ғончии вилояти Суғд, Ислом Шафиев - иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Панҷакенти вилояти Суғд таъин гардиданд.

Ғайр аз ин, Пӯлод Сафарзода сардори идора-сармуҳосиби Ҳисобдории марказии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Абдумансур Саторов директори маҷмааи давлатии Кохи Борбади Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин карда шуданд.

Зимни суҳбат бо кадрҳои ба вазифаҳои нав таъиншуда Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон онҳоро ба кори пурсамар ва хизмати софдилонаю содиқона ба халқу ватан ҳидоят намуд. Аз ҷумла дар назди вазирони нави иқтисоду савдо ва нақлиёт доир ба андешидану амалӣ намудани чораҳои зиддибӯҳронӣ ва ба анҷом расондани раҳоии кишвар аз бунбасти коммуникатсионӣ вазифаҳои мушаххас гузошта шуд.

Ба роҳбарони нави шаҳру ноҳияҳои номбурда бештар доир ба ҷалби васеи мардум ба корҳои ободонию созандагӣ, дастгирии соҳибкорони истеҳсолӣ, афзун намудани истеҳсолоти ватанӣ, муҳайёсозии ҷойҳои нави корӣ, омодагӣ ба киштукори баҳорӣ ва пешгирӣ аз гароидани ҷавонону наврасон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротию иртиҷоӣ супоришҳо дода шуд.

Таъкид гардид, ки ҳар як роҳбар ва ҳар як ходими давлатию ҷамъиятӣ барои таъмини рушди босуботи кишвар ва ҳифзи оромию осоиши зиндагии мардум масъул аст.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520