Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Барқияи табрикӣ ба Президенти Ҷумҳурии Италия Серҷо Маттарелла

02.02.2015 17:09, шаҳри Душанбе

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Италия Серҷо Маттарелла барқияи табрикӣ фиристод, ки дар он аз ҷумла омадааст:

«Ҷаноби Олӣ,

Сарфарозам Шуморо ба муносибати Президенти Ҷумҳурии Италия интихоб шуданатон бо беҳтарин шодбошҳо ва самимонатарин таманниёт табрик гуфта, ба Шумо муваффақияту комёбӣ орзу намоям.

Ҷумҳурии Тоҷикистон барои густариши ҳамаҷонибаи ҳамкориҳои судманд бо кишварҳои Иттиҳоди Аврупо аз ҷумла бо Ҷумҳурии Италия ҳавасманд аст.

Мо ба ояндаи неки ҳамкориҳои созандаи байни кишварҳоямон итминони комил дорем ва омодаем, ки ҷиҳати рушду тавсеаи онҳо дар ҳамаи сатҳҳо пайгирона саъйю талош варзем. Умедворам, ки Шумо низ дар ин маснади олӣ кушишҳои худро ҷиҳати боз ҳам рушд ёфтани муносибатҳои судманди дуҷониба дареғ нахоҳед дошт».

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520