Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Боздид аз Маҷмааи таълимию таҷрибавии кори иҷтимоӣ ва инноватсияҳо

29.12.2014 13:15, ноҳияи Варзоб

Имрӯз Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷмааи таълимию таҷрибавии кори иҷтимоӣ ва инноватсияҳои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, ки дар деҳаи Чорбоғи ноҳияи Варзоб қарор дорад, ташриф оварда, бинои нави иловагии онро ифтитоҳ намуд ва ба бошандагони он, ки асосан кӯдакону наврасони маъюбанд, туҳфаҳои солинавӣ тақдим кард.

Чунонки иттилоъ доданд, ин бино бо супориши Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар зарфи чанд соли охир бо харҷи 6,2 миллион сомонӣ маблағҳои буҷетӣ бунёд ёфта, бо таҷҳизоти замонавии табобату тавонбахшии кӯдакони маъюб муҷаҳҳаз карда шудааст.

Бинои нави маҷмаа ба маркази таълимию таҷрибавии кори иҷтимоӣ ва инноватсияҳо тааллуқ дорад, ки дорои навтарин таҷҳизот ва беҳтарин шароити таълим, тарбия ва ба кори мустақилона раҳнамун сохтани кӯдакони маъюб мебошад.

Маҷмаа ҳамчунин дорои маркази тавонбахшӣ аст. Ҳарду марказ барои қабул ва хизматрасонӣ ба 240 нафар кӯдакони маъюб дар як вақт пешбинӣ шудаанд.

Дар ин ҷо толору утоқҳои зиёди таълиму мустақилсозии маъюбон, аз ҷумла утоқҳои логопедӣ, сенсорӣ, обдармонию омӯзиши шиноварӣ, расмкашӣ, дармонбахшӣ бо мусиқӣ ва ғайра мавҷуд аст, ки бо завқи баланд ва риояи нозукиҳои касбӣ таҷҳиз шудаанд.

Дар як утоқ компютерҳои дорои барномаҳои махсуси таълиму тавонбахшӣ ба маъюбон гузошта шудаанд.

Якчанд утоқ барои омӯзиши рӯзгордории миллии тоҷикӣ ва аврупоӣ ва ҳам ҳунарҳои зебо пешбинӣ шудааст.

Ҳамаи ин дар асоси супориш ва ташаббуси бевоситаи Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон, ки ба табақаҳои ниёзманди аҳолӣ пайваста таваҷҷуҳи хос зоҳир мекунад, муҳайё шудааст.

Дар толори калони ин муассиса, ки хеле зебову муҷаҳҳаз аст, ба ҳамаи бошандагони он аз ҷониби Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон туҳфаҳои солинавӣ, аз ҷумла сарулибоси зимистона ва бозичаю шириниҳо супурда шуд.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон зимни суҳбат бо роҳбарияту кормандони ин муассисаи иҷтимоӣ, аз ҷумла таъкид дошт, ки ба ин кӯдакони маъюбу ниёзманд бо меҳрубонии падарумодарона муносибат кунанд, зеро ин кори басо хайру савоб аст.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520