Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқот бо Дабири кулли Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ Николай Бордюжа

15.12.2014 14:32, шаҳри Душанбе

Имрӯз Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон Дабири кулли Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ Николай Бордюжаро ба ҳузур пазируфт.

Дар мулоқот масоили вобаста ба омодагӣ ба иҷлосияи навбатии Шӯрои амнияти дастаҷамъӣ, ки ба наздикӣ дар шаҳри Маскави Федератсияи Русия баргузор мегардад, баррасӣ шуд.

Чунонки зикр гардид, дар ин ҳамоиш масоили ҳамкории ҳарбӣ, ҳарбию техникӣ, ҳарбию иқтисодӣ, таҳкими амнияти минтақавӣ, аз ҷумла амнияти иттилоотӣ, баррасӣ мешаванд. Яке аз мавзӯъҳои асосӣ барои Тоҷикистон ва ҳамаи кишварҳои манфиатдор иҷрои қарор дар бораи расондани кумаки фаврӣ ба Тоҷикистон барои пурзӯр намудани ҳифзи сарҳади давлатӣ бо Афғонистон мебошад.

Хотиррасон бояд намуд, ки дар ин ҳамоиш раисӣ дар Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ ба Тоҷикистон мегузарад.

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520