Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқот бо муовини вазири мудофиаи Федератсияи Русия Анатолий Антонов

28.01.2015 13:00, шаҳри Душанбе

Имрӯз Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон муовини вазири мудофиаи Федератсияи Русия Анатолий Антоновро ба ҳузур пазируфт.

Дар мулоқот масоили вобаста ба ҳамкории ҳарбӣ ва ҳарбӣ-техникии Тоҷикистону Русия, хусусан барои пурзӯр намудани ҳифзи марзи давлатӣ бо Афғонистон ва таҳкими омодагии зиддитеррористӣ баррасӣ шуд.

Таваҷҷуҳи асосӣ ба роҳҳои татбиқи амалии созишномаю тавофуқоти дуҷонибаи Тоҷикистону Русия дар ин самти ҳамкорӣ ва ҳам қарорҳои дар доираи Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ ва Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил қадулшуда зоҳир гардид.

Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон таъкид дошт, ки тавофуқоти дар сатҳи олии сиёсӣ ва миёни сохторҳои дахлдори ду кишвар ҳосилшуда бояд пурра ва саривақт иҷро шаванд, зеро ба амнияту суботи муътамад дар минтақаи мо Русия ва дигар кишварҳои пасошӯравӣ ҳам манфиатдоранд.
Гуфтугӯйи судманд доир ба авзои кунунӣ ва дурнамои эҳтимолӣ дар минтақа ва ҷаҳон, хусусан ба ояндаи Афғонистон пас аз хуруҷи нерӯҳои байналмилалии посдори сулҳ сурат гирифт.

Таъкид гардид, ки шарикии стратегии Тоҷикистону Русия барои ҳарду ҷониб ва кулли минтақа судовар аст ва аз ин хотир минбаъд боз ҳам таҳким ва густариш хоҳад ёфт.





 

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520