Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

28.11.2014 12:48, шаҳри Душанбе

Таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳукумати кишвар Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси навбатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Дар маҷлиси навбатӣ нахуст масъалаи кадрҳо баррасӣ шуд. Шермаҳмад Ҷонмаҳмадов, ки то ин вақт муовини ректори Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмат буд, ректори Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи Моёншо Назаршоев таъин карда шуд. Иброҳим Қурбонов роҳбари Маркази идораи лоиҳаи Обёрии заминҳои водии Данғара таъин гардид. Абдуваҳоб Рафиев директори Корхонаи воҳиди давлатии Пажӯҳишгоҳи лоиҳакашии Нурофар ва Раҳимҷон Саидов муовини директори Корхонаи воҳиди давлатии Тоҷикаэронавигатсия таъин карда шуданд.

Сипас ҳисоботи директори Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба миқдор, сабабҳо ва ҳолати истифодабарии заминҳои обие, ки бо об таъмин намебошанд ва роҳҳои ҳалли мушкилоти мазкур шунида шуд. Тибқи ҳисобот тавассути амалӣ намудани барномаҳои гуногуни давлатӣ ва лоиҳаҳои инвеститсионӣ дар ин соҳа 1151 га заминҳои нав шодоб, 1815 га заминҳои партов ба гардиши кишоварзӣ баргардонда ва ҳолати меллиоративии қариб 50 ҳазор га заминҳои корами обӣ беҳтар карда шудааст. Солҳои наздик тибқи нақшаҳои амалкунанда зиёда аз 4 ҳазор га заминҳои нави дигар шодоб карда мешаванд.

Бо вуҷуди ин, дар натиҷаи фарсудаю корношоям гардидани пойгоҳҳои кӯҳнаи обкашӣ ва шабакаҳои обрасонӣ дар ҷумҳурӣ ба ҳолати 1-уми январи соли 2014 зиёда аз 26700 га замини корами обӣ аз истифодаи кишоварзӣ берун мондааст. Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо назардошти арзиши гарони таҷҳизоти пойгоҳҳои барқии обкашӣ ва меллиоративӣ ва ҳам соҳилмустаҳкамкунӣ таъкид дошт, ки дар баробари маблағгузориҳои давлатӣ барои ҷалби ҳарчи бештари сармояи дохилию хориҷӣ лоиҳаҳои инвеститсионӣ таҳия ва пешниҳод карда шаванд.

Раиси ноҳияи Носири Хусрави вилояти Хатлон оид ба рафти иҷрои Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ” ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот” ҳисобот дод. Тавре зикр гардид, ҳоло дар ноҳияи Носири Хусрави вилояти Хатлон 33 600 нафар аҳолӣ кору зиндагӣ мекунанд. Бо вуҷуди ин, беш аз 14 ҳазор га замини корами обӣ дар ин ноҳия аз истифодаи кишоварзӣ берун мондааст.

Аз ин хотир, Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дастур дод, ки барои дубора ба гардиши кишоварзӣ ворид кардани ин заминҳо, афзун намудани иқтидори истеҳсолӣ ва содиротӣ ва ҳам шумораи ҷойҳои корӣ аз тамоми имкону захираҳо истифода бурда шавад. Ҳамчунин супориш дода шуд, ки муассисаҳои соҳаҳои маориф ва тандурустӣ бо муаллимону табибон ва дигар мутахассисон пурра таъмин карда шаванд. Барномаи ташкил ва барқарорсозии яхдону сардхонаҳо барои нигоҳдории маҳсулоти кишоварзӣ барои солҳои 2015-2019, Барномаи рушди қолинбофӣ барои солҳои 2014-2020, Барномаи рушди туризм барои солҳои 2015-2017 ва Барномаи ташкили меҳнат ва рушди истеҳсолоти саноатӣ дар муассисаҳои ислоҳӣ барои солҳои 2015-2020 тасдиқ карда шуд.

Лоиҳаҳои қонунҳо дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба кодексҳои андоз, гумрук, ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ, мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ, Кодекси ҷиноятӣ ва ҳам ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ” маъқул дониста шуда, ба баррасии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шуд. Дар фароварди маҷлис Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба ноадолатиҳо, ки дар тақсимоти нерӯи барқ ба аҳолӣ ба назар мерасад, таваҷҷуҳи хос зоҳир намуда, таъкид дошт, ки низоми муайяншудаи тақсимот пурра ва бесаҳлангорӣ риоя карда шавад.
Супоришҳои мушаххас ҳамчунин доир ба омодагӣ ба ҷамъбасти натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии соли 2014, зимистонгузаронии бонизом ва дастгирии оилаҳои ниёзманд дар арафаи соли нави мелодӣ дода шуд.

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
Харита
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520