Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Иштирок дар ҳашари умумии ниҳолшинонӣ дар ҷамоати деҳоти Султонободи ноҳияи Рӯдакӣ

08.01.2015 15:30, ноҳияи Рӯдакӣ

Имрӯз Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ба ҷамоати деҳоти Султонободи ноҳияи Рӯдакӣ ташриф оварда, дар ҳашари умумии ниҳолшинонӣ бевосита иштирок намуд.

Ба хотири иштирок ва саҳмгузорӣ дар бунёди боғи нав, ки дар майдони беш аз 300 га заминҳои лалмии ҷамоати деҳоти Султонобод бунёд меёбад, дар ин ҷо беш аз 1000 нафар сокинони ноҳияи Рӯдакӣ ҷамъ омаданд.

Ташрифи Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ва иштироки бевоситаи ӯ дар ин ҳашари ниҳолшинонӣ, пеш аз ҳама, ба хотири вусъат додани мавсими нави ниҳолшинонӣ ва тарғибу ташвиқи мардум ба шуғли пурманфиати боғпарварӣ аст.

Чунонки иттилоъ доданд, тайи 10 соли охир нишондодҳои ду барномаи давлатии рушди боғутокпарварӣ дар кишвар барзиёд иҷро шуд ва ҳоло барномаи нави ин соҳа таҳия ва ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардидааст, ки тибқи он боз дар зиёда аз 30 ҳазор га боғу токзори нав бунёд хоҳад ёфт.

Ба иттилои мутахассисони соҳа сарфи назар аз лалмӣ будани ин заминҳо иқлиму хоки ин мавзеи зебо, ки дар баландии беш аз 1100 метр аз сатҳи баҳр қарор дорад, барои бунёду парвариши боғу токзор мувофиқ аст ва дар сурати риояи талаботи агротехникӣ аз ин ҷо ҳосили фаровони мева гирифтан мумкин аст.

Тибқи нақша дар ҳамин мавсими ниҳолшинонӣ дар ин ҷо 300 га боғу токзори нав бояд бунёд ёбад. Дар оянда имкон аст, ки дар зиёда аз 3000 га заминҳои ин мавзеъ боғу токзор бунёд карда шавад.

Роҳбарият ва аъзои хоҷагиҳои деҳқонии ин мавзеъ, ки то ин вақт дар ин заминҳо танҳо ғалла корида, фоидаи ночиз мегирифтанд, аз ин иқдоми наку басо шоду сипосгузоранд, зеро манфиати боғпарварӣ аз ғаллакории лалмӣ чандин маротиб зиёд аст.

Ҷойи таъкид аст, ки барои ҳавасмандсозии мардуми ин деҳот ба боғутокпарварӣ омодасозии заминҳо барои ниҳолшинонӣ бо сафарбар кардани даҳҳо техникаи кишоварзӣ ройгон аз ҳисоби давлат сурат мегирад ва ҳам ниҳолҳои хушсифати пайвандӣ ба ҳамин тартиб аз тамоми гӯшаю канори ҷумҳурӣ, аз ҷумла аз хоҷагиҳои ниҳолпарварии вилоятҳои Суғду Хатлон ва ноҳияҳои тобеи марказ дастрас карда мешавад.

Гузашта аз ин, барои дуруст ба роҳ мондани ниҳолшинонӣ ва ҳам нигоҳубини боғу токзор ба ин ҷо олимону мутахассисони соҳа аз Академияи илмҳои кишоварзӣ ва устодону донишҷӯёни Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншо Шотемуров сафарбар карда мешаванд.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар суҳбат бо мардум, аз ҷумла таъкид дошт, ки талабот ба меваю сабзавоти шаҳдбори Тоҷикистон дар дохил ва хориҷи кишвар сол ба сол бештар мегардад ва ҳар касе, ки боғу токзори хушсифат бунёд намуда, парвариши онро дуруст ба роҳ мемонад, суди зиёд ба даст меорад.

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520