Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Суханронӣ дар форуми доираҳои соҳибкорӣ ва сармоягузорони Тоҷикистону Чехия

26.11.2014 16:00

Ҷаноби Олӣ
Президенти Ҷумҳурии Чехия муҳтарам Милош Земан,
Иштирокдорон ва меҳмонони азизи форум,
Хонумон ва ҷанобони гиромиқадр,

Қабл аз ҳама, мехостам ҳамаи шуморо хайра мақдам гуфта, ба фаъолияти ҳамоиши имрӯза муваффақият орзу намоям.

Умед дорам, ки гуфтугӯи мо дар чаҳорчӯбаи ин нишасти соҳибкорӣ ба таҳкиму рушди муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамкорӣ байни мамлакатҳо ва мардумони мо мусоидат хоҳад кард. Лозим ба зикр аст, ки бо соҳибистиқлол гаштани Тоҷикистон дар равобити миёни ду кишвар марҳалаи нави таърихӣ оғоз ёфт.

Бидуни шак, дар муносибатҳои муосири байнидавлатии Тоҷикистону Чехия сафари кунунии Президенти Чехия ба Тоҷикистон падидаи муҳимтарин маҳсуб меёбад ва яқинан ба ҳамкориҳои гуногунҷанбаи мо такони наву назаррас хоҳад бахшид. Дар ҷараёни ин боздид мо музокироти муфассалу муфид доштем, ки дар чаҳорчӯбаи он масъалаҳои калидии ҳамкории дуҷониба дар арсаҳои сиёсӣ, тиҷоративу иқтисодӣ ва гуманитариву фарҳангӣ мавриди муҳокима қарор гирифтанд.

Ва, албатта, мо оид ба масъалаҳои мубрами байналмилалӣ ва минтақавии мавриди таваҷҷуҳи ҷонибайн мубодилаи афкор намуда, ба мавзӯоти ҳамкориҳои мо дар созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ низ дахл кардем. Муносибатҳои шарикии мутақобилан судманд бо Чехия барои мо афзалияти баръало аст ва ҷониби Тоҷикистон баҳри таҳким, такмил ва густариши бемайлони онҳо ҳадалимкон саъю талош хоҳад кард.

Маҷмӯи муносибатҳои Тоҷикистону Чехия, ки тайи бист соли охир ташаккул ёфтааст, ин як организми зиндаест, ки бояд мутобиқи шароити мунтазам тағйирёбанда пайваста рушду такомул ёбад. Ин амр такмили минбаъдаи асоси дуҷонибаи қарордодиву ҳуқуқӣ, суръатафзоии раванди мувофиқасозии лоиҳаи созишномаҳои баррасишаванда ва фаъолгардонии ҳамкории иқтисодиро дар самтҳои мутақобилан судманд омирона тақозо менамояд.

Имрӯз мо дар ин ҷо ба хотири он гирдиҳам омадаем, ки табодули иттилоот, ақида ва таҷрибаи мусбат намоем ва пешниҳодҳои ҷолибро роҷеъ ба самтҳои ояндадори ҳамкориҳои судманди кишварҳоямонро мавриди баҳсу гуфтугӯ қарор диҳем.

Итминон дорам, ки табодули афкору андешаи мо оид ба шаклу самтҳои шарикии минбаъда ба тавсеаи равобити дуҷониба дар ҳамаи арсаҳои манфиатҳои муштарак, аз ҷумла дар соҳаи тиҷоративу иқтисодӣ, ба таври муассир мусоидат хоҳад кард. Шодем, ки имрӯз миёни Тоҷикистону Чехия муносибатҳои гуногунҷанбаи ҳамкориҳо роҳандозӣ шуда, унсури иқтисодии онҳо бартарӣ пайдо намудааст.

Мулоқоту гуфтугӯи имрӯзаи мо бо Ҷаноби Олӣ, Президенти Чехия Милош Земан бори дигар аз он гувоҳӣ доданд, ки ҷонибҳо ба пешрафти воқеии ҳамкориҳои гуногунсоҳаи тиҷоративу иқтисодӣ дар сатҳи баландтар манфиатдору ҳавасманд мебошанд. Яке аз кафолатҳои муҳимтарини ҳамкории дарозмуҳлати иқтисодӣ эҷоди фазои эътимод аст.

Дар иртибот ба ин мехостам изҳори боварӣ намоям, ки чорабинии имрӯза - бо иштироки ҷаноби Президент - дар мавриди таҳкими ҳамкории мо нақши муҳим бозида, ҷиҳати густариши минбаъдаи он аз рӯи самтҳои ояндадор заминаи хуб мегузорад. Дӯстони муҳтарам, Тоҷикистон узви комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ буда, робитаҳои сиёсӣ ва иқтисодиашро дар арсаи байналмилалӣ бар асоси меъёрҳои ҳамкории баробарҳуқуқ ва мутақобилан судманд амалӣ месозад.

Аз ин рӯ, дар солҳои охир мо тадбирҳои ҷиддиеро оид ба мутобиқсозии санадҳои меъёриву ҳуқуқиамон ба талаботи меъёрҳои байналмилалӣ андешидем, ки ҳадаф аз он мусоидат ба рушди бахши хусусӣ, соҳибкорӣ ва ҳамгироии кишвар ба хоҷагии ҷаҳонӣ мебошад. Тоҷикистон дар оғози асри нав сиёсати сармоягузории «дарҳои боз»-ро эълом дошта, онро пайгирона татбиқ менамояд. Дар кишвар ислоҳоти ҷиддӣ ба хотири рушди мутавозин, босубот ва боэътимоди муҳити сармоягузорию соҳибкорӣ амалӣ мегардад.

Василаҳои пуштибонии давлатӣ ба мақсади эҷоди шароити мусоид барои сармоягузориҳо ва афзоиши ҳаҷми содирот ба вуҷуд оварда шудаанд. Дар гузаштаи начандон дур Тоҷикистон узви комилҳуқуқи Созмони умумиҷаҳонии савдо гашта, ба Канвенсияҳои Созмони Милали Муттаҳид дар бораи эътироф ва иҷро намудани қарорҳои хориҷии арбитражӣ пайваст ва Конвенсияи Гаагаро (Конвенсияҳо тибқи Апостили соли 1961) оид ба беэътибор намудани қонунигардонии асноди расмӣ ба тасвиб расонд.

Итминон дорам, ки шомилшавии мо ба равандҳои умумиҷаҳонӣ омили ҳамгироии зичтару амиқтари Тоҷикистон ба низоми байналмилалии тиҷоративу иқтисодӣ гашта, ба рушди тиҷорати байналхалқӣ, ҷалби сармоя, рақобатпазирии молҳои ватанӣ дар базорҳои ҷаҳонӣ, беҳшавии шароити густариши соҳибкорӣ ва бахши хусусӣ дар кишвари мо мусоидат хоҳад кард. То имрӯз Ҷумҳурии Тоҷикистон бо биступанҷ давлати ҷаҳон дар бораи канорагирӣ аз андозбандии дукарата созишнома дорад. Бо ҳаждаҳ кишвари олам оид ба ташвиқу ҳимояи сармояҳо созишномаҳои марбута бастаем. Бо итминон метавон гуфт, ки Тоҷикистон имрӯз барои сармоягузориҳо кишвари ҷолибу муносиб аст.

Ман гуфта метавонам, ки тибқи тавофуқоти ба даст омада дар бахши сармоягузориҳо ҳоло дар Тоҷикистон тарҳу лоиҳаҳое ба маблағи ҳафту ним миллиард доллари амрикоӣ амалӣ шуда истодаанд. Гувоҳи ин амр боз дар он аст, ки қонунгузории мамлакат зиёда аз чил намуд кафолату имтиёзҳоро дар иртибот ба андозбандӣ ва фаъолияти гумрукӣ муқаррар намудааст.

Ин имтиёзҳову сабукиҳо дар чунин соҳаҳо, ба монанди энергетика, кишоварзӣ, саноат ва бахшҳои дигари афзалиятноки иқтисод эътибор доранд. Иштирокдорони гиромии форум, Ҳукумати Тоҷикистон дар марҳалаи муосир ва дурнамои наздик ба таъмини рушди бартариноки он арсаҳои иқтисод мутаваҷҷеҳу мутамарказ аст, ки метавонанд омили рушди як силсила соҳаҳои бо онҳо иртиботдошта, беҳшавии некуаҳволии мардум гарданд.

Самти муҳимтарини рушд гаштани истифодаи маҷмӯӣ ва самараноки захираҳои об ва энергетикии кишвар амри ногузир аст. Нерӯи умумии солонаи барқи обии Тоҷикистон баробари панҷсаду бисту ҳафт миллиард киловатт – соат мебошад, вале он то имрӯз ба андозаи на зиёда аз панҷ фисад истифода шудаасту халос. Ин ҳолат боиси таассуфи бузург аст, зеро рушду нумӯъи иқтисодӣ ва беҳ гаштани сатҳу сифати зиндагии аҳолии кишварро ба таври муассир бозмедорад.

Зиёда аз ин, гидроэнергетика яке аз омилҳои муҳимтарини таъмини минбаъдаи амнияти энергетикӣ ва рушди иҷтимоию иқтисодии минтақа мебошад. Мо барномаи фарохи рушди гидроэнергетикаро таҳия ва қабул намудем, ки он ҷалби сармояҳои хориҷӣ ҷиҳати бунёди иншооти мухталифи энергетикӣ, аз ҷумла неругоҳҳои барқи обӣ, кашидани хаттҳои дохилӣ ва байналмилалии барқиро дар назар дорад. Дар ҷараёни татбиқи амалии ин барнома мо аллакай ба натиҷаҳои муайян муваффақ шудем.

Бо иштироки сармоягузорони хориҷӣ дар дарёи Вахш ду неругоҳи барқи обии миёнаиқтидор бунёд ёфтанд, шабакаҳои интиқоли барқи «Шимол - Ҷануб», «Лолазор - Хатлон», «Хуҷанд - Айнӣ», ба истифода дода шуданд, хатти интиқоли барқи «Тоҷикистон – Афғонистон» фаъол гашт, як қатор неругоҳҳои барқи обии амалкунанда – «Помир», «Сарбанд», «Бойғозӣ», «Норак» - пурра ё қисман навсозӣ шуданд, ва ё дар марҳалаи таҷдид қарор доранд.

Дар ин муддат иншоотҳои ҷадиди энергетикӣ, ки иқтидори умумиашон ҳазор мегаватт аст, бунёд гашта ба истифода дода шуданд. Дар ояндаи начандон дур Тоҷикистон метавонад ба истеҳсолкунандаву содиркунандаи бузурги неруи барқ табдил ёбад. Алҳол аз ҷониби Бонки Ҷаҳонӣ ва кишварҳои минтақа раванди лоиҳасозии шабакаи интиқоли барқи байнидавлатии «КАСА - 1000» ҷараён дорад, ки содироти неруи барқро аз Осиёи Марказӣ ба Осиёи Ҷанубӣ имконпазир мегардонад.

Бунёди чунин хаттҳову шабакаҳо метавонад ба раванди ҷалби сармояҳо ба сохтмони неругоҳҳои барқи обии хурд, миёна ва бузургиқтидор дар кишвари мо ва инчунин ба рушди иқтисодии мамлакат таъсири мусбат гузорад. Сарзамини Тоҷикистон бо захираҳои дигари табиӣ низ бой аст. Дар кишвари мо зиёда аз шастсад конҳои маъдан ва ғайримаъдани канданиҳои фоиданок ошкор, кашф ва барои истихроҷ омода мебошанд. Такмили қонунгузории бахши истифодаи захираҳои зеризаминӣ имкони онро фароҳам сохт, ки оид ба таҳқиқ ва коркарди канданиҳои зеризаминӣ тендерҳои байналмилалӣ доир созем.

Ҳамзамон мо нисбат ба масъалаи такмили сохтории иқтисодиёт, бунёди корхонаҳои нави истеҳсолӣ, ба шароити муосири фаъолият мутобиқ сохтани иншооти мавҷудаи саноатӣ аз тариқи ҷалби сармояҳои хориҷӣ ва ҷорӣ намудани технологияҳои нав таваҷҷуҳи хосса зоҳир менамоем. Дигар самти ҳамкорие, ки мехостам диққати ҳозиринро ба он ҷалб созам, ин лоиҳаҳои хурд, миёна ва бузурги инфрасохторӣ ва нақлиётиву иртиботӣ мебошанд. Ҳамаи онҳо, мисли барномаҳои гидроэнергетикии мо, аҳамияти минтақавӣ ва байналмилалӣ дошта, аз лиҳози сармоягузорӣ хеле судовар мебошанд.

Хонумон ва ҷанобони иззатманд,

Шароити мусоиди табииву иқлимии кишвари мо имкон медиҳад, ки дар соҳаи кишоварзӣ бахшҳои гуногун рушд дода шаванд. Вақтҳои охир дар кишвар дар асоси барномаҳои махсуси давлатӣ комплекси агросаноатӣ аз ҷумла сабзавоткорӣ ва боғдорӣ рушд ёфта, содироти меваҳои тару тоза ва хушк ба кишварҳои дигар рӯ ба афзоиш аст. Вале, мутаассифона, қисми муайяни маҳсулоти кишоварзӣ – бар иллати мавҷуд набудани шароити муносиби нигаҳдорию коркард – пеш аз муҳлат талаф ёфта, то муштариён намерасад.

Бо назардошти ин, мо бунёди корхонаҳои муштаракро оид ба коркарду нигаҳдории маҳсулоти кишоварзӣ ба хотири афзоиши иқтидорҳои содиротии кишвар аз ҳисоби маводи аз лиҳози экологӣ пок идома дода истодаем. Парвариши пахта низ бахши муҳими хоҷагии қишлоқи Тоҷикистон ҳамоно боқӣ мемонад ва ҳамкории мо бо Чехия метавонист фарогири саноати нассоҷию коркард бошад. Дар кишвари мо маҳсулоти саноати сабуки истеҳсоли Чехия хеле бозоргиру маъруф аст.

Тавре маълум аст, туризм чун яке аз соҳаҳои сердаромади иқтисод, бо сабаби суръати баланди рушдаш дар миқёси ҷаҳон, ба ҳайси падидаи иқтисодии аср эътироф шудааст. Ҷумҳурии Тоҷикистон низ, ки соҳиби мероси ғании таърихию фарҳангӣ ва табиати нотакрору беназир мебошад, метавонад ба макони мусоиди рушди туризм табдил ёбад. Бо назардошти ин, соҳаи туризмро мо самти авлавиятноки иқтисоди миллии худ ва робитаҳои иқтисодии берунӣ эълон кардаем.

Ҳамин тариқ, ҳамкориҳои Тоҷикистону Чехия барои рушду тавсеа имкониятҳои бузургу фарох доранд. Ва мо омодаем, ки барои тақвияти ин тамоил шароити мусоид эҷод сохта, дар ин замина ниятҳои неку созандаи ширкатҳо ва соҳибкорони Чехияро ҳамаҷониба пуштибонӣ намоем. Ба натиҷаҳои босамари мулоқоти имрӯза изҳори умед намуда, ба ҳамаи ҳозирин комгорӣ ва ғайрати дучанд орзу дорам. Бигузор ҳамкории мо судовартар шуда, уфуқҳои он фарох гарданд!

Дар ин толор бисёр аъзои Ҳукумати Тоҷикистон, ки барои арсаҳои мухталифи ҳамкории мо масъуланд, ҳузур доранд. Фикр мекунам, онҳо комилан омодаанд ба ҳамаи саволҳои шумо посух диҳанд ва дар маслиҳату машварат бо шумо роҳҳову восилаҳои мушаххаси фаъолгардонии нерую имконоти ҳамкории моро муайян созанд.

Қабл аз ин бошад, ҳамаи мо муштоқи онем, ки меҳмону дӯсти азизи мо – Президент Земан – дар ин ҷо изҳори назару андеша намоянд. Марҳамат, Ҷаноби Олӣ, риштаи сухан ба Шумо. Шояд на ҳама воқиф бошанд, ки меҳмони олиқадри мо ҳамкориҳоеро, ки мо дар бораашон имрӯз ҳарф мезанем бо Тоҷикистон, ҳанӯз 30 сол муқаддам оғоз намуда буд.

Холо ҳам теъдоди зиёди мардуме ҳаст, ки Милош Земан ва навгониҳои ӯро дар комплекси агросаноатӣ дар ёд доранд, ки он вақт дар дигар гушаю канорҳои Иттиҳоди Шӯравии онвақта назир надоштанд ва намунаи навтарин технологияҳои ҳамон замон вуҷуддошта буданд.

Ман фикр мекунам, ки фаъолияти ондавраи ҷаноби Президент ҳоло ҳам намунаи ҳамкориҳои пурсамар шуда метавонанд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520